KGU

Китобхона

Таърихи китобхона

    Китоб муҳимтарин воситаи ташаккулдиҳандаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва омили баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, хоса насли  ҷавонон дар ҷомеаи башарӣ маҳсуб мешавад. Он метавонад дар камолоти маънавию рушди арзишҳои ахлоқиву равонии ҷомеа нақши муассир гузорад.   Китоб ба ҳайси шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани арзишҳои волои миллӣ ва аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Маҳз китоб аст, ки тавассути он мо ба таъриху тамаддун ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти гузаштагони худ ва осори безаволи онҳо шинос шуда, омӯзиши онро барои рушду такомули ҳаёти маънавии ҷомеа пайваста тарғиб менамоем. Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва мулоқот бо зиёиёни кишвар роҷеъ ба нақшу мақом ва рисолати китоб дар гиромидошти забон ва фарҳанги миллӣ мулоҳизаҳои ҷолиб баён ёфтанд. Аз ҷумла, Президенти мамлакат зикр намуд, ки «Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст». Воқеан, дар роҳандозии рисолатҳои китобу китобхонӣ ва тафаккури китобӣ, инъикоси дастовардҳои маънавии инсоният ва рушди иқдисодиёту инноватсия китобхонаҳо мақому мартаба ва нақши назаррас доранд. Зеро, бе омӯзиши гузашта ояндаро наметавон бунёд кард. 

Ба мо маълум аст, ки дар шароити феълии рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистони Соҳибистиқлол таъмини волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои он аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи дониш, тафаккур ва маърифати шаҳрвандон вобаста аст.

Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб   ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷузъи таркибии Донишгоҳ мебошад. Вай ба хадамоти китобдорию библиографӣ, ҷараёни таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, педагогӣ ва тарбиявии Донишгоҳро таъмин намуда, дар баробари он маркази андӯхтани дониш, мулоқоти маънавию фарҳангӣ мебошад. Дар фаъолияти худ китобхона дар доираи баланд гардонидани захираи китобӣ ва таъмин намудани адабиёти лозима барои  мутолиагарон, аз он ҷумла профессорон, омӯзгорон, аспирантон, унвонҷӯён ва донишҷӯёнро муқарар менамояд

Умуми.pngКитобхонаи Донишгохи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таърихи 73 - сола дорад. Ҳануз дар моҳҳои сентябру октябри соли 1945 барои ташаккул додани захираи фонди китобҳои донишкада ва адабиёти таълимию методӣ доир ба соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳои шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Ташкент, Донишгохи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгори ба номи С, Айнӣ, Китобхонаи миллӣ ба номи Абулкосими Фирдавсӣ бо теъдоди 6374 адад китобҳои илмӣ, дарсӣ барои мутолиагарон таъсис ёфт. Дар солҳои 50-ум бинои китобхона ба талаботи омӯзгорону донишҷӯён чавобгӯӣ набуд. Барои китобҳо рафу чевонҳо намерасид. Кормандони китобхона хеле кам буданд. Аммо баьди ба истифода додани бинои чорошёнаи таълимӣ дар солҳои 70- ум масоҳати китобхона хеле васеъ карда шуд. Китобхона дар таҳхонаи ҳамин бинои таълимӣ ҷой гирифт. Китобхона дар давраи Шуравӣ ҳар сол 10-15 ҳазор нусха китобҳои нав мегирифт. Дар солҳои 80 - 90-ум беш аз ду маротиб зиёд китобҳо ба китобхона ворид гардида буд. Дар давраи Соҳибистиқлолии Тоҷикистон фонди китобхона то ба 287 ҳазор расида буд. Китобхонаи донишгоҳ дар ҳашт  факултаҳои донишгоҳ шуъбаҳо, кабинет ва толорҳои хониш аз соли 2000 то 2009 барои мутолиагарон боз намуд, ки мувофиқи ихтисоси факултаҳо дар назди толори  хониш  бо адабиёти таълимию-методӣ таъмин буданд.  Лекин дар натиҷаи офатҳои пайдарпайӣ моҳи майи соли 2009 ва 2010 ба китобхонаи донишгоҳ ҳисороти зиёд ворид намуд, ки дар натиҷа қисман аз китобҳои нодири гаронарзиши китобхона несту нобуд гардиданд. Маъмурияти донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз соли таҳсили 2010 оид ба фаъолияти корӣ китобхона тадбирҳои иловагӣ қарор дод, ки китобхонаи донишгоҳ ба ду толори хониш: Толори хониши№1 илмҳои гуманитарӣ, толори хониши№2 илмҳои техникӣ  ном гузори карда шуданд. Ғайр аз ин, дар назди хобгоҳи донишҷӯён маъмурияти китобхона толор ба номи қироатхона ташкил намуд, ки аз соати 17 00 то соати 22 00 ба донишҷӯён хизмат мерасонад, инчунин аз соли таҳсили 2012  то ин ҷониб бо дастгириҳои бевоситаи ректори Донишгоҳ доктори илмҳои физика ва математика муҳтарам Абдулло Ҳабибулло бо истифода гардидани бинои-9-ошёнаи нави таълимӣ-дар ошёнаи 3-юм китобхонаи электронӣ эҳё ва мавриди истифода  қарор гирифт. Бо дар назардошти ин дар факултаи омӯзгорӣ кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими забони тоҷикӣ, шӯъбаи китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ ташкил  намуд, ки соли сеюм аст, донишҷуён аз рӯи ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ дарс меомӯзанд.   

Теъдоди фонди китобии китобхонаи донишгоҳ аз соли таҳсили 2010-то 2015 зиёда аз 213802 ададро ташкил дод ва дар соли 2016-2017-ум бо теъдоди 69,438 адад зиёд гардиданд, ки ҳоло фонди китобии китобхонаи донишгоҳ 283,240 ададро аз рӯи ихтисосҳои гуногун ташкил медиҳад: Аз ҷумла: 

56883 адад китобҳои тахассусӣ, 

112514 адад китобҳои таълимӣ, 

37800 адад китобҳои методӣ, 

27619 адад китобҳои сиёсӣ, 

38709 адад китобҳои бадеӣ

20375 адад дастурҳои таълимиро 

дар бар мегирад.  Дар соли таҳсили 2017 теъдоди 5382 адад китобҳо ба фонди китобии китобхона ворид гадиданд, ки аз ин шумора 1037  адад китобҳои туҳфашуда аз тарафи донишҷуён, професорон ва омӯзгорони донишгоҳ, ва 4352  адад китобҳо ба пули нақд ва ғайри нақдӣ харидори гардиданд.

Имрӯз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таърихиву сиёсат иқтисодиёту иҷтимоиёт, маънавиёт ва маорифу фарҳангӣ халқамон беш аз пеш меафзояд  ва эътибори китобхона аз бисёр ҷиҳат ба таҳкими моддию техникии он бо таҷҳизоти техналогияи ҳозиразамон вобаста буда, аз соли таҳсили 2010 то  инҷониб китобхонаи донишгоҳ ба шабакаи Интернет пайваст гардида, дар муддати 7-соли охир маъмурияти китобхонаи донишгоҳ тавонист, ки бе харидории фонди электронӣ дар якҷояги бо ҳамкориҳои китобхонаҳои ҷумҳурӣ 100 ҳазор нусха китобро дар шакли нусхабардорӣ ва PDF ба муштариёни худ пешниҳод намояд, ки ҳамарӯза шумораи 65-87 нафар аз ин фонд баҳравар  мегарданд.

Аз тарафи дигар барои кормандони китобхона маҳзани бузурги иттилоотӣ мегардад. Ба ин васила, самти корбарӣ ва идоракунии соҳа осон ва дастрас гардида, теъдоди мушттариён афзоиш меёбад. Дар баробари ин, самти корҳои методӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, равобити китобхонаҳо дар кишвар қавитар мегардад ва ба имконотӣ рушди соҳаи китобдорӣ мусоидат менамояд.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, таҳхона
Телефони корӣ: (+992) 918 67 63 78
E-mail: kitobkhona@kgu.tj