Факултети химия ва биология соли 1993 дар заминаи факултети тиб арзи вуҷуд намудааст. Соли аввали таъсисёбӣ дар факултет, ихтисосҳои биология, биология-химия таъсис дода шудааанд. Аввалин дастпарварони факултети химия ва биология Донишгоҳро соли 1997 хатм намудаанд, ки дар байни онҳо чунин шахсиятҳои барҷастаро ба монанди доктори илмҳои биология, Бобоев М.Т., номзади илмҳои биология Ҳакимов Ф., Қадамов Д.С., Амиров З., полковник Наимзода М.И ва дигаронро метавон ном бурд. Дар сохтори факултет декан, дотсент Исуфов Д.С, муовинон оид ба таълими рӯзона Холов С.А, ҷонишини декан оид ба таълими фосилавӣ Имомов З.Р., ҷонишини декан оид ба тарбия Бозоров Ҳ.Т, коргузор Давронова М. раиси иттифоқи касаба саромӯзгор Ҳисайнов Д.Э, раиси Шурои занон Шарипова Б.Н. адои вазифа мекунанд.
9 феврали соли 2012 факултети химия ва биология бо факултети география муттаҳид карда шуда, минбаъд номи факултети химия, биология ва географияро гирифт. Дар ин давра дар факултет се кафедра химия, биология ва географияи сайёҳӣ фаъолият менамуд. Аз соли 2022 дар баробари ба факултети иқтисод ва идора ҳамроҳ намудани кафедраи географияи сайёҳӣ то ба имрӯз факултети химия, биология ва география аз нав мустақилона бо номи аввалаи худ, яъне химия ва биология фаъолият намуда истодааст. Гуфтан ба маврид аст, ки таъсиси итисосҳои гуногун аз ҷумла, химия-биология, химия-экология, биология-экология, биология (биотехнология) дар факултет давра ба давра амалӣ гардиданд, ки айни замон вобаста ба ин ихтисосҳо мутахассисони касбӣ омода гардида истодаанд. Сарварии факултетро дар давраҳои гуногуни фаъолияти он, шахсиятҳои шинохта ва олимони варзида ба уҳда доштанд: саромӯзгор Ҳафизов С., (солҳои 1993-1996), д.и п., профессор Мирзоев С.С. (солҳои 1996-2005, 2007-2009), н.и.х., дотсент Холиқов С.С. (солҳои 2005-2007), муаллими калон Худоёров Қ (соли 2009), н.и.п, Қиматов Р. (солҳои 2009-2012), н.и.п., Сайдаҳмадова Д.Л., (солҳои 2012-2015), муаллими калон Қуллаев Ш.Ҷ, (солҳои 2015-2016), саромӯзгор Бобоев С. (солҳои 2016-2017) муаллими калон Бобоев Б.Ҷ. (солҳои 2017-2019) ва аз соли 2019 то инчониб номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исуфов Дилшод Сафармадович ба уҳда дорад.
Ҳоло дар ду кафедраҳои факултет 45 нафар устодон, аз ҷумла: 4 нафар докторони илм, профессор ва 7 нафар номзадҳои илм, дотсент ба таълиму тарбияи донишҷӯён ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд.
Аз соли аввали таъсисёбии факултет то соли 2022 донишҷӯён дар назди 3 кафедра ва холо бошад 2 кафедраи он (химия ва методикаи таълими он, биология ва методикаи таълими он) дар шуъбаҳои рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд.
Хамкории факултет барои тайёр намудани мутахассисон дар назди кафедраҳои амалкунанда, ба давлатҳои Россия, Узбекистон, Қазоқистон, Белорусия ва дар дохил бошад ба АМИТ, АИКТ, ҳамаи Институтҳои илмӣ-тадқиқотии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо ва ғ. пойгоҳҳо барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимии тобистона аз фанҳои ботаника ва зоология «Истиқлол» (воқеъ дар ноҳияи Муъминобод) ва «Маркази илмии Хатлон» (воқеъ дар шаҳри Кӯлоб) ба роҳ монда шудааст.
Фаъолияти донишҷуён дар дастаҳои ҳунарӣ ва озмунҳои умумидонишгоҳӣ, ки бахшида ба ҷашнҳо барпо карда мешаванд, хуб ҳунарнамоӣ намуда, чун гурӯҳи беҳтарин дар ҳайати Донишгоҳ дониста шудаанд. Шурои олимони факултет, ки ҳайати он ҳар сол аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасдиқ карда мешавад, дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти факултет нақши ҳалкунанда дорад.
Аз солҳои аввали ташкилёбии факултет яке аз самтҳои муҳими фаъолияти он – гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ ба шумор меравад. Устодони факултет дар баробари иҷро намудани корҳои таълиму тарбиявӣ, ҳамчунин ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ хеле ҷиддӣ машғуланд. Барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси илмию омӯзгорӣ мавриди диққати роҳбарияти Донишгоҳ ва факултет қарор доранд. Феълан дар факултет бо иштироки устодон ва ҷалби бевоситаи докторантон, аспирантон, коромӯзон ва донишҷӯён таҳқиқотҳои хеле мураккаби илмӣ аз рӯи 2 самт ба роҳ монда шудааст.
ҶИД-и факултет дар худ маҳфилҳои донишҷӯёнро муттаҳид менамояд. Сарварии маҳфили илмии донишҷӯёни факултетро ба сифати устод-сарвар дар солҳои охир, муаллими калон Ташрифи Ш. ба ӯҳда дорад.
Соли 2022 дар таърихи факултети химия ва биология воқеаи муҳими таърихи рух дод. 29-уми декабри ҳамон сол дар факултети химия ва биология ба 6 адад озмоишгоҳои нави замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳ ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, аҳли раёсат намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ, ҳайати устодону донишҷӯни факултет иштирок намуда, ибтикори мазкурро амали нек, дар партави эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифт» унвон намуданд.