Факултети иқтисодӣ бо ташаббус ва талошҳои дурбинонаи омӯзгорони соҳибэҳтиром доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифов З.С., доктори илмҳои техникӣ, профессор Фазлиддинов С., номзадҳои илми иқтисодӣ Шарифов Ф.Н., Конькова А.А., Қурбоналиев Б.Қ ва инчунин Абдураҳмонов У., Ҷалилов С., Латипов М., Бобоев Ф., Салимов Ш., Бобохуҷаев С., Ғуломнабиев К., Ивазов А., ки аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ чалб шуда буданд, моҳи августи соли 1992 ба сифати сохтори мустақил ташкил карда шудааст. Новобаста ба шароити вазнини зиндагӣ ва душвории кор дар шароити Ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони зикр гардида тавонистанд дар рушди таълиму тарбияи донишҷӯён ва эҳёи як мактаби нави иқтисодчиён дар шаҳри Кӯлоб саҳм гузоранд.
Асоси факултетро дар соли таъсисёбиаш кафедраи назарияи иктисодӣ, ки он вақт 8-нафар муаллимон дар он кор мекарданд, ташкил медод. Дар байни онҳо 4-нафар номзади илм, 2-нафар муаллимони калон ва 2-нафар ассистентон фаъолият мекарданд. Соли 1994 дар факултет 2- кафедраи тахассусӣ кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ (мудири кафедра дотсент Ҷураев О.) ва кафедраи банақшагирӣ ва ояндабинӣ (мудири кафедра дотсент Расулов Н.С.) дар заминаи кафедраи назарияи иқтисодӣ ташкил гардид. Дар ин кафедраҳо дар солҳои гуногун аз 12 то 16 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мекарданд. Дар натиҷаи тағйироти номенклатурии тайёр намудани мутахассисон дар соли 1998 кафедраҳои факултет ба кафедраи Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (мудири кафедра дотсент Ҷураев О.) ва кафедраи Идоракунӣ (мудири кафедра дотсент Расулов Н.С.) табдил дода шуд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳамон сол кафедраи Идоракунӣ шӯъбаи географияи иқтисодӣ кушода шуд, ки муттахассисонро барои таълими фанни география дар мактабҳои миёна ба тайёр кардан оғоз намуд. Аввалин маротиба соли 2003 18-нафар донишҷӯён ин шӯъбаро бо ихтисоси муаллими география хатм намуданд.
Факултети иқтисод ва идора дар заминаи факултаи иқтисодӣ таъсис дода шуда, чун воҳиди мустақил фаъолияти худро аз моҳи августи соли 1992 оғоз намудааст. Асоси факултаро кафедраи назарияи иқтисодӣ ташкил медод, ки он замон аз ҳайати 8 нафар профессорону омӯзгорон иборат буд.
Аз 6.04. 2014, таҳти рақами № 57 бо фармони ректори донишгоҳ факултети мазкур ба ду факултети алоҳида Иқтисод ва идора ва Молиявию иқтисодӣ ҷудо карда шуд.
Аз 16.01.2018, таҳти рақами № 13 бо фармоиши ректори донишгоҳ дар бораи ворид намудани тағйирот ба сохтори донишгоҳ факултетҳои Иқтисод ва идора ва Молиявию иқтисодӣ муттаҳид гардида, факултети Молиявию иқтисодӣ номгузорӣ карда шуд.
Аз 21.09.2019, таҳти рақами № 146 бо фармоиши ректори донишгоҳ дар бораи ворид намудани тағйирот ба сохтори донишгоҳ ба сохтори факултети Молиявию иқтисодӣ тағйирот ворид карда шуда, факултети Молиявию иқтисодӣ ба факултетҳои «Иқтисод ва идора» ва «Молиявию иқтисодӣ» ҷудо ва номгузорӣ карда шуд.
Дар марҳилаҳои гуногуни таърихи факултет омӯзгорони зерин ба ҳайси декани факултет кору фаъолият намудаанд:
Бо қарори Шурои олимони донишгоҳ аз 01.07.2022 ба сохтори факултет тағйирот ворид гардида, кафедраи географияи сайёҳӣ ба сохтори факултет ворид гардид.
Аз соли 1992 инҷониб факултетро шахсиятҳои донишманд, маъруф ва коршиносоне хатм намудаанд, ки айни ҳол дар вазифаҳои гуногун адои хизмат намуда истодаанд:
● Ҳақназарова Зулайхо – собиқ раиси кумитаи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон;
● Абдулқайси Сайҷаббор – сардори шӯъбаи назорати асъори Бонки миллии Тоҷикистон;
● Саймухтори Тоҳирхон – сардори шӯъбаи хизматрасонии кортҳои пластикии БДА №56 Амонатбонки шаҳри Кӯлоб;
● Шарипов Бедил Бахтиёрович – муовини директори муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи иқтисодӣ-техникии ш.Кӯлоб;
● Рабиев Зоҳир – директори Коллеҷи ғайридавлатии тиббии ш.Кӯлоб;
● Акрамова Сайёра – сардори РАСИН-и н.Балҷувон;
● Розиқова Рухшона – директори РТ ГБОУ ба номи Ушинский К.Д.
● Хушвахтзода Сиёвуш – сардори шӯъбаи кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи ҷумҳурӣ.
● Одиназода Комрон Аброр – н.и.и., дотсенти Донишгоҳи байналмиллалии соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва ғайраҳо.