KGU

ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТ

Дар солҳои 2009-2010 факултети  таҳсилоти ибтидои ва тарбияи ҷисмонӣ номгузорӣ гардида буд, ҳамчун шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ аз рӯи ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ (омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ) тайёр менамуд.

Факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ яке аз дастовардҳои намоёни замони соҳибистиқлолӣ дар таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, 5-уми майи соли 2015 дар арафаи ҷашни 70 солагии ин боргоҳи илму адаб дари худро ба рӯи муассилин боз намудааст. То расман кушодани факултет аз соли таҳсили 2009 – 2010 дар назди факултети таҳсилоти ибтидоӣ ихтисосҳои тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи ҷисмонӣ - омодагии дифои ҳарбӣ кушода шуда, то соли таҳсили 2014 – 2015 дар назди факултети мазкур амал менамуд.  

Аз соли таҳсисёби то имрӯз устодону омӯзгорони зерин факултетро роҳбарӣ намудаанд:

  1. Иззатова М. аз соли 2009 – то 2012;
  2. Юлдошова Ҷ. аз соли 2012 то 2014;
  3. Пирназаров Э. аз соли 2014 то 2016;
  4. Мирзоев Ш.  соли 2016;
  5. Досаков М. аз соли 2016 то 2018;
  6. Сафаров Ш. соли 2018
  7. Худойдоди Ш. аз соли 2018 то 2021;
  8. Гулмирзоев А. аз ноябри соли 2021 то апрели 2022;
  9. Зулфиев Г. аз апрели соли 2022 то ҳол;