“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Чӣ тавре ки ба Шумо маълум аст, ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.
Мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. (22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об мебошад.)
Нашри мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор”
Дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз руи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ню - Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.
Муҳтарам ҷаноби Раис!
Муҳтарам Дабири кулл!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар оғоз мехоҳам ба Раиси иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Мирослав Лейчак барои даъват ва ташкили чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” изҳори сипос намоям.
Чорабинии имрӯза ба санаи биступанҷуми баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об, ки ҳар сол дар минтақаву кишварҳои мухталиф таҷлил мегардад, баробар омад.
Ин рӯйдод аҳаммияти чорабинии моро бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал дучанд мегардонад.
Итминони комил дорам, ки ин ҳамоиш ба фаъолияти пурвусъати Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об саҳифаи наверо зам хоҳад кард.