KGU

МАҲФИЛИ "НАВОВАР" дар Маркази истеъдодҳои ҷавон

МАҲФИЛИ "НАВОВАР" дар Маркази истеъдодҳои ҷавон 30.11.2018

МАҲФИЛИ "НАВОВАР" дар Маркази истеъдодҳои ҷавон

Дар таърихи рӯзи 30.12.2018,  аз соати 1100 то соати 1250 Маркази истеъдодҳои ҷавон маҳфили худро таҳти унвони «Навоварон», дар бинои асосӣ, утоқи №207 баргузор гардонид. Дар маҳфили навбатӣ баромадкунандаҳо  аз факултети Омӯзгорӣ: Сафаров Исфандиёр-донишҷӯи курси 1-ум, Қосимов Пулод-донишҷӯи курси 4-ум, дар мавзӯи «Намудҳои мизоҷ ва психологияи инсон»  баромад намуданд. Баромади онҳо аз тарафи иштирокчиён хеле хуб қабул гардид ва саволу ҷавоб зиёд буд. Иштирокчиёни маҳфил наздики 70 нафарро дар бар мегирифт. Дар давоми маҳфил кушодашавии озмуни «Бикуш то доно шавӣ» баргузор гардид. Дар кушодашавии озмуни «Бикуш то доно шавӣ» ноиби аввали ректор оид ба таълим, номзади илмҳои кимиё, дотсент, Холиқов С.С. баромад намуд. Баъди вай Сардори МИҶ Сайфудинов Фирӯз рафти баргузорӣ ва низомномаи озмунро пурра ба иштирокчиён фаҳмонид. Баъдан  қурракашӣ оғоз ёфт. Мақсад аз он буд, ки гурӯҳҳо рақибони худро бо таърихи рӯзи бозиашон муайян намоянд. Бояд қайд намуд, ки гурӯҳи ғолибро ҳатман туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ интизор аст.

Руйхати гурӯҳҳо бо рақибонашон ва рӯзи гузаронидани озмуни «Бикуш то доно шавӣ» барои даври якум байни факултетҳои Донишгоҳ:

Номи гурӯҳи 1

(факултет)

Рақиби гурӯҳи 1

(факултет)

Таърихи рӯз

Макони баргузорӣ

1

Филологияи рус

Филологияи тоҷик

05.12.2018

Бинои

асосӣ,

утоқи

№207

2

ТҲ ва МБ

Молиявӣ-иқтисодӣ

07.12.2018

3

Филологияи хориҷӣ

Физика ва математика

12.12.2018

4

ТҶ ва ОДҲ

Омӯзгорӣ

14.12.2018

5

Химия ва биология   

Бо гурӯҳи бойдодаи холаш баландтар

19.12.2018


Back to the list