Осорхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз қисматҳои муҳими нигаҳдории таърихи донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Дар осорхона бештар аз 500 экспонатҳо: ҳуҷҷатҳо, расмҳо, асарҳои илмӣ ва китобҳо ҷамъ оварда шудааст. Осорхона 1-уми сентябри соли 2015 ба муносибати ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ботантана дар бинои маъмурӣ кушода шуд.
Мутахассиси осорхона - Шоинов Ҳасан Исматуллоевич. Ихтисоси осорхонаи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Муаллифи беш аз 60 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, тезисҳо оид ба масоили таърихи халқи тоҷик аст. Иштироккунандаи конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб мебошад.
Шоинов Ҳасан Исматуллоевич 31.05.1957 дар шаҳри Кӯлоб дар хонадони коргар таваллуд шудааст. Омӯзгори фанни таърих, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2008), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2011) Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2011) мебошад. Хатмкардаи факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1979).
Таҳсил дар мактаби миёнаи №6 шаҳри Кӯлоб (1964-1974), донишҷӯ (1974-1979), ассистенти кафедраи фалсафа ва коммунизми илмӣ (1979-1980), муаллими кафедраи таърихи КПСС-и ИДПК (1980-1987), коромӯз-муҳаққиқи кафедраи таърихи КПСС-и УДТ (1988-1990), муҳандис оид ба сафарбаркунӣ (1990-1992), муаллими кафедраи таърихи КПСС (1992-1995), муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик (1995-2003), муаллими калони кафедраи таърих ва ҳуқуқ (2003-2008), муаллими калони кафедраи таърихи умумӣ ва методикаи таълими таърих (2008-2010), муаллими калони кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2010-2011). Аз соли 2011 то соли 2016 муовини директор оид ба корҳои тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоии филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб.
Аз сентябри соли 2016 мутахассиси осорхонаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад. Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавист. Дар бисёр симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок ва суханронӣ кардааст. Шеърҳои ӯ пайваста дар рӯзномаҳои «Анвори дониш» ва «Кулябская правда», ба табъ мерасанд. Шоинов Ҳасан бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2011), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2011), Ифтихорномаи кумитаи иҷроияи шӯрои генералии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (2006) мушарраф гардидааст.
Узви Ассотсиатсияи байналмилалии Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон мебошад.
Дорандаи Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон мебошад.
Дар «Осорхона»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гӯшаҳои зерин таъсис дода шуданд: