Рӯзи 28-уми ноябр соати 1400 дар толори фарҳангии ошиёнаи якуми бинои маъмурии донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмии “Ҷамъияти илмии донишҷӯён” дар мавзӯи “Нақши китоб дар ташаккули шахсият” баргузор гардид. Тибқи барномаи кории конфронс бояд ашхоси зерин маърузаҳо пешниҳод менамуданд:
Мазарипова Меҳрангез - донишҷӯи соли 2-юми факултаи химия, биология ва география дар мавзӯи “Нақши китоб дар ташаккулёбии шахсият”;
Латифов Манучеҳр - донишҷӯи соли 2-юми факултаи физика ва математика дар мавзӯи “Тоҷикон нахустин китобдорон дар ҷаҳон”;
Иззатов Муҳаббат - мудири китобхонаи донишгоҳ оид ба “Китобҳои донишгоҳ ва шумораи китобдӯстдорон”
Сараввал сухани ифтитоҳи ба ректори донишгоҳ доктори илмҳои физика ва математика, прфессор, узви вобастаи АИ ҶТ дода шуда, барои ташкилкунандагони ин ҷамъият хусусан мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа, ховаршинос Зафар Мирзоён миннатдори байн намуданд. Сипас аз тарафи маърузачиён мавзӯҳои матраҳшуда мавриди пешкаш гардида тибқи регламен ҳар як маърӯзачӣ то 10 дақиқа баромад намуданд.
Дар қисмати мубоҳисавии конфронс аз тарафи донишҷӯён дар доираи мавзӯҳои пешбини гардида саволҳои пешниҳод гардида боиси баҳсу мунозираҳои зиёде гардид.