KGU

СОАТИ ТАРБИЯВИИ НАМУНАВӢ

СОАТИ ТАРБИЯВИИ НАМУНАВӢ 16.11.2018

СОАТИ ТАРБИЯВИИ НАМУНАВӢ

Санаи 15-уми ноябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ факултаи филологияи тоҷик ва журналистика бо ташаббуси сарпарасти гурӯҳи таълимии 302-юм ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими он Оламбӣ Носирова бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Иҷлосисияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва истифода супоридани агрегати аввали иншооти бузурги аср НБО “Роғун”  соати тарбиявии намунавӣ ташкил ва гузаронида шуд. Намояндагон аз садорати факулта инчунин раёсати тарбияи донишгоҳ иштирок доштанд. Сараввал роҳбари гурӯҳ қайд намуданд, ки ҳамчун омӯзгори ҷавони даврони истиқлол дар зери сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, гуфтаҳои хирадмандонаю падаронаашонро сармашқи кори худ қарор медиҳем ва шогирдонамонро пеш аз ҳама дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия менамоем.
Инчунин дар рафти суханони худ сарпарасти гурӯҳи таълимии 302 қайд намуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон пуштибону ҳидоятгари ҷавонони Тоҷикистони ҷаҳон аст. Агар Исмоили Сомонӣ 1000-сол қабл аз ин “Девори Бухоро” буд, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон “Девори давлати тоҷикон” аст.
Вобаста ба Иҷлосисияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифода супоридани агрегати аввали иншооти бузурги аср НБО “Роғун”  наворҳои видиои намоиш дода шуда аз тарафи донишҷӯён бо як ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ порчаҳои назми қироат карда шуд. Дар қисмати ҷамъбастии соати тарбиявии намунавӣ аз тарафи намояндагони раёсати тарбияи донишгоҳ ба сарпарасти гурӯҳи таълимӣ ва кулли донишҷӯёне, ки иштирок намуданд, миннатдори баён карда шуда бо ин тарз гузаронидани соати тарбиявии намунавиро воқеан барои дигар гурӯҳҳои таълимӣ намунаи ибрат ҳисоб карданд.


Back to the list