KGU

Суханронӣ ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

Суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

Президент.pngМуҳтарам ҷаноби Раис!

Муҳтарам Дабири кулл!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз мехоҳам ба Раиси иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Мирослав Лейчак барои даъват ва ташкили чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” изҳори сипос намоям.

Чорабинии имрӯза ба санаи биступанҷуми баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об, ки ҳар сол дар минтақаву кишварҳои мухталиф таҷлил мегардад, баробар омад.

Ин рӯйдод аҳаммияти чорабинии моро бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал дучанд мегардонад.

 Итминони комил дорам, ки ин ҳамоиш ба фаъолияти пурвусъати Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об саҳифаи наверо зам хоҳад кард.

Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳаммияти махсус надиҳад.

Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд.

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад.

Муҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!

Имрӯз мо ба сӯйи татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ, ки ҳадафи он ҳамкорӣ ба хотири дастёбӣ ба идоракунии устувор ва истифодаи оқилонаи захираҳои об аст, роҳ пеш мегирем.

Нуктаи умедбахш ин аст, ки мо ин роҳро на аз сифр, балки  бо таҷрибаи бойи ташаббусҳои гузаштаи ҷаҳонии вобаста ба захираҳои об тайи понздаҳ соли гузашта оғоз мекунем.

Махсусан мо тавонистем, ки тавассути талошҳои муштарак дар чаҳорчӯби ташаббусҳое, чун «Соли байналмилалии оби тоза, 2003»,  Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», корҳои зиёдеро ба сомон расонем.

Дар ҷараёни татбиқи ин ташаббусҳо мо таҷрибаи арзишманде андӯхтем, ки дар анҷом додани вазифаҳои нави сермасъул дар бахши захираҳои об ба мо кумак хоҳад кард.    

Ҳамаи ин ташаббусҳо дар тавсеаи маърифати мо доир ба табиат ва нақши ҳаётбахши об дар сайёра саҳми арзишманд гузоштанд.

Дар баробари ин, ташаббусҳои ҷаҳонӣ ба ҷалби ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар идоракунии захираҳои об, татбиқи лоиҳаҳое, ки ба беҳтар кардани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокиву беҳдошт ва ҷорӣ кардани технологияҳои наву замонавӣ нигаронида шудаанд, мусоидат намуданд. Мехостам нақши ташаббусҳои ҷаҳонии моро дар татбиқи ҳадафҳои байналмилалии ҳамоҳангшуда, аз ҷумла Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, махсус зикр намоям.

Тайи ин солҳо мо кӯшишҳои якҷояи худро ба густариши ҳамкорӣ ва ҳамшарикӣ, ба вуҷуд овардани механизмҳои ҳамкорӣ ва муколама барои дарёфти ҳалли оқилона ва мутақобилан судманд дар идора ва нигаҳдории захираҳои маҳдуди оби тозаи ошомидании сайёра равона сохтем.

Ҳамаи ин талошҳо барои таҳияи барномаи нави рушди устувор, ки дар он захираҳои об мавқеи меҳвариро ишғол менамоянд, асоси мустаҳкаме гузоштанд.

Хусусияти барномаи нави рушди устувор ин аст, ки захираҳои об дар он ҳамчун унсури асосии рушд эътироф гардидаанд.

Гуфтан мумкин аст, ки ноил шудан ба рушди устувор бе татбиқи мудирият ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ғайриимкон мебошад.

Дар пешбурди ин ҳадаф кишварҳои аъзои Гурӯҳи дӯстони об нақши муҳим бозида, аксари онҳо дар пешрафти барномаи ҷаҳонии об саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Бо истифода аз фурсат мехостам ба намояндагони ҳамаи кишварҳои аъзои гурӯҳи зикршуда барои талошҳои доимиашон изҳори сипос намоям.

Инчунин бо қаноатмандӣ ба ҳамаи кишварҳои ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти рақами 71/222, ки солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон кард, ташаккур мегӯям.

Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" иҷрои вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар ин соҳа мебошад.

Гузашта аз ин, Даҳсолаи нав ба гузариш ба марҳалаи асосии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат хоҳад кард.

Мо умедворем, ки Даҳсола ва механизми иҷрову назорати он барои ҳамоҳангсозӣ ва баланд бардоштани самаранокии чораҳои андешидашуда ва қадамҳо дар роҳи расидан ба идоракунии якҷояи захираҳои об заминаи муносибе ба вуҷуд хоҳад овард.

Дар айни ҳол мехоҳам таъкид намоям, ки механизмҳои кунунии ҳамкорӣ ва шарикӣ ниёз ба такмил доранд. 

Муҳтарам иштирокчиён,

Чи тавре ки қаблан зикр гардид, соли 2016 бо ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об даъват шуда буд ва боиси шарафмандии ман аст, ки баъзе  натиҷаҳои кори онро ба шумо пешкаш намоям.

Ҳафтае  пеш -14 март – Панел санади ниҳоиро таҳти унвони «Ҳар қатра об ба ҳисоб гирифта шудааст: Рӯзнома барои амал» содир намуд, ки аз се қисм иборат мебошад:

1) асоснокӣ барои амал;

2) рӯзномаи ҳамгироиёнаи амал дар сатҳҳои маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ;

3) суръат бахшидан ба тағйирот, ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкории байналхалқӣ дар сатҳи глобалӣ.

Ин санад тавсия ва ташаббусҳои Панелро дар соҳаи ҳалли масъалаҳои об дар сатҳҳои гуногун бо мақсади расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла шашум ҳадафҳои рушди устувор, ҷамъбаст менамояд.

Тавсияҳои Панел ба тағйир додани он вазъ, ки ҷаҳон масъалаи обро чи гуна мефаҳмад, ба он чи гуна баҳо медиҳад ва онро чи гуна идора мекунад, равона шудаанд.

Дар ҳадафҳои мазкур муҳиммияти арзиш бахшидан ба об ва фаҳмиши арзиши иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва табиии он, муносибати ҳамоҳангшуда ба идоракунии захираҳои об, паст кардани хатари офатҳои табиӣ, ноил шудан ба устувории инфрасохтор ва иқтисодиёт  ба таври хоса нишон дода шудаанд. 

Дар ин ҳадафҳо ҳамчунин масъалаҳои зиёд кардан ва самаранокии маблағгузорӣ ба инфрасохтори об, рушди инноватсионӣ, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамёрӣ дар ин ҷода алоҳида дарҷ гардидаанд.

Ба ин манзур Панел ҷиҳати пешбурди чунин сиёсате, ки метавонад дар муддати панҷ соли наздик маблағгузориро ба инфрасохтор ду маротиба афзоиш диҳад, даъват ба амал меорад.

Дар ин раванд, албатта, ба таъмини оби ошомидании бехатар ва шароити муносиби беҳдошт, ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои бунёдии инсон афзалияти махсус дода шудааст.

Тавсияҳои Панел, дар навбати аввал, ба пешвоёни сиёсӣ ва ашхосе, ки афкори иҷтимоиро ташаккул медиҳанд ва аз бахшҳои хусусиву давлатӣ намояндагӣ намуда, метавонанд ба сиёсат дар арсаи об таъсир расонанд ё онро муайян созанд, нигаронда шудаанд.

Онҳо инчунин аз ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал меоранд, ки ҷиҳати таҳия ва  андешидани чораҳо, ҳамчунин тақвият бахшидан ба кор дар самти ҳалли масъалаҳои об дар ҳамаи сатҳҳо муттаҳид шаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари-иштирокчии Панел ва ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» минбаъд ҳам тавсияҳои Панелро дар ҳамаи сатҳҳо дасгирӣ намуда, пеш хоҳад бурд. 

Бо истифода аз фурсат мехостам ба муҳтарам Дабири кулл ва ҳамкоронашон барои талошҳои ҳамешагӣ ҷиҳати пешбурди барномаи об дар Созмони Милали Муттаҳид миннатдорӣ баён намоям.

Дар ин миён мехостам нақши пешбари Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоиро дар татбиқи Даҳсола ва омодасозии Нақшаи амали Даҳсола бо дастгирии фаъоли механизми байнисоҳавии Созмони Милали Муттаҳид – Захираҳои об - махсус зикр намоям.

Ба андешаи ман, Нақшаи амал метавонад барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар раванди татбиқи Даҳсола роҳнамои муҳимму саривақтӣ бошад.

Муҳтарам  хонумҳо ва ҷанобон!

Маълум аст, ки роҳи якҷояи мо барои татбиқи вазифа ва мақсадҳои нав дар соҳаи захираҳои об ҳамвору осон нест.

Дар баробари ин, моро зарур аст ба як қатор масъалаҳое, ки дар назди мо вазифаҳои иловагӣ ва дастҷамъонаро мегузоранд, таваҷҷуҳ зоҳир намоем.

Дар ин замина, мо бояд омилҳоеро, ки чаҳорчӯб ва имконоти ҳамкории ояндаро дар соҳаи захираҳои об муайян мекунанд, дар назар дошта бошем:

Якум - тағйирёбии иқлим, ки ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор аст ва кӯшишҳои моро барои ноил гардидан ба рушди устувор заиф месозад.

Дар давоми якчанд даҳсолаи охири асри 20 мо дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях, яъне тақрибан 30 фоизи пиряхҳоро аз даст додем ва ин раванд босуръат идома дорад.

Танҳо пиряхи аз ҳама бузурги қитъавии Федченко дар ин муддат ба андозаи як километр хурд шуда, масоҳати он то 11 километри мураббаъ кам гардид ва ҳаҷми яхи худро беш аз 2 километри мукааб аз даст дод.

Тайи солҳои охир таҳти таъсири тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, афзоиши офатҳои табиии марбут ба об мушоҳида мегардад, ки зарари моддиву маънавии зиёде ба бор меоранд.

Офатҳои табиӣ инчунин кӯшишҳои моро барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор заиф  сохта, боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти бештар дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ мегарданд.

Дуюм – ин афзоиши аҳолӣ ва талабот ба захираҳои об мебошад, ки вазифаҳои нав ва мураккабро пеш меорад.

Дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати зиёд афзоиш меёбад, ки ин, дар навбати худ, боиси ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҷиддии нигаронкунанда миёни соҳаҳои иқтисодиёт мегардад.

Шиддати рақобат барои манобеи об дар шароити камбуди он метавонад ҳатто дар дохили як кишвар боиси пайомадҳои манфӣ гардад.

Мо бовар дорем, ки ба таври васеъ ҷорӣ кардани равишҳои якҷояву алоқаманд дар идоракунии захираҳои об барои беҳтар намудани механизмҳои мавҷуда дар соҳаи ҳамкории байнисоҳавӣ ва байниҳукуматӣ имкониятҳои наверо ба вуҷуд меорад.

Сеюм – ин ҷанбаи гендерии масоили об аст, ки бояд дар назар гирифта шавад.

Занон бояд ба раванди рушд бо тақвияти нақши онҳо дар идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои об фаъолона ҷалб карда шаванд.

Ҷалби самараноки занон ба ин ҷараён кафолати дастовардҳои моро дар ҳалли масоили об ва, умуман, ноилшавӣ ба рушди устувор таъмин месозад.

Чорум – воситаҳои татбиқ, ки тавассути онҳо мо бояд нақшаҳо ва амалҳои худро таҳким бахшем.

Манзури ман, аз ҷумла, захираҳои инсониву  молиявӣ, сармоягузорӣ ва технологияҳои пешқадам мебошад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фарҳанги истифодаю истеъмоли об метавонад як василаи муҳимми кӯшишҳои муштарак бошад.

Густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳо дар соҳаи таъмини об ва беҳдошт имкониятҳои навро ба вуҷуд меорад.

Тоҷикистон тайи понздаҳ соли охир барои ҳалли масоили дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб як миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст.

Дар натиҷа Ҳукумат дар панҷ соли охир дастрасии тақрибан 1,2 миллион нафарро ба оби ошомидании босифат ва 600 ҳазор нафарро ба оби ошомидании бехатар таъмин гардонид. 

Панҷум – ин унсури фаромарзии ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад, ки дар таъмини сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳо нақши меҳварӣ мебозад.

Имрӯз беш аз 276 ҳавзаи дарёии байналмилалӣ бо фарогирии ҳудуди 148 кишвар, ки беш аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон дар онҳо маскун мебошад, вуҷуд дорад.

Ҳамкории самаранок метавонад василаи муассири тавсеа дар соҳаи об гардад ва норасоии иқтидори он метавонад хатари ҷиддӣ ва хароҷоти зиёдро ба вуҷуд оварда, ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои маҳсур бо хушкӣ таъсири манфӣ расонад.

Дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон тақвияти иқтидори институтсионалии ҳамкории байнисарҳадии обӣ ба рушди мутавозини ҳамаи кишварҳои соҳилӣ мусоидат мекунад.

Ҳоло дар Осиёи Марказӣ раванди густариши ҳамгироии минтақавӣ фаъолона идома дорад, ки, ба назари мо, бояд ба беҳтар гардидани ҳамкории минтақавӣ дар масъалаҳои обу энергетика кумак намояд.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар фарҷом мехоҳам зикр намоям, ки расидан ба рушди устувор, шукуфоӣ ва амният танҳо тавассути ҳамкории оқилонаву самаранок дар соҳаи об, ҳамкорие, ки бар пояи эътимоди мутақобила ва ба назар гирифтани талаботу ниёзҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, инчунин, ҷустуҷӯйи мунтазами роҳҳои беҳтар намудани муколама ва ҳамкорӣ асос ёфта аст, муяссар мегардад.

Таъмин намудани пешрафти воқеӣ дар ин соҳаҳо аз ҳамаи мо иродаи қавии сиёсӣ, захираҳои кофӣ ва тасмимҳои дарозмуддатро тақозо мекунад.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Мутаҳид ва шарикони дигар 20-22 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷуҳи асосиро ба ҳалли масоили зикршуда равона хоҳад кард.

Мо тасмим дорем, ки дар Конфронс чаҳорчӯби муколамаи имрӯзаро идома ва густариш диҳем, то ки он ба тақвияти талошҳо ба хотири татбиқи Даҳсола такони тоза бахшад.

Илова бар ин, Конфронси Душанбе дар остонаи ҷаласаи навбатии Анҷумани сиёсии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи Шашуми Рушди Устувор баррасӣ мешавад, метавонад барои таҳияи тавсияҳои мушаххас ҷиҳати тақвияти талошҳо барои расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об заминаи саривақтӣ ва муҳим бошад.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам ҳамаи шуморо барои иштироки фаъол дар конфронси Душанбе даъват намоям.

Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.

(сарчашма: http://president.tj/node/17336)