Факултет бо ташаббус ва талошҳои омӯзгорони соҳибэҳтиром академик Каримов С. (собиқ ректори донишгоҳ), Шариф З.С., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор; Фазлиддинов С., доктори илмҳои техникӣ, профессор; номзадҳои илми иқтисодӣ Шарифов Ф.Н., Конькова А.А., Қурбоналиев Б.Қ., Ҷалилов С., Латипов М., Бобоев Ф., Салимов Ш., Бобохуҷаев С., Ғуломнабиев К., Ивазов А., ки аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷалб шуда буданд, моҳи августи соли 1992 ба сифати сохтори мустақил ташкил карда шудааст.
Асоси факултетро дар соли таъсисёбияш кафедраи назарияи иктисодӣ, ки он вақт 8-нафар муаллимон дар он кор мекарданд, ташкил медод. Дар байни онҳо 4-нафар номзади илм, 2-нафар муаллимони калон ва 2-нафар ассистентон фаъолият мекарданд. Соли 1994 дар факултет дар заминаи кафедраи назарияи иқтисодӣ 2- кафедраи тахассусӣ: кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ (мудири кафедра дотсент Ҷураев О.) ва кафедраи банақшагирӣ ва ояндабинӣ (мудири кафедра дотсент Расулов Н.С.), ташкил гардид. Дар ин кафедраҳо дар солҳои гуногун аз 12 то 16 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мекарданд. Дар натиҷаи тағйироти номенклатурии тайёр намудани мутахассисон дар соли 1998 кафедраҳои факултет ба кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (мудири кафедра дотсент Ҷураев О.) ва кафедраи идоракунӣ (мудири кафедра дотсент Расулов Н.С.) табдил дода шуд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳамон сол дар кафедраи идоракунӣ шуъбаи географияи иқтисодӣ кушода шуд, ки мутахассисонро барои таълими фанни география дар мактабҳои миёна ба тайёр кардан оғоз намуд. Аввалин маротиба соли 2003 18-нафар донишҷӯён ин шуъбаро бо ихтисоси муаллими география хатм намуданд.