Факултети филологияи хориҷӣ бо ташаббус ва талошҳои дурбинонаи омӯзгорони соҳибэҳтиром номзади илмҳои филология, дотсент Конькова И.П, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбонов Т, муаллими калон Сайдамирова М., Собирова У., номзади илмҳои филологӣ Самариддинов Қ. ва дигарон моҳи августи соли 2001 ба сифати сохтори мустақил ташкил карда шудааст. Новобаста ба шароити вазнини зиндагӣ ва душвории кор дар шароити Ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони зикргардида тавонистанд дар рушди таълиму тарбияи донишҷӯён ва эҳёи як мактаби нави ихтисосманди соҳаи филологияи хориҷӣ дар шаҳри Кӯлоб саҳм гузоранд. Асоси факултетро дар соли таъсисёбиаш кафедраи забони англисӣ, ки он вақт 10-нафар муаллимон дар он кор мекарданд, ташкил медод. Дар байни онҳо 2-нафар номзади илм, 2-нафар муаллимони калон ва 6-нафар ассистентон фаъолият мекарданд. Тули солҳо факултетро шахсиятҳои наҷиб ба ӯҳда доштанд. Устодони беҳтарин ба монанди дотсент Конькова Ирина Павловна, Мамадрасулова Тоҷиниссо номзади илмҳои филологӣ ва муаллимони калон Сайдамирова Муқаддас Сайдалиевна, Сайфудинова Татьяна Николаевна ва Собирова Уғулбӣ Саъдуллоевна дар факултет дарс медоданд. Дар кафедра муаллимони соҳибтаҷриба ба монанди Муродов Ғайраталӣ, Шарипов Амрохон, Ятимова Раънохон кору фаъолият карда, дар таърихи фаъолияти факултет чандин омӯзгорони пуртаҷриба ба ҳайси мудирони ботаҷрибаву кордон фаъолият намуданд.
Деканҳои факулет