Даври аввали «Озмуни бикуш то доно шавӣ» ҳоло идома дорад. Санаи 12.12.2018 дастаи факултети филологияи хориҷӣ таҳти унвони «Сарватдорон» ва дастаи факултети физика ва математика таҳти унвони «N-1» гузаронида шуд. Дар ҷамбасти озмуни мазкур дастаи «Сарвтадорон» 35-хол ва дастаи «N-1» бошад, 37,5-холро насиб гардиданд. Бо ҳамин дастаи факултети «Физика ва математика» ба даври дуюми озмун роҳ ёфт.
Санаи 14.12.2018 дастаи факултети омӯзгорӣ таҳти унвони «Равоншиносон» ва дастаи факултети ОДҲ ва тарбияи ҷисмонӣ «Инноватсия» гузаронида шуд. Дар ҷамбасти озмуни мазкур дастаи «Равоншиносон» 37,5-хол ва дастаи «Инноватсия» бошад, 22,5-холро насиб гардиданд. Бо ҳамин дастаи факултети факултети «Омӯзгорӣ» ба даври дуюми озмун роҳ ёфт.