Маркази тестӣ яке аз воҳидҳои сохтории донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар ҳайати раёсати таълим фаъолият менамояд.
Маркази тестӣ нахустин маротиба дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли хониши 2007-2008 дар Факултаи физика-математика ва информатика таъсис ёфта буд.
Асоси ҳуқуқии фаъолияти марказро Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ», «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, фармонҳо ва мактубҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оинномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», қарорҳои Шӯрои олимон, фармону дастурҳои ректор, муовини ректор оид ба таълим ва низомномаи маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии низоми кредитии таҳсилот ташкил медиҳанд.
-ташкили захираҳои махзан (фонд)-и маҷмӯи саволномаҳои тестӣ барои қабули донишҷӯён, татбиқи мониторинги сифати таҳсилот тавассути қабули имтиҳонҳо (фосилавӣ ва ҷамъбастӣ);
-такмили маҷмӯи саволномаҳои тестӣ (супоришҳои тестӣ) ва қабули имтиҳонҳо бо усулҳои муосир (бо истифода аз имконоти технологияи иттилоотӣ);
-мониторинг ва усулҳои муосири таълим, мутобиқати баҳогузорӣ ба мазмуну мундариҷаи маҷмӯи саволномаҳои тестӣ бо барномаҳои кории фан (силлабус);
-гузаронидани семинару тренингҳо барои омӯзгорон ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти дар таҳияи саволномаҳои тестӣ (супоришҳои тестӣ) ва таҳлили натиҷаҳои имтиҳон бавуҷудомада;
-ташкили таълим ва машварат ба омӯзгорон бо мақсади дуруст ба роҳ мондани таҳияи намудҳои гуногуни тест (кушода, пӯшида ва мувофиқат) бо истифода аз имконоти технологияи иттилоотии муосир;
-татбиқи низоми тестӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
-омодасозии маводи дастурӣ ва методӣ барои гузаронидани имтиҳонҳо бо истифода аз технологияи иттилоотии муосир;
-татбиқи қабули имтиҳонҳо бо усули тестӣ дар раванди таълим бо мақсади назорати дастовардҳои фосилавии сатҳи дониши донишҷӯён (фосилавӣ ва ниҳоӣ) ва назорати берунӣ (назорати ниҳоӣ);
-таъсиси махзани барномаҳои тестӣ;
-таъмини дастрасии ягона ба ҳама гуна захираҳои маълумот мувофиқи салоҳият;
- ёрии методӣ расонидан ба омӯзгорон ҷиҳати коркарди низоми баҳогузорӣ ба сатҳи воқеии дониши донишҷӯён;
- гузаронидани таҳлили фаннии натиҷаи имтиҳонҳои фосилавӣ ва ҷамъбастии донишҷӯён;
-омодасозии масъалаҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон;
-таъмини омодасозии гурӯҳи экспертҳо ва гузаронидани таҳлилҳои дохилии низоми сифат:
Дар марказ 6 мутахассис дар якҷоягӣ бо сардор кору фаъолият мекунанд. Маркази тестӣ дар худ 6 синфхонаи компютерӣ бо теъдоди 180 адад компютер доро буда, дар онҳо донишҷӯён мувофиқи факултаҳо имтиҳонҳояшонро месупоранд.