МАЪЛУМОТИ УМУМӢ
Факултети филологияи тоҷик ва журналистика ҳамсоли Донишгоҳ буда, соли 1945 бо номи факултети забон ва адабиёти тоҷик таъсис ёфтааст. Дар соли таҳсили 1956-1957 факултети забон ва адабиёти тоҷик бо факултети таърих муттаҳид карда шуда, факултети таърих ва филология номгузорӣ гардид. Аз соли 1961 то давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети таърих барҳам дода шуд ва факултет номи забон ва адабиёти тоҷикро гирифт. Шурӯъ аз соли 2009 баъди таъсиси шуъбаи журналистика факултети забон ва адабиёти тоҷик ба факултети филологияи тоҷик ва журналистика номгузорӣ карда шуд. Айни замон факултет аз рӯи таълими рӯзона ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, забоншиносӣ ва технологияи нави иттиилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик. Ихтисоси иловагӣ (маърифати оиладорӣ) ва рӯзноманигорӣ ва дар таълими фосилавӣ аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик мутахассисонро тайёр менамояд.
Забон ва адабиёти тоҷик
Ихтисоси “Забон ва адабиёти тоҷик” дар факултет дар таълими рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кору фаъолият карда метавонанд.
Рӯзноманигорӣ
Дар факултет аз соли 2009-ум инҷониб ихтисоси «Рӯзноманигорӣ» таъсис дода шудааст. То имрӯз хатмкунандагони ин ихтисос дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд дар телевизиону радио, рӯзномаю маҷаллаҳо ва ВАО фаъолият намоянд. Гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва КМРО дар ихтисоси мазкур дар радиои факултетии донишгоҳ «Сурӯши ҷавонӣ» ба роҳ монда мешаванд. Инчунин таҷрибаомӯзии таълимии ихтисоси рӯзноманигорӣ дар ТВ Кӯлоб, филиали ТВ Сафина дар шаҳри Кӯлоб ва ТВ Ҷаҳоннамо гузаронида мешаванд.
Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ
Ихтисоси «забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ» мутахассисонеро омода менамояд, ки забоншиносиро дар технологияи нави иттилоотӣ инъикос менамояд. Донишҷӯёни ин навъи ихтисос давоми таҳсил омӯзиши фанҳои забони русӣ, забони англисӣ, технологияи информатсионӣ ва илмҳои филологиро мехонанд. Омӯзгорони соҳибунвон ва донандаи забонҳои хориҷӣ ба онҳо дарс мегузаранд. Ҳамчунин дар машғулиятҳои технологияи информатсионӣ донишҷӯён ба тарзи таҳия намудани пайкараи аҳли илму адаб, таҳия намудани фарҳангҳо ва луғатҳо машғул мешаванд. Хатмкунандагони ин ихтисос дар вазифаҳои омӯзгори фанни забони тоҷикӣ, барномасоз, саҳифабанд ва дигар вазифаҳо кору фаъолият намуда метавонанд.
Забон ва адабиёти тоҷик. Ихтисоси иловагӣ (маърифати оиладорӣ)
Ихтисоси мазкур соли 2020 таъсис дода шуда, мутахассисони соҳаи забон ва адабиёти тоҷик, инчунин омӯзгорони фанни маърифати оиладорӣ омода карда мешаванд.
Ихтисосҳои факултет ба ҷамъият манфиатрасон буда, хатмкунандагони ин ихтисосҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар кору фаъолият менамоянд. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар таълими рӯзона аз рӯи низоми кредитӣ ва дар таълими фосилавӣ низ аз рӯи низоми кредитӣ ва фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар факултет 3 кафедра амал менамояд:
Кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон
Кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултет аз фанҳои забони тоҷикӣ, таърихи забон, услубшиносӣ, забонҳои эрони бостон, маданияти сухан, таҳлили лингвистии матн, хат ва имлои матни калассикӣ, ҳусни баён дарсҳои назарӣ ва машғулиятҳои амалӣ мегузаранд. Мудирии кафедраро доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ ба зимма дорад. Дар кафедра омӯзгорони соҳибунвон ба донишҷӯён дарс мегузаранд.
Дар кафедра ду маҳфил амал менамояд. Роҳбарии маҳфили “Забоншинос”-ро ассистенти кафедра Ситораи Абдурасул ва маҳфили “Методист”-ро ассистенти кафедра Бобоев Бахтовар роҳбарӣ менамоянд.
Кафедраи адабиёти тоҷик
Кафедраи адабиёти тоҷик ҷузъи таркибии сохтори донишгоҳ ва факултети филологияи тоҷик ва журналистика буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад. Мудирии кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқова Зайналбӣ Кенҷаевана ба ӯҳда дорад.
Дар кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика як маҳфил амал менамояд. Роҳбарии маҳфили “Адабиётшинос”-ро саромӯзгори кафедра Назиров Мадалӣ ба зимма дорад.
Кафедраи журналистика
Самти фаъолияти кафедари мазкур ба соҳаи ВАО марбут буда, мутахассисон аз рӯйи як ихтисос омода карда мешаванд. Дар соли 2022 дар кафедраи журналистика ҳамагӣ 11 нафар омӯзгорон ва 1 коргузор фаъолият доранд, ки қисме аз онҳо омӯзгорони соҳиби унвони илмидошта мебошад. Дар кафедраи мазкур маҳфили “Рӯзноманигори ҷавон” амал карда, роҳбарии онро ассистенти кафедра Муслимов Исмоил ба зимма дорад.