KGU

Омӯзгорӣ ва фарҳанг

Факултети Омӯзгорӣ ва фарҳанг

omuzgori.JPGФАКУЛТАИ-ОМУЗГОРИ.png

Факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг соли 1968 ки шуъбаҳои методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ, педагогика ва психологияро дар бар мегирифт, таъсис дода шуда, дар тайёр намудани омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳми босазои худро гузошта истодааст.

Ҳайати устодону омӯзгорони факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, ки иборат аз 1 нафар доктори илмҳои педагогӣ, и.в.профессор Иззатова М.И., 1нафар дотсент, и.в.профессор Изатуллоев К., (2 нафар корманди асосӣ), 3 нафар дотсент Набиев М., Шералиева С.М., Бозоров Х. (3 нафар корманди асосӣ), 7 нафар номзади илм (5 нафар корманди асосӣ) н.и.п.Фархуддинов И., н.и.п. Акбарова М.Н., н.и.п.Мирзоева Б.И., н.и.п, Шарипов Б.Ф., н.и.п.Ғафоров А., 1 нафар ҳамкори беруна н.и.п. Даминова А., 9 нафар муаллими калон (корманди асосӣ) 26 нафар ассистент (11 нафар корманди асосӣ, 6 нафар ҳамкори дохила, 9 нафар ҳамкори беруна), 2 нафар ба ҳайси лаборант, 1 нафар ба ҳайси коргузор мебошад, ки дар маҷмуъ 51 нафар устодону омӯзгоронро ташкил медиҳанд, талош бар он намудаанд, ки дар иҷрои масъулияти басо муҳим, таълиму тарбияи насли ҷавон, ки ояндаи давлат ва миллат ба ҳисоб мераванд, саҳми хешро гузоранд.

            Дар соли таҳсили 2022-2023 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар таълими рӯзона 835 нафар донишҷӯ, 690 нафар духтар, 145 нафар писар, 498 нафар тариқи шартномавӣ, 324 нафар тариқи буҷавӣ ва 22 нафар тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд.

            Ҳамчунин дар шуъбаи магистратураи факултет 29 нафар, ки аз ин шумора 23 нафарашро духтарон ва 6 нафарашро писарон ташкил мекунад, таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии таҳсилкунандагони шуъбаи магистратура 3 нафар тариқи шартномавӣ ва 26 нафар тариқи буҷавӣ таҳсил менамоянд. Дар зинаи докторантура 5 нафар.    

 Дар таълими фосилавӣ 1506 нафар донишҷӯ, 1471 нафар зан, 35 нафар мард, 1010 нафар тариқи шартномавӣ, 496 нафар тариқи буҷавӣ таҳсил мекарданд.

 Дар маҷмӯъ дар соли таҳсили 2022-2023 дар таълими рӯзона, фосилавӣ, шуъбаи магистратура ва докторантураи факултет 2375 нафар донишҷӯ, магистрант ва докторант таҳсил мекунад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар факултет шуъбаи магистратура аз рӯйи ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ бо иловаи забони русӣ амал менамояд, ки 29 нафар магистрант ба таълим фаро гирифта шудааст.

            Дар таълими рӯзона 54 гурӯҳи таълимӣ ва дар таълими фосилавӣ 35 гурӯҳи таълимӣ дар маҷмӯъ 89 гурӯҳи таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

            Соли таҳсили 2021-2022 факултетро дар таълими рӯзона 145 нафар, дар таълими фосилавӣ 347 нафар ва дар зинаи магистратура 12 нафар, дар маҷмӯъ 504 нафар донишҷӯ ва магистрант (23 гурӯҳи таълимӣ) аз рӯйи ихтисосҳои гуногун хатм намуданд, ки аз инҳо 4-нафар донишҷӯ (таълими рӯзона) ва 2 нафар магистрант бо дипломи аъло донишгоҳро хатм намуданд.

Дар факултет дар соли таҳсили 2022-2023 донишҷӯён аз рӯи 14 ихтисос: таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти ибтидоӣ бо иловаи забони русӣ, таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ бо иловаи санъати мусиқӣ, равоншиноси амалӣ, дефектология, сурдопедагогика, олигофренопедагогика, логопедия, китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, санъати тасвирӣ, логопедия, таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти томактабӣ таҳсил намуда истодаанд. Ба таълими рӯзонаи факултет 292 нафар донишҷӯён (14 гурӯҳи таълимӣ) аз рӯи ихтисосҳои номбурда қабул карда шудаанд, ки аз инҳо 105 нафарашон тариқи буҷавӣ, 8 нафар тариқи квотаи Президентӣ, 179 нафарашон тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Дар таълими фосилавӣ бошад дар соли таҳсили 2022-2023 169 нафар донишҷӯён (6 гурӯҳи таълимӣ) қабул карда шудаанд, ки аз инҳо 163 нафар тариқи шартномавӣ, 6 нафар тариқӣ буҷавӣ, 166 нафар зан ва 3 нафар писарон мебошанд.

Дар соли таҳсили 2022-2023 дар факултет 5 синфхонаи бо тахтаи электронӣ муҷаҳазонидашуда фаъолият мекунад. Дар панҷ синфхонаи бо тахтаи электронӣ муҷаҳҳазонидашуда омӯзгорон аз рӯи ҷадвалӣ дарсие, ки дар худи ҳамин синфхонаҳо овезон аст, дарс мегӯянд.

Дар факулта 3 кафедра амал менамояд:

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо:

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо аз соли 1969 арзи вуҷуд дорад. Муаллимони аввалини кафедра Сайдаҳмад Исоев, Соат Чалишев, Кароматулло Қаландаров, Куган Изатуллоев, Ёрали Содиқов, Одина Давлатов, Муродалӣ Набиев, Исроил Исмоилов, Ҷумахон Сайдаҳмадов, Сафар Наҷот буданд. Айни ҳол мудирии кафедраро н.и.ф. дотсент, Шералиева С. М. ба уҳда доранд.

Кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ:

Кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ. Кафедра таърихан аз соли 1968 бо номи кафедраи «Педагогика ва психология» таъсис ёфта, айни замон бо номи кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ фаъолият дорад.Устодони зерин солҳои тулонӣ ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намудаанд: Мирзоев С.С., Ҳафизов С.Б., Ибодов Н., Иззатова М.И., Ҳалимова Д., Табарова З., Бояхмадов Ш., Юлдошева Ҷ., Даминова А. ва гайраҳо. Айни ҳол мудирии кафедраро н.и.п. Шарипов Б.Ф. ба уҳда доранд. 

Кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо:

Кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо соли 2022 таъсис ёфт. Устодони ин кафедра Изатуллоев К., Акбарова М., Давлатов Т., Гулмадов М., Сайдаҳмадова С., Абдуллоев Д., Мавлонов С. ва ғайраҳо мебошанд. Айни ҳол мудирии кафедраро н.и.п. Акбарова М.Н. ба уҳда доранд.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №2
Телефони корӣ: (+992) 3-32-11
E-mail: omuzgori@kgu.tj