KGU

Маркази ТИК

МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИЯ (ТИК)

Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) воҳиди сохтории донишгоҳ буда, дар фаъолияти худ ба ректори донишгоҳ итоат менамояд. Роҳбарии бевоситаи марказ ба зиммаи сардори он аст, ки бо фармоиши ректори донишгоҳ ба вазифа таъйин мегардад.

Маркази ТИК соли 2010 бо номи "Маркази илмӣ – истеҳсолӣ ва инноватсионӣ" фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Оинномаи муассисаи давлатии Донишгоҳи далатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, амру фармонҳои ректор ба роҳ мондааст. Айни замон бо номи маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) амал мекунад. 

Вазифаҳои асосии маркази ТИК

1. Пеш бурдани сиёсати технологияи информатсионӣ;
2. Тибқи нақшаи корӣ барӯйхатгирии таҷҳизоти компютерии донишгоҳ;
3. Омода намудани синфхонаҳои компютерии факултетҳо;
4. Таъмини таҷҳизоти синфхонаҳои компютерии донишгоҳ барои пайвасти устувор ба шабакаҳои итилоотии ҷаҳонӣ;
5. Назорати мақсаднок оид ба истифодабарии компютерҳо ва шабакаҳои итилоотии ҷаҳонӣ дар синфхонаҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ;
6. Таъмин намудани синфхонаҳо бо барномаҳои компютерии таълимии лозима;
7. Ташхис ва таъмиру тармим намудани таҷҳизоти компютерии донишгоҳ;
8. Дар мувофиқа бо муҳосибот харидорӣ намудани таҷҳизоти компютерӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои компютерҳо ва таҷҳизотҳои иттилоотӣ;
9. Насби тахтаҳои электронӣ ва назорати доимии тамоми сохторҳои донишгоҳ ҷиҳати нодуруст истифода бурдан, шикастан ва зери вирус гардидани компютерҳо;
10. Фаъолона ширкат варзидан дар ҷашну маросимҳои донишгоҳ ва омода кардани толороҳои донишгоҳ барои гузаронидани форум ва конфронсҳо.

Ҳайати кормандон

Кулобиев.png




Кулобиев Мирзо
   Сардори марказ 


САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ – ҲУҚУҚӢ

1. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ

2. ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ - КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022

3. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ - КОММУНИКАТСИОНӣ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022

4. СТРАТЕГИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯ БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2015 (ТАҲРИРИ НАВ)

5. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИЮ ИЛМИИ ҶУМҲУРӢ БО КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ, ОЗМОИШГОҲҲОИ МУҶАҲҲАЗИ ТАЪЛИМӢ ВА ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ

6. БАРНОМАИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2020

7. КОНСЕПСИЯИ ТАШАККУЛИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи №1, утоқи №109
Телефони корӣ: (+992 83322) 2-21-41, +992 918 180 160
E-mail: tik@kgu.tj