KGU

Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ

Факултети Тарбияи ҷисмонӣ ва Омодагии дифои ҳарбӣ

ТАРБИЯИ ЧИСМОНИ.png    

 





МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Дар соли таҳсили 2009-2010 дар дохили  факултети таҳсилоти ибтидои ва тарбияи ҷисмонӣ буд, Факулта номи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣро 05.05.2015 гирифт.  Айни замон факултет аз рӯи таълими рӯзона ихтисосҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ва дар таълими ғоибона ва фосилавӣ аз рӯи ихтисосҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ тариқи шарномавӣ ва буҷавӣ мутахассисонро тайёр менамояд:

Тарбияи ҷисмонӣ;

· Ихтисоси “тарбияи ҷисмонӣ” дар факулта дар таълими рӯзона, ғоибона (фосилавӣ) донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кору фаъолият карда метавонанд. Айни замон дар ихтисоси мазкур дар таълими рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) аз рӯи ҳамин ихтисос донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.      

Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ;

· Дар факултети аз соли 2015-ум инҷониб ихтисоси «тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ» таъсис дода шудааст. То имрӯз хатмкунандагони ин ихтисос дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд дар Вазорати корҳои дохила ва омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таъсилоти миёнаи умуми фаъолият намоянд. Гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва КМРО дар ихтисоси мазкур дар муассисаҳои таъсилоти миёнаи умуми ба роҳ монда мешаванд. Инчунин таҷрибаомӯзии таълимӣ ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар Д.С.Ш. гузаронида мешаванд.

 Ихтисосҳои факулта ба ҷамъият манфиатрасон буда, хатмкунандагони ин ихтисосҳо дар тамоми соҳаҳои рӯзмараи кишвар кору фаъолият менамоянд. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар таълими рӯзона аз рӯи низоми кредитӣ ва дар таълими ғоибона аз рӯи низоми кредитӣ ва фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. 

Дар факулта 2 кафедра амал менамояд:

Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он

 . Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултет аз фанҳои таърихи тарбияи ҷисмонӣ, Назария ва методикаи ихтисоси интихобшуда, Баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, Шиноварӣ, Ҷамомади тамринҳои таълимӣ, Иншоотҳои варзишӣ ва Менеҷменти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дарсҳои назарӣ ва машғулиятҳои амалӣ мегузаранд. Мудири кафедраро Саромӯзгори кафедра Нурматов Шарофуддин ба зимма дорад. Дар кафедра омӯзгорони соҳибунвон ва беҳтарин варзишгарон ба донишҷӯён дарс мегузаранд.

Дар кафедра ҳашт маҳфил (сексия) амал менамояд. Роҳбарии маҳфили “Дастаи волейболбозон духтарон” Худойдоди Шариф, “Дастаи волейболбозон писарон” Азимов Раҷабалӣ “Дастаи баскетбол писарон” Каракуллов А. “Гуштини миллӣ” Нурматов Шарофуддин, “Гуштини Дзю-до” Иззатуллои Давлаҳмад, “Гуштини самбо” Нурматов Ҳисомуддин, “Гуштини тарзи озод” Раҳматуллоев Абдуллазиз, “Варзиши сабук” Шоимардонов Хайрулло, “Варзиши сабук” Саидов Парвин, “Футболи хурд” Зардов Ҷума, ба ӯҳда доранд.

Кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ 

 Кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ҷузъи таркибии сохтори донишгоҳ ва тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад. Мудири кафедраро саромӯзгор Азимов Раҷабалӣ . ба ӯҳда дорад.

Дар кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ як маҳфил «Муҳофизони ҷавон» амал менамояд, ки роҳбариашро омӯзгор Ҷалилов Ғолибшо ба уҳда дорад. Аъзоёни маҳфил аз кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ мебошанд. Маҳфил дар як моҳ як маротиба гузаронида мешавад. Аз 20-нафар донишҷӯ иборатанд. 

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои №1
Телефони моб: (+992 3322) 3-32-14 
E-mail: tarbiyai.jismoni@kgu.tj