KGU

Молиявию иқтисодӣ

Факултети молиявию иқтисодӣ

МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ.jpg

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 06.04.2014, №57 дар заминаи собиқ факултети иқтисодии донишгоҳ таъсис дода шудааст. Факултет ҳамчун маҳзани илму дониш дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос вобаста ба самтҳои гуногуни иқтисоди миллӣ нақши босазо дорад.

Дар факултети молиявию иқтисодӣ дар соли таҳсили 2022-2023 – 53 нафар (кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит 11 нафар, кафедраи назарияи иқтисодӣ 18 нафар, кафедраи молия ва қарз 23 нафар, 1 нафар декани факултет) омӯзгорону кормандон фаъолият менамоянд, ки 13 нафари онҳоро омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ташкил медиҳад, аз ин шумора 2 нафар доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор (ҳамкори беруна), 5 нафар номзадони илм, дотсент (ҳамкори беруна), 6 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент (корманди асосӣ), 15 нафар муаллими калон, 25 нафар ассистент, ки аз ин шумора 3 нафар ба ҳайси ҳамкор фаъолият доранд ва 3 нафарро кормандони техникӣ ташкил медиҳанд.

Таълим. Факултет аз рӯи се зинаи таҳсилот: бакалавриат (рӯзона, фосилавӣ), магистратура ва докторантураи PhD мутахассисони соҳаи иқтисодиро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

  1. 1-250103 - иқтисодиёти ҷаҳонӣ (тоҷикӣ, англисӣ)
  2. 1-250111 – аудит ва ревизия
  3. 1-250104 - молия ва қарз (тоҷикӣ, рӯсӣ)
  4. 1-25010402 - кори бонкӣ
  5. 1-25010403 - андоз ва андозбандӣ
  6. 1-25010803 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ
  7. 6D050800 - баҳисобгирии бухгалтерӣ.

Мавриди зикр аст, ки робитаҳои ҳамкории факултет бо факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ва диагр МТОК-и ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар самтҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ самаранок ба роҳ монда шудааст.

Факултет механизми беҳтарсозии фазои ҳамкориҳоро баҳри рушди малакаи касбии донишҷӯён бо шуъбаҳои бухгалтерии ташкилотҳо, муассисаҳои бонкӣ ва молиявии минтақавию ҷумҳуриявӣ ба роҳ мондааст.

Айни ҳол теъдоди умуми таҳсилкунандагон дар соли 2022-2023 дар факултети молиявию иқтисодӣ дар таълими рӯзона, фосилавӣ, магистратура ва докторантураи PhD ҳамагӣ 831 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз ин шумора 620 нафар ба таълими рӯзона, 205 нафар ба таҳсилоти фосилавӣ, 6 нафар ба магистратура рост меояд.

Роҳбарият. Аз оғози таъсисёбӣ (соли 1992) то ҳол омӯзгорони зерин ба ҳайси декани факултет фаъолият намудаанд:

  1. Шарипов З.С. - д.и.и., дотсент (солҳои 1992-1996);
  2. Қурбоналиев Б.Ҳ. - н.и.и., дотсент (солҳои 1996-2003);
  3. Конкова А.А. - н.и.и., дотсент (солҳои 2003-2006);
  4. Расулов Н.С. - н.и.ф-м, дотсент (солҳои 2006-2009, 2011-2013);
  5. Юнусов С.С. - н.и.п., дотсент (солҳои 2009-2010);
  6. Назаров П.С. - н.и.с., дотсент (солҳои 2010-2011);
  7. Куганов Н.К. – н.и.и, дотсент (солҳои 2013-2014, 09.2019-01.2020);
  8. Мирсаидов М.Н. – н.и.и., дотсент (солҳои 2014-2016, 2017-2018);
  9. Амиров Ф., Шафиев Б. - (соли 2016);

Айни ҳол аз моҳи ноябри соли 2018 вазифаи декании факултетро н.и.и., дотсент Каҷкулоев Абдухолиқ Фатҳулоевич ба уҳда  дорад.

Дар вазифаҳои ҷонишинони декан: Давлатов Гулаҳмад - оид ба таълими рӯзона, Сафаров Зулфиқор - оид ба таълими ғоибона ва Тешаев Мирзошариф оид ба тарбия кору фаъолият доранд.

Раиси иттифоқи касабаи омӯзгорон – Сафаров Амиралӣ, муаллими калон, Раиси Шурои занон ва духтарони факултет – Вазирзода Дилором, муаллими калон.

Дар факултет се кафедра аз рӯи 6 ихтисос фаъолият мекунанд.

КАФЕДРАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА АУДИТ

Кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит соли 2022 таъсис дода шудааст. Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра 11 нафарро ташкил медиҳад. Вазифаи мудири кафедраро н.и.и, дотсент Куганов Неъматулло бар дӯш дорад. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои 1-25010803 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ, 6D050800 - баҳисобгирии бухгалтерӣ ва 1-250111 – аудит ва ревизия мутахассисони соҳибкасб таёр мекунад.

КАФЕДРАИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ

Кафедраи назарияи иқтисодӣ аз соли 1992 таъсис дода шудааст. Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра 18 нафарро ташкил медиҳад. Вазифаи мудири кафедраро н.и.и, муаллими калон Сафаров Аъзам бар дӯш дорад. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои 1-250103 - иқтисодиёти ҷаҳонӣ (тоҷикӣ, англисӣ) мутахассисони соҳибкасб таёр мекунад.

КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Кафедраи молия ва қарз соли 2014 дар заминаи факултети навтаъсиси молиявию иқтисодӣ таъсис ёфтааст. Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра 23 нафарро ташкил медиҳад. Вазифаи мудири кафедраро н.и.и., дотсент Комилов Низомиддин бар дӯш дорад. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои 1-250104 - молия ва қарз (тоҷикӣ, рӯсӣ), 1-25010402 - кори бонкӣ ва 1-25010403 - андоз ва андозбандӣ мутахассисони соҳибкасб таёр мекунад.

Дар факултети молиявию иқтисодӣ 7 синфхона (1 толор) – и дорои тахтаҳои электронӣ ва 1 синфхонаи компютерӣ бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мавҷуд буда, барои баланд бардоштани сифати таълим ва таъмини самаранокии раванди таълиму тарбия дар факултет воситаи муҳим арзёбӣ мегарданд.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №5
Телефони корӣ: (+992 83322) 2-36-64
E-mail: moliyavi.iqtisodi@kgu.tj