Дар солҳои 60-уми асри XX дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон миқдори хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва кӯдакони синну соли томактабӣ афзоиш меёбад. Талабот ба муаллимони касбии синфҳои ибтидоӣ ва кормандону мураббиёни муассисаҳои таълимиву тарбиявии томактабӣ зиёд мешавад.
Бо мақсади ба мутахассисони касбӣ таъмин намудани синфҳои ибтидоӣ ва муассисаҳои томактабӣ дар соли таҳсили 1968-1969 дар назди Донишкадаи омӯзгории давлатии шаҳри Кӯлоб факултети «Педагогика» таъсис дода шуд, ки он аз ду шуъба: шуъбаи методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ бо ихтисоси муаллими синфи ибтидоӣ ва шуъбаи педагогикаю психологияи томактабӣ бо ихтисоси мураббии боғчаи бачагон ва муаллими фанҳои педагогикаю психологияи томактабӣ иборат буд.
Дар соли таҳсили 1968-1969 ба курсҳои якуми факултет 150 нафар донишҷӯён қабул гардида буданд.
Аз ин миқдор 100 нафар дар шуъбаи таълими рӯзонаи ду гуруҳи МТИ (50 нафар) ва ду гуруҳи шуъбаи педагогика ва психология; 50 нафар дар гурӯҳҳои МТИ ва тарбияи томактабӣ дар шуъбаи таълими ғоибона.
Дар соли таҳсили 1968-1969 ҳануз дар факултет кафедраҳо таъсис наёфта буданд ва ба донишҷӯён омӯзгорони кафедраҳои донишкада хизмат мерасониданд. Омӯзгорони аввалини факултет Сайдаҳмад Исоев, Соат Чалишев, Давлатмурод Расулов, Яркаева Ганзия Шариповна, Ёралӣ Содиқов, Кароматулло Қаландаров, Куган Изатуллоев, Муродалӣ Набиев, Одина Давлатов, Исроил Исмоилов, Наҷот Сафаров буданд.
Дар соли хониши 1969-1970 дар назди факултет кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ таъсис ёфта буд. Соли 1974 ин кафедра методикаи таълими ибтидоӣ номида шуд.
Мувофиқи фармони ректори донишгоҳ Қодиров К.Б. аз 4-ноябри соли 2010, №124 ба кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ номи кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ гузошта шуд, ки ин ба номи нави факултет “Факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ” мувофиқ буд.
Соли 1973 кафедраи тарбияи томактабӣ таъсис дода шуд.
Факултет дар солҳои декании Қаландаров К, Бобоев Т. Б. дар соҳаи таълиму тарбияи донишҷӯён ва корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид.
Бо пешниҳоди декани факултет Расулов Д. дар назди факултет як гурӯҳ ихтисоси биология, гурӯҳи таълимии методикаи таълими ибтидоӣ бо забони узбекӣ кушода шуд. Кафедраи забони русии факултет таъсис дода шуд ва ба вазифаи мудир номзади илмҳои филологӣ Сайдаҳмадов Аймамад таъйин гардид. Дар ин кафедра омӯзгорон В. Н. Николайчук, Л.И. Норбекова, Р.Д. Хостикоева, Сайдалиев Додарбек, Муродов Темур фаъолият доштанд. Бо ташаббуси декани факултет Расулов Д. дар назди факултет кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ таъсис дода шуда, дар он номзадҳои илми педагогӣ Расулов Д, Қодиров Қ, Гулмадов Ф ва дигарон ба донишҷӯён аз фанҳои сикли педагогию психологӣ дарс мегуфтанд.
Як қатор омӯзгорони факултет, аз ҷумла Изатуллоев К, Набиев М, Исмоилов И, Қаландаров К, Иззатова М, Ибодов Н, Мирзоев С, Дӯстов С, Маҳмадалиева ва дигарон дар баробари иҷро намудани вазифаҳои омӯзгорӣ, фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро ба ҷо оварда, рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд, китобҳои дарсӣ, васоитҳои таълимӣ навиштанд. Аз ҷониби устодони факултет Изатуллоев К, Ибодов Н, Ҳалимов Ғ. китобҳои дарсии математика барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ, Набиев М. китоби дарсии забони адабии ҳозираи тоҷик, Ҳалимов Д. дар ҳаммуалифӣ китоби дарсии «Санъат ва меҳнат» навишта шуда, дастраси хонандагону омӯзгорон гардонидаанд.
Ҳамин тавр, дар факултет барои ба сифати баланд гузаронидани ҳамаи шаклҳои таълим бо донишҷӯён ба базаи устувори кадрии педагогӣ ташкил ёфтааст.
Ёдовар шудан лозим аст, ки як гурӯҳ омӯзгорони факултет бо унвонҳои баланди илмӣ ноил гардидаанд, аз ҷумла Арабов И. А. доктори илмҳои педагогӣ, шодравон Қодиров Қ.Б. доктори илмҳои педагогӣ, академики Академияи таҳсилоти Ҷумҳурӣ, шодравон Афзалов Х. доктори илмҳои педагогӣ, шодравон Паҳлавонов А.,Иззатова М.И. доктори илмҳои педагогӣ, Гулмадов Ф, доктори илмҳои педагогӣ, шодравон Мустафоқулов Т., номзади илмҳои психологӣ.
Пурқувват гардидани асоси илмию кадрии факултет боиси зиёд шудани нақшаи қабули донишҷӯён гардид. Агар дар соли аввали ташкилёбӣ дар шуъбаи таълими рӯзона 4 гурӯҳ ва дар шуъбаи таҳсили ғоибона 2 гурӯҳ таҳсил мекарданд, онгоҳ дар солҳои 80-уми асри XX (давраи аз тарафи Расулов Д. ба ҷо овардани вазифаи деканӣ) миқдори гурӯҳҳои таълими рӯзона ба 6 ва ғоибона ба 4 гурӯҳ расида буд.
Факултет дар солҳои фаъолияташ шахсони арзандаи ҷамъиятро ба камол расонидааст; Ҳалимов А- доктори илмҳои педагогӣ, Иззатова М, доктори илмҳои педагогӣ, и.в.профессор, Мустафоқулов Т н.и.п дотсент, Мирзоев А. н.и.п., дотсент, Ғафурова Д., н.и.п., дотсент, Бозоров Х н.и.п.дотсент, Мирзоев С, д.и.п. Гулмадов Ф., д.и.п., Ҳошимова М., н.и.п, Юлдошева Ҷ н.и.п, Камолова Х., н.и.фалсафа, Фархудинов И., н.и.п.,Шералиева С.М.н.и.ф, дотсент, Акбарова М.Н.н.и.п., Бозоров Х.н.и.п., дотсент, Шарипов Б.н.и.п., Мирзоева Б.И. н.и.п., Даминова А.н.и.п., Шарипов А. н.и.п., Дилафрӯзи Р. н.и.п. Аз байни собиқ омӯзгорони факултет шахсони болаёқату илмдӯст ба зинаҳои баланди илм расидаанд. Аз ҷумла, доктори илмҳои педагогӣ, академик, шодравон Қодиров Қ.Б., доктори илмҳои педагогӣ, академик, марҳум Паҳлавонов А, марҳум Афзалов Х. ва дигарон.
Қисме аз хатмкунандагони факултет дар вазифаҳои гуногуни давлатию қудратӣ кор карда истодаанд: Сабуров П. – директори Литсейи №1-и ш.Кӯлоб, Даминова Арафамо дар вазифаи муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Сафарзода Д.Ҷ. муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо. Аз аввали таъсисёбӣ то ин ҷониб сарварии факултаро шахсони зерин ба ҷо овардаанд:
Нахустин декани факултет Чалишев Соат (солҳои 1969 – 1970). Сипас Сайдаҳмад Исоев (солҳои деканӣ: 1970 – 1971), Кароматуллои Қаландар (солҳои 1971-1974), Бобоев Тилло (солҳои 1974-1982) Расулов Давлатмурод (Солҳои 1983-1993), Назрулло Ибодов ( солҳои 1994 – 2005), Иззатова Муҳаббат Иноятовна (солҳои 2005-2012), Юлдошева Ҷамила Юревна (солҳои 2012-2014), Пирназаров Эмомназар Анварович (соли 2014), Назаров Ҳотам Сарфарозович (солҳои 2015-2016), Шералиева Садбарг Маҷидовна (солҳои 2016-2017), Даминова Арафамо (соли 2018), Лоиқов Парвиз Ҷумахонович (солҳои 2018-2019), Акбарова Маҳрамбӣ Нусратуллоевна (оғози декани 14.09.2019). Аз 01.06.2021 декании факултетро Давлатов Мирали Абдусамадович ба уҳда дорад.