KGU

Таърихи факултет

1.Таърихи таъсис. Факултети филологияи тоҷик ва журналистика ҳамсоли Донишгоҳ буда, соли 1945 бо номи факултети забон ва адабиёти тоҷик таъсис ёфтааст.

Дар соли таҳсили 1956-1957 факултети забон ва адабиёти тоҷик бо факултети таърих муттаҳид карда шуда, факултети таърих ва филология номгузорӣ гардид. Аз соли 1961 то давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети таърих барҳам дода шуд ва факултет номи забон ва адабиёти тоҷикро гирифт.

Муаллимони нахустини факултет Анвер Аминов, Муҳаммадӣ Исматуллоев, Қодир Рустамов, Саид Исмоилов, Ғулом Ятимов, Шаҳидӣ Каримов буданд. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда баъди ташкилёбии Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб як зумра хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва аспирантураи донишгоҳҳои Душанбе аз қабили Асадулло Сӯфиев, Х. Муҳибов, Барот Муродов, Мадохир Қурбонов, Изатулло Тамлихоев, А. Сатторӣ, Анвер Аминов, Шукрӣ Иброҳимовро ба кор фиристод.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин олимони машҳури Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории Душанбе аз қабили академикҳо Абдулғанӣ Мирзоев, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Раҷаб Амонов, Муҳаммадҷон Шукуров, профессорон Соҳиб Табаров, Раззоқ Ғаффоров, Шарофиддин Рустамов, Додихудо Карамшоев, Муҳаммадӣ Исматуллоев, Абдулғанӣ Эшонҷонов, Носирҷон Маъсумӣ, Абдусаттор Мирзоев, Собирҷон Мирзоевро барои кору дастгирии ҳайати омӯзгорони Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб фиристод.

Дар давраи фаъолияти Донишкадаи муаллимтайёркунии Кӯлоб дар факултети забон ва адабиёти тоҷик дар қатори мутахассисони забон ва адабиёти тоҷик инчунин мутахассисони забон ва адабиёти рус низ тайёр карда мешуд. Михайличенко Григорий Саввич муаллими фанни забон ва адабиёти рус дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷик фаъолият мекард.

Нахустсоли таъсиси Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб 5 кафедра фаъолият мекард, ки яке аз онҳо кафедраи забон ва адабиёти тоҷик мутаалиқ ба факултети филологияи тоҷик буд.

Соли 2009 баъди таъсиси шуъбаи журналистика факултети забон ва адабиёти тоҷик ба факултети филологияи тоҷик ва журналистика номгузорӣ карда шуд.

2. Бунёдгузорони факултет. Дар солҳои аввали ташкилёбии Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб факултети филологияи тоҷик таъсис ёфтааст, ки ин тақозои ҳаёт маҳсуб меёфт, зеро барои муассисаҳои маорифу фарҳанги ҷумҳурӣ, матбуот ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ мутахассисони маълумотдор хеле зарур буд.

Бо сабаби нарасидани кадрҳои унвони илмидошта хатмкардагони факултет ба кор ҷалб карда шуданд. Аз ҷумла Саидқул Сабзаев, Саидов Раҳим, Муродалӣ Набиев, Шовалӣ Саидҷаъфаров, Аҳмад Алиев, Ғоиб Мирзоев, Искандар Икромов, Маъруфи Раҷабро ном бурдан лоиқ аст, ки то ба унвони докторӣ ва номзади илмӣ расиданд.

Аз солҳои 70-ум то охирҳои солҳои 90 – уми асри ХХ дар рушду нумуи минбаъдаи факултет олимони варзида, профессорон Раҳим Саидов, Искандар Икромов, Аламхон Кӯчаров, дотсентон Рустам Қодиров, Соат Чалишев, Барот Нозимов, Саидқул Сабзаев, Шовалӣ Саидҷаъфаров, Ёралӣ Содиқов, Ғоиб Мирзоев, Аҳмад Алиев, Қаюм Сангов, Ҷумъахон Алимӣ, Барот Латифов ва бисёр дигарон саҳми арзанда гузоштаанд.

3. Сарварони факултет. Бисёр донишмандон ва чеҳраҳои маъруф ба ин факултет сарварӣ кардаанд. Нахустин декани факултети филология, ки он замон номи забон ва адабиёти тоҷикро дошт Абдулло Раҳимов таъйин мешаванд. Баъдан номзади илмҳои фиология Шаҳидӣ Каримов ба ин вазифа пазируфта мешавад. Баъди муттаҳид шудани факултет ба шуъбаи таърих факултет номи филология ва таърихро мегирад. Аз соли 1953 то 1965 Боғиров Хусайн Боғирович таъйин мегардад. Аз соли 1965 то соли 1974 сарварии факултетро номзади илмҳои филология Қодиров Рустам иҷро менамояд. Баъдан дотсент Соат Чалишев, аз соли 1974 то соли 1981, аз соли 1981 то соли 1985 профессор Раҳим Саидов, аз соли 1985 то1992 дотсент Барот Нозимов, аз соли 1992 то 2004 дотсент Шовалӣ Саидҷаъфаров, аз соли 2004 то 2009 маротибаи дуюм Раҳим Саидов доктори илмҳои филология, профессор, аз соли 2009 то соли 2012 дотсентон ва омӯзгорони зерин Сайдаҳтам Юнусов, Грез Иброҳимов, Ғоиб Мирзоев, Фарҳод Шафиев, Бахтиёр Ғаффоров, Ашурова Нодира, Холиқова Зайналбӣ, Зулфиев Гадомад, Сафарзода Манучеҳр сарварии факултетро ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2019 инҷониб ин вазифаи пурмасъул бар души дотсент Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад вогузор шудааст.

4.Соҳаи фаъолият. Дар факултет то соли 2008 як шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик амал мекард, ки барои соҳаҳои хоҷагии халқ ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик тайёр мекард. Бо кӯшиши босамару натиҷадеҳ маъмурияти донишгоҳ дар соли таҳсили 2008-2009 ихтисоси рӯзноманигориро дар назди кафедраи адабиёти тоҷик кушоданд ва аввалин донишҷӯён ба ин гурӯҳ қабул гардиданд. Баъдан соли 2011 дар натиҷаи мукаммал гардидани ин шуъба бо фармони ректор кафедраи мустақил бо номи журналистика ифтитоҳ меёбад. Дар соли таҳсили 2013 – 2014 шуъбаи нави ба замони нав мутобиқ «Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ» кушода шуд. Инчунин соли 2020 ихтисоси дигар - Забон ва адабиёти тоҷик. Ихтисоси иловагӣ (маърифати оиладорӣ) таъсис дода шуд.

Инчунин барои беҳбудии раванди таълим дар бахшҳои забономӯзӣ, адабиётшиносӣ, рӯзноманигорӣ кабинетҳои фаннӣ фаъолият мекунанд, ки бо адабиёт ва таҷҳизоти техникӣ таъмин карда шудаанд. Дар назди кафедраҳои тахассусӣ барои тарбияи илмӣ ва касбии шогирдон ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ маҳфилҳои фаннии «Адабиётшинос», «Методист». «Забоншинос», «Рӯзноманигор» фаъолият менамоянд. Дар факултет инчунин маҳфили илмӣ – амалии «Ҳамадоншинос» зери роҳбарии дотсент Содиқов Ёралӣ амал мекунад, ки дар он донишҷӯён оид ба рӯзгору осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маърӯзаҳо мекунанд.

Дар факултет корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён пайваста ба рафти таълим ҷараён дорад. Устодон, докторантон ва унвонҷӯёни кафедраҳо аз рӯи самтҳои муайяни илмӣ кори тадқиқотӣ мебаранд.

Устодони факултет дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд. Махсусан олимони соҳаи филология профессорон Аламхон Кӯчаров, Ҷумъахон Алимӣ, Ашурова Нодира, доктор Нодира Ашурова, дотсентон Ғоиб Мирзоев, Барот Латифов, Ҳотам Асозода, номзадони илми филология , Зайналбӣ Холиқова, Шарофат Худойдодова, Давлатов Эраҷ, Зулфиев Гадомад, Темуров Ҷаҳонгир ва Давлатова Фароғат на танҳо дар шаҳру минтақа, балки дар ҷумҳурӣ маълуму машҳуранд.

САРВАРОНИ ФАКУЛТЕТ

1. Абдулло Раҳимов - солҳои 1945-1947;
2. Шаҳидӣ Каримов - солҳои 1947-1948;
3. Боғиров Ҳусейн Боғирович - солҳои 1953-1965;
4. Қодир Рустамов - солҳои 1965-1974;
5. Соат Чалишев - солҳои 1974-1981;
6. Раҳим Саидов - солҳои 1981- 1985; 2004-2009
7. Барот Нозимов - солҳои 1985- 1992;
8. Шовалӣ Саидҷаъфаров - солҳои 1992-2004;
9. Сайдаҳтам Юнусов - аз феврали соли 2009 то ноябри 2009;
10. Фарҳод Шафиев - аз ноябри соли 2009 то феврали соли 2010;
11. Бахтиёр Ғаффоров - аз феврали 2010 то ноябри 2010;
12. Грез Иброҳимов -  аз ноябри 2010 то ноябри 2011;
13. Ғоиб Мирзоев - аз ноябри соли 2011 то декабри 2012;
14. Нодира Ашӯрова – аз декабри соли 2012  то ноябри соли 2015.
15. Холиқова Зайналбӣ – аз ноябри соли 2015 то сентябри соли 2017.
16.Зулфиев Гадомад-аз сентябри соли 2017 то августи соли 2018;
17.Ашурова Нодира –аз августи 2018 то 9-уми октябри соли 2018;
18.Сафарзода Манучеҳри Наҷот-аз 9-уми октябр ;
19. Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад - аз соли 2019 то инҷониб

КОРМАНДОНИ ШОИСТАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1.Аламхон Кӯчаров – д.и.ф., профессори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика;
2.Грез Иброҳимов - н.и.п., дотсенти кафедраи педагогикаи умумӣ;
3.Барот Латифов – н.и.ф, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими он.
4.Ғоиб Мирзоев – н.и.ф., дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими он.
5.Шарофат Худойдодова – н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика.

ДОРАНДАИ ОРДЕНИ «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО»

1.Кӯчаров Аламхон - д.и.ф. профессори кафедраи адабиёти тоҷик;

ДОРАНДАГОНИ ИФТИХОРНОМАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1.Грез Иброҳимов – н.и.п. дотсенти кафедраи умумидонишгоҳӣ;

АЪЛОЧИЁНИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН

1. Аламхон Кӯчаров - доктор, профессори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика;
2. Искандар Икромов - доктор, профессори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика;
3. Грез Иброҳимов - н.и.п., дотсенти кафедраи педагогикаи умумӣ;
4.Ғоиб Мирзоев - н.и.ф., дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими он;
5.Муҳаммадсафар Давлатов - саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика;
6.Қаюм Сангов - н.и.п., дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими он;
7.Барот Латифов- н.и.ф., дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими он;
10.Нодира Ашӯрова - н. и.ф.и.в., дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика
11.Маҳтовбӣ Мирзоева – саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика;
12. Шарофат Худойдодова - н.и.ф., ноиби ректор оид ба муносибатҳои хориҷӣ.
13. Холиқова Зайналбӣ – н. и.ф., дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика.

АЪЗОЁНИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

1. Аламхон Кӯчаров - д.и.ф., профессори кафедраи адабиёти тоҷик;

АЪЗОЁНИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН

1. Грез Иброҳимов - дотсенти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ;
2. Ҷумъахон Алимӣ - д.и.ф., профессор, мудири кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими он;
3. Шарофат Худойдодова - н.и.ф., ноиби ректор оид ба муносибатҳои хориҷӣ;
4. Бахтиёр Сафаров - саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика;
5. Ширинҷон Сафаров – омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика;
6. Сафарзода Манучеҳр – саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика;
7. Эраҷ Давлатов – н.и.ф., и.в. дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими он;
8.Темуров Ҷаҳонгир – н.и.ф., саромӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими он;
9. Шаҳбози Рустамшо - саромӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими он;
10. Алишери Абдулмаҷид – ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика.

АЪЛОЧИЁНИ МАТБУОТ, РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН

1. Шарофат Худойдодова - н.и.ф., ноиби ректор оид ба муносибатҳои хориҷӣ;
2. Ширинҷон Сафаров - омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика;
4. Дилшод Назирмадов - саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика.

ИФТИХОРИ МО

1. Абдулҳақов Нусратулло - ходими сиёсӣ ва давлатӣ, генерал- майор, собиқ вазири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Қурбонов Исмоил - ходими сиёсӣ ва давлатӣ, генерал-майор, собиқ вазири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Ятимов Саймуъмин Сатторович–раиси Кумитаи давлатии амнияти миллииҶумҳурииТоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор;
4. Мирзошоев Султон - ходими давлатӣ ва ҳизбӣ, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
5.Сафаров Амирхон - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6.Соҳибназаров Амирхуҷа - собиқ раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7.Ашӯр Сафар – Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
8.Ҳақназар Ғоиб - Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии ба номи Мирзо Турсунзода, узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб»;
9.Саидҷон Ҳакимзода - шоир, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
10.Хосият Вализода - шоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
11. Раҳмонов Саид - нависанда, рӯзноманигори «Ҳақиқати Кӯлоб (Кулябская правда)», узви Иттифоқи нависандони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;
12.Раҷабов Маъруф - узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология;
13.Сафар Амирхон - шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
14.Наср Бобо - шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
15.Сафаров Раҳмон - нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
16.Саидов Шариф - собиқ мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб;
17.Одина Ҳошим - сароянда, Ҳофизи халқии Тоҷикистон;
18.Сафаров Ниёз - собиқ сардори раёсати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Вазорати маорифи Тоҷикистон, муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон;
19.Қармишев Ҳасан - собиқ мудири шуъбаи маорифи вилояти Кӯлоб;
20.Раҳмоналиев Давлаталӣ - журналисти воқеанигор, Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон;
21.Сафаров Ҷумъахон - сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
22.Сафар Аюбзодаи Маҳзун - шоир, узви Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;
23.Азизов Бобоҷон - сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
24.Холов Аслам - раиси суди шаҳри Ваҳдат;
25. Мираҳмади Амиршо - рӯзноманигор ва нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;
26. Шарифҷон Ҳакимзода - мушовири ёрдамчӣ оид ба сиёсати кадрии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон