KGU

Филологияи хориҷӣ

Факултети Филологияи хориҷӣ

Асосӣ.png Филологияи хориҷӣ








МАЪЛУМОТИ  УМУМӢ

Факултети филологияи хориҷӣ дар заминаи собиқ факултети забон ва адабиёти рус моҳи августи соли 2001 таъсис ёфтааст. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии факултети филологияи хориҷӣ омӯзгорони соҳибэҳтиром номзадҳои илмҳои филологӣ, дотсент Конькова Ирина Павловна, Мамадрасулова Тоҷиниссо, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Талбаков Қурбон Чиллаевич, Самариддинов Қурбон, саромӯзгорон В.И. Богасова, М.С.Сайдамирова, Т.А. Сайфуддинова, З. Мирзоев, С. Зауров, М.Т. Менлашев, Ф.А. Менлашева, Ш. Раҳимов, Р. Сафарова, У. Собирова, И. Д. Исобоева, Муродов Ғайраталӣ, Шарипов Амрохон, Ятимова Раънохон ва Муродов Шариф ва дигарон фаъолияти пурсамар доштанд.

Дар тӯли бештар аз 21 сол факултети филологияи хориҷӣ (собиқ факултети забонҳои хориҷӣ) маркази ягонаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгории забонҳои хориҷӣ дар минтақаи Кӯлоб ба шумор рафта, яке аз марказҳои беҳтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Аввалин декани факултаи филологияи хориҷии ДДК марҳум номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Талбаков Қурбон Чиллаевич (аз соли 2001 то соли 2006) ба ӯҳда дошт ва саҳми худро барои рушди фаъолияти факултет гузоштааст.

Асоси факултетро дар соли таъсисёбиаш танҳо ихтисоси забони англисӣ ва кафедраи забони англисӣ, ки он вақт 10-нафар муаллимон кор мекарданд, ташкил медод. Дар байни омӯзгорон 2-нафар номзадҳои илм, 2-нафар муаллимони калон ва 6-нафар ассистентон фаъолият мекарданд.

Бо тақозои замон ва фароҳам гардидани шароити моддию техникӣ дар факултет дар соли 2015 ихтисосҳои нав 1-02030601 -«Забонҳои англисӣ-олмонӣ» ва 1-020307-«Забонҳои англисӣ-хитоӣ» таъсис дода шуд:

Айни замон дар факултет 3 кафедра ва 3 ихтисос дар таълими рӯзона амал мекунанд:

Кафедраҳо

  1. Кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқосисавӣ;
  2. Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ;
  3. Кафедраи забонҳои хориҷӣ.

Ихтисосҳо

  1. 1-020306-забони англисӣ;
  2. 1-02030601-Забони англисӣ. Забони олмонӣ;
  3. 1-020307-Забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ-хитоӣ);

Дар зинаи магистратура ва докторантураи PhD танҳо 1 ихтисос 1-020306-«Забони англисӣ» амал мекунад. Садорати факултети филологияи хориҷӣ бо ҳайати омӯзгорон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷуён ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгории забонҳои хориҷӣ кӯшиш карда истодаанд. Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисон омода карда мешаванд:

1-020306 «Забони англисӣ»

Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни забони англисӣ метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ ва донишгоҳҳо кору фаъолият намоянд. Баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси забони англисӣ соҳиби дипломи дараҷаи бакалаврият мегарданд.

1-02030601«Забони англисӣ-олмонӣ»

Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни забони англисӣ-олмонӣ метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ ва донишгоҳҳо кору фаъолият намоянд. Баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси забони англисӣ соҳиби дипломи дараҷаи бакалаврият мегарданд.

1-020307«Забони англисӣ-хитоӣ»

Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни забони англисӣ-хитоӣ метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ ва донишгоҳҳо кору фаъолият намоянд. Баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси забони англисӣ соҳиби дипломи дараҷаи бакалаврият мегарданд.

Дар факултет кафедраҳои зерин амал менамоянд:

Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ

Дар таърихи фаъолияти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ чандин мудирони ботаҷрибаву кордон фаъолият намуданд, оғози фаъолияти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ баъд аз таъсисёбии факултет дақиқан аз соли 2005 оғоз гардида, бо мурури замон аз ҳисоби нарасоии кадри унвони илмидошта ба қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 28.08.2020, №2/4-1 ва фармоиши ректори донишгоҳ аз 24.09.2020, №187 оид ба норасоии кадр ба кафедраи забони англисӣ (ҳоло забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ) муттаҳид шуда, номи кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он гирифт. Бо дар назардошти зарурият ва ба вуҷуд омадани кадрҳои илмидошта дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 02.10.2020 таҳти № 177 ҷудо гардида кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ номгузорӣ гардид. Аввалин мудири он баъд аз муттаҳидшавӣ дар соли 2020 мудири онро номзади илмҳои филологӣ Муродов Б. Р. ба ӯҳда дошт. Дар соли 2021 бо тағйироти кадрӣ дар факултет дар муддати 4 моҳ (аз моҳи сентябр то моҳи декабрӣ соли 2021) вазифаи онро бар души номзади илмҳои педагогӣ Шарипов Х.А. гузошта шуда буд. Аз 20 декабри соли 2021 то инҷониб вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷиро Гуламадшоев Ш.Ш. ба душ дошта, дар самти самаранокии баланд бардоштани малакаву дониши донишҷӯён фаъолияти кории кафедраро ба роҳ мондааст. Дар кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар соли таҳсили 2022-2023 барои тақсимоти соатҳои таълимӣ 32 нафар ҳайати кормандон ҷалб гардиданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ин шумора ҳайати кадрӣ 14 нафар кормандони доимӣ, 18 нафарашон кормандони дохиларо ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи ин дар соли таҳсили 2022-2023 2-нафар докторанти PhD аз рӯйи ихтисос, 3 нафар номзади илмҳои филологӣ, аз ин шумора (2 нафар номзадони асосӣ ва 1 нафар ҳамкори дохилӣ) 2- нафар муаллими калон, 2 нафар унвонҷӯ, 6-нафар ассистентон аз ҳисоби магистрантони курсҳои якум ва дуюм барои фаъолияти корӣ ба кафедра ҷалб гардидаанд.

Кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ

Кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ бо фармоиши ректори Донишгоҳи давлаттии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти № 177 аз 02.10.2020 ташкил шудааст. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои «Забони англисӣ (1-1-020306-01), забони англисӣ-олмонӣ (1-1-020306-01) ва забони англисӣ хитоӣ (1-1-020306-01)» ихтисосмандони соҳавӣ тайёр мекунанд. Дар кафедра 19 – нафар ҳайати омӯзгорон аз рӯи фанҳои таълимии тахассусӣ ба донишҷӯён таълим медиҳанд, ки аз онҳо 2 – нафар номзадони илмҳои филологӣ, 6-нафар муаллими калонон , 10 нафар ассистентон ва 1 нафар лаборанти кафедра фаъолият доранд. Вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои филологӣ Муродов Баҳриддин Раҳмонович ба ӯҳда дорад.

Кафедраи мазкур соли 1992 дар назди факултети филологияи рус ҳамчун шӯъба бо номи кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он таъсис дода шудааст. Мудири аввалини он Мирзоев Зайналобиддин таъйин гардида буд.

Кафедраи забонҳои хориҷӣ

Гарчанде Шурои забонҳои хориҷӣ дар донишкада танҳо дар соли хониши 1992-1993 таъсис ёфта бошад ҳам, кафедраи забони хориҷӣ аз соли 1967 арзи вуҷуд дорад. Солҳои аввали мавҷудияти донишкада муаллимони забонҳои хориҷӣ дар ҳайати факултети забон ва адабиёти рус шомил буданд.

Соли 1993 дар факултети забон ва адабиёти рус кафедраи забони англисӣ кушода шуд, ки мудираш Мирзоев Зайналобуддин таин шуд ва ҳоло номзади илм, декани факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи Данғара мебошад.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 6-8-ум
Телефони корӣ: (+992 3322) 2-25-96
E-mail: fil.khoriji@kgu.tj