Раёсати илм ва инноватсия сохтори таркибии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, ташкил гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва инноватсиониро дар донишгоҳ ба танзим медарорад.
Мақсади асосии фаъолияти раёсат дар донишгоҳ ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ, ҳалли масъалаҳои гуногуни илмие, ки ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, маҳсуб меёбад.
Раёсат фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, фармоишҳои ректори донишгоҳ, супоришҳои муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мемонад.
Вазифаи асосии раёсати илм ва инноватсия аз инҳо иборат аст:
- муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантон), докторантҳо, магистрантон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
- ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, иктишофӣ ва амалӣ сурат мегиранд;
- таҳияи лоиҳаи шартномаҳои хоҷагидорӣ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва шартномаҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ бо муассиса ва ташкилотҳо;
- тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ;
- таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;
- назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоњ, факултет, кафедра ва нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- анҷом додани баҳогузории маҷмӯии ҳарсола ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳо ва устодону омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;
- ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
- ташкили табъу нашри маҷмӯаҳои мақола ва асарҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишљўёни донишгоњ;
- ташкили корҳои иктишофӣ, патентӣ, литсензионӣ ва иттилоотӣ-маълумотӣ;
- назорати фаъолияти парки технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, бюроҳои конструкторӣ, таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, технологӣ ва иқтисодии донишҷӯён, гузаронидани озмуни олимони ҷавони навовари беҳтарин, донишҷӯ ва рушди илмӣ-техникӣ, иштирок дар озмун барои ҷудо кардани грантҳои хурд барои донишҷӯён ва ғ.;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён;
- танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон барои бомуваффақият анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
- ташкили намоишгоҳҳо, озмунҳо ва намоиши дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- назорат аз болои фаъолияти илмии магистрантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантон), докторантҳо ва унвонҷӯён.
Ҳайати кормандон