KGU

Филологияи рус

Факултети Филологияи рус

ФИЛОЛОГИЯИ РУС.pngФакултаи филологияи рус.jpg

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Факултети забон ва адабиёти рус ҳанӯз соли 1950 дар давраи вуҷуд дории Донишкадаи дусолаи муаллим тайёркунӣ таъсис дода шудааст. Дар аввал дар факултет шуъбаи Забон ва адабиёти рус ташкил дода шуда буд, ки ҳоло ҳам арзи ҳастӣ дорад. Ҳоло вазифаи декани факултетро номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи забони муосири рус Шарипова О.П. ба уҳда дорад. 

Дар факулта 2 кабинети фаннӣ бо тахтаи электронӣ ва проектор муҷаҳҳаз карда шуда, 1 синфхонаи лингофонӣ ва 2 синфхонаи дорои тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор доранд. Фонди аудитории факултет ба 439 ҷои нишаст таъмин мебошад. 

Айни замон дар факултет аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти рус мутахассис омода менамоянд.

Дар назди факултет 3 кафедра амал мекунанд:

 1. Кафедраи забони руси умумидонишгоҳӣ

Аввалин маротиба кафедраи забони русӣ соли 1952 кушода шуда буд. Вазифаи мудири кафедраро инҳо ба уҳда доштанд: дотсент Тахохов А., муаллими калон Рябова Л.В., н.и.ф. Ковальская Л.Б., муаллими калон Кабина М.Г., муаллими калон Азимов Э., муаллими калон Ниязов А.М., муаллими калон Шарипов С.Р., муаллими калон Гафурова М.Х., муаллими калон Асоева К.А., муал. Камолова М.Р., н.и.п. Шарипова О.П. Айни замон мудирии кафедраро н.и.п. Файзуллоева Ф.М. ба уҳда дорад.

2. Кафедраи забони ҳозираи рус

Мудирии кафедраи мазкурро н.и.ф., дотсент Асоева К.А.ба уҳда дорад. Аввалин маротиба кафедраи забони русӣ соли 1952 кушода шуда буд. Вазифаи мудири кафедраро инҳо ба уҳда доштанд: дотсент Тахохов Б.А., муаллими калон Рябова Л.В., н.и.ф. Ковальская Л.Б., муаллими калон Кабина М.Г., муаллими калон Азимов Э.А., муаллими калон Ниязов А.М., муаллими калон Шарипов С.Р., муаллими калон Гафурова М.Х., муаллими калон Асоева К.А., муал. Камолова М.Р., н.и.п. Шарипова О.П.

Муаллимони аввалини кафедра инҳо буданд: муаллими калон Михайличенко Л.М., муаллими калон Смирнова Л.М., муаллими калон Бондаренко П.А., муаллими калон Молчанов П.С., муаллими калон Резник Д.Г., муаллими калон Пчельников В.Д. муаллими калон Никалайчук В.М., дотсент Тахохов Б.А., муаллими калон Казеева В.Д., муаллими калон Индюков С.И., муаллими калон Файзуллоев Б.Ф., муаллими калон Каверина Е.В., муаллими калон Халяпина Л.И., муал. Собко Н.М., муал. Васильчикова И.М, муаллими калон Кабина М.Г. дертар Гафурова М.Х., Федюнина Н.М., муаллими калон Кадруллоев А.К., н.и.ф. Ниёзов А.М., н.и.с., муаллими калон Каримов М.А., Камолова М.Р. ва ғайраҳо.

3. Кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус

Кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус аз рӯзҳои аввали ташкилёбии факултети забон ва адабиёти рус вуҷуд дорад. Вай ҳамчун кафедраи санҷишӣ ташкил карда шуда буд. Фармон дар бораи ташкил кардани вай дар соли 1952 бароварда шуда буд. Ҳангоми ташкил кардани ин кафедра ба сифати мудири кафедра номзадҳои илмҳои филологӣ, дотсентон даъват карда шуда буданд. Ба сифати мудири кафедра профессор Лавров С.Г., н.и.ф., дотсент Звагелский, н.и.ф. Бжассо, н.и.ф. Комилов Ш.К., Х.Ш. Точиева, Л.В. Попырина, Сон Л.М., А.А. Нозимов, Н.Н. Салихов, С.Р. Раҳимова, Асоева К. кор ва фаъолият доштанд. Айни замон мудирии кафедраи мазкурро н.и.ф., дотсент Бобоқулов Ҷумъахон ба уҳда дорад.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №4, ошёнаи 3-юм
Телефони корӣ: (+992 3322) 2-29-83
E-mail: fil.rus@kgu.tj