KGU

КАФЕДРАИ ПЕДАГОГИКА

Дар бораи кафедра    Умуми.png
Таърихи кафедра
Низомномаи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра


Дар бораи кафедра 

         Дар соли таҳсили 2020 – 2021 дар кафедраи педагогика 14 нафар омӯзгорон кору фаъолият намуда истодаанд,  боқимондаҳо ба сифати омӯзгорони дохилӣ ва асосӣ фаъолият доранд.
         Аз ин шумора 1 нафар доктори илмҳои педагогӣ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, дотсентон 5 - нафар: Д. Расулов, Г. Иброҳимов, М., Н. Давлатова,  Ҳ. Назаров,  П. Лоиқов, 1 нафар номзади илм   Бобоева М,  4 нафар муаллимони калон: Т. Назаров,  Н. Расулова,  Гулруи Суҳроб, Худойдодова Обидамо, 4 – нафар ассистентон: М.Холматова, Шеров Рустам, Абдуллоҷони Ҳ., Фарзонаи С.  мебошанд.
         Барои дар сатҳи зарури ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия мо дар охирҳои моҳи августи соли 2020, мувофиқи нишондодҳои нақшаҳои таълимии факултаҳои донишгоҳ, сарбории таълимии аъзоёни кафедраро аввал аз рӯи як воҳиди корӣ, баъдтар дар нимаи дуюми моҳи сентябр соатҳои боқимондаро ба таври иловагӣ аз 0,3 то ба 0,5 воҳиди корӣ аз нав тақсим карда шуданд.

Таърихи кафедра

Дар болоравии раванди таълиму тарбия ва дар тайёр кардани мутахассисони барои хоҷагии халқи Ҷумҳурӣ, ба хусус соҳаи мактабу маориф кафедраи омӯзгорӣ ва равоншиносӣ чун қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи Донишгоҳ дар тулии солҳои мавҷудияти худ мавқеи босазоро ишҒол карда меояд.
Солҳои 1945-1946  вазифаи мудири кафедра ва психологияро Абдулло Раҳимов ба уҳда дошт. Сипас, аз соли 1952 то соли 1960 М.Г.Ярошевский ва Н.Сафаров ба ҳайси мудири кафедра кору фаъолият доштанд. А.М.Савина аз 15 августи соли 1963 мудири кафедраи педагогика ва психология тариқи конкурс таъин шуда буданд. Аз 20-сентябри соли 1962 лаборанти кафедраи педагогика Д.Муродова фаъолият кардааст. Аз соли 1965 то соли 1970 ба кафедра номзади илми фалсафа А.Х.Гаджиев роҳбари мекард. Солҳои 1970-1973 вазифаи мудири кафедраро дотсент З.А.Ахмедов ба уҳда дошт. Солҳои 1973-1976 вазифаи мудири кафедраро С.И.Исоев, Р.Амиршоев ва И.Арабов иҷро намудаанд. Якчад сол мудири кафедра дотсентон Ф.В.Павшедная ва А.Паҳлавонов буданд.

Аз соли 1978 то соли 1990 ба кафедра дотсент Табаров М.Т. роҳбари мекард. Аъзоёни кафедра дар ин давра инҳо буданд  Паҳлавонов А., н.и.п. А.Мирзоев., н.и.п. Л.Сайдаҳмадов., н.и.п. А.Ғафоров., муаллими калон Ҳ.Ш.Ҳасанова., М.К. Холбобоева., Ассистенти кафедра дар тулии 13 соли роҳбарии ӯ се нафар аъзои кафедра Х.С.Авзалов., И.А.Арабов., А.Паҳлавонов рисолаҳои доктории хешро дифо карданд. Солҳои 1978-1990 9 нафар муаллимони кафедра рисолаҳои номзадиро барои дарёфти дараҷаи илми номзади илмҳои педагоги ва психологи дар шуроҳи махсус гардонидашудаи ҳимояи рисолаҳои номзади дар шаҳри Душанбе, Челябенск, Алмаато, Москва Тиблис ҳимоя намудаанд. ( М.Табаров, С.Исоев, Д.Расулова, М.Шарифхоҷаев, Т.Мустафоқулоа. А.Мирзоев. Б.Қодиров. А.Югай). Аз соли 1992 бо фармони №7 17.02.1992 кафедраи педагогика аз кафедраи психология ҷудо шуд. Дар  солҳои 1991-1992 Г.Иброҳимов., Л.Сайдаҳмадов ., А.Ғафоров ва К.Маҷидова рисолаҳои номзади дифо намудаанд. Аз 8. 02. Соли 1995 бо фармони №8 то 28. 12. 2001бо фармони №163 мудири кафедраи педагогика  номзади илмҳои педагоги дотсент Д. Расулов ба уҳда дошт. Дар давоми 17 соли роҳбарии ӯ  як қатор фаъолиятҳои   назаррас оид ба ҳимояи рисолаҳои илми тадқиқотӣ нашри китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълими ва тарбияви мушоҳида мегардад. Аз соли 2011 бо фармони № 98 аз 29.09.2011 қабул шуд ва то соли 2014 фармони № 46 аз 21.05.2014 мудири кафедра номзади илмҳои педагоги Дилором Ғафурова ба уҳда дошт. Ҳангоми роҳбарии ӯ се нафар омӯзгорони донишгоҳ Ғ.Исломов., С.Мирзоев ва Ҳ.Каримов рисолаи доктории хешро дар соҳаи педагогика дифо карданд. Ба ҳимояи номзадии як нафар аз муаллими калони кафедра Н.Давлатова (25.05.2012) , шуда гузашт. Лозим ба ёдоварист, ки даҳо муҳокимаи рисолаҳои илмӣ-тадқиқоти ҳам аз дохили донишгоҳи ва ҳам аз беруни донишгоҳи мавриди таҳқиқу омӯзиш ва дастгирӣ қарор гирифтаанд, Инчунин ҳамчун муассисаи пешбар даҳҳо тақризу гувоҳнома дода шуд, ки шаҳодати ин гуфтаҳо ҳимояи 12 нафар аз ихтисосҳои мухталиф, ки 6 нафари он аз ихтисоси педагогика (13.00.01.) буд, мебошад. Айни замон роҳбарии кафедраро номзади илмҳои педагогӣ Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Давлатова аз 26.05.2014. бо фармони № 48 ба уҳда дорад. Бояд тазакур дод, ки боиси сарфарозист ҳимояи ду нафар аз аъзоёни кафедра Ҳ.Назаров ва П.Лоиқов (Гулмирзоев А. аз кафедраи дифои ҳарбӣ) дар ин давра мувофиқ меояд.
Ҳоло дар кафедра 3 дотсент Расулов Д., Иброҳимов Г., Табаров М.,. 3-номзади илм  Н.Давлатова,  Назаров Ҳ ва Лоиқов П, муаллими калон 1-нафар Назаров Т. Ассисентон Ашрапова Г., Бобоева М., Худойдодова О., Давлатова С.,Расулова Нодира., Фарзонаи С., Гурӯи С ва мудири кабинет Набиева С кор мекунанд.
Кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳи дар гузашта ва алҳол дар миқёси ҷумҳурӣ ва донишгоҳ яке аз кафедраҳои бонуфуз ба ҳисоб меравад.
Аъзоёни кафедра фаъолияти илмию педагогии хешро аз руи ду проблема ба роҳ монда, тадқиқоти илми мебаранд.Аъзоёни кафедра оид ба масъалаҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон дар соҳаи маориф , асосҳои ватандӯстии хонандагону донишҷӯён дар байни муаллимони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донищҷӯён ба таври мунтаъзам суханрони мекунанд. Дар назди кафедра маҳфили «Педагоги ҷавон» фаъолият дошта, миқдори муайяни донишҷболаёқат ҳамаи 9 факултети донишгоҳро дар бар мегирад. Мақсади асосии маҳфил аз он иборат аст, ки донишҳои педагогии донишҷӯён ба ин соҳаҳои илмҳои номбаршуда мукаммал гардонида шавад. Аз баёни донишҷлаёқатман, ки аъзоёни ин маҳфил мебошанду, корҳои курсӣ, дипломӣ ва маърӯзаҳо тайёр мекунанд, минбад ҳайати муаллимони кафедра комил гардонида мешавад.

Низомномаи кафедра

Бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи
Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ
аз «30» 08.2014 тасдиқ шудааст. 

Муқаррароти умумӣ

    Низомномаи кафедраи Педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ (минбаъд – низомнома) дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касби баъд аз муассисаи таҳсилоти олии таълими», «низомномаи намунави оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқи соҳаи маориф таҳия шудааст.

1. Кафедра ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касби (факултет) буда, дар байни донишҷуён ва омӯзгорон корҳои таълимиву тарбияви, методиро ба роҳ мемонад.
2. Кафедра дар сурати мавҷуд будани на камтар аз панҷ воҳиди кори барои кормандони илмию педагоги пешбинишуда, ки аз ин миқдор  на камтар аз ду нафарашон номзад ва доктори илм бошанд, ташкил  карда мешаванд. Кафедраҳои махсус, тарбияи ҷисмонӣ ва забонҳои хориҷӣ (факултетҳои  ғайри филологӣ) аз ин талабот истисно мебошанд.
3. Кафедра бо пешниҳоди Шурои олимони факултет, тибқи қарори Шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.
4. Кафедраҳои тахассуси муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар истеҳсолот филиалҳои худро дошта метавонанд.
5. Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати 4-сол интихоб карда мешавад.
Ба таври истисно мудири кафедра аз зумраи номзадҳои илм, дотсентон ба муддати 4-сол ва на зиёда аз ду муҳлат паи ҳам ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ интихоб карда мешавад. Мудирони кафедраҳое, ки то вақти амалӣ шудани Низомномаи мазкур ду муҳлат паи ҳам адои вазифа карданд (аз зумраи номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд.     муфассал....

Ҳайати кафедра

ЛОИКОВ



       Лоиқов Парвиз, н.и.п
       Мудири кафедра
     



Расулов.png



  Расулов Давлатмурод 
номзади илмҳои педагогӣ, и.в. профессор. 




Иброхимов.png



       Иброҳимов Грез
номзади илмҳои педагогӣ,и..в.профессор,





Мудир.png

Давлатова Ниёзби Ҳабибулоевна

дотсенти кафедраи педагогика, Аълочии маориф ва илм





Назаров.png

Назаров Тағаймурод

муаллими калон






Назаров.png


Назаров Ҳотам Сарфарозович

Н.и.п     




Бобоева.png

Бобоева Маҳбуба Ҷурахоновна

номзади илмҳои педагогӣ





Худойдодова.png

Худойдодова Обида Зардовна

муаллими калон





Гулрух.png

Гулрӯҳи Суроби Ҷурахонзода

муаллими калон





Фарзона.png

Фарзонаи Сайфуддин

ассистент





Набиева.png

Набиева Савлат

мудири кабинет





Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Маҳфили фанни педагогика низ аз соли  1945 фаъолит дорад. Мақсади маҳфил тайёр намудани беҳтари педагогон, мутахассисони сифатан ҷавобгӯи ба талаботи  давру замон мебошад. Тайи солҳои зиёд роҳбарии маҳфил ба зимаи  Г. Иброҳимов баъдтар Д. Расулов вогузор шуда буд.  Солҳои гузашта, ки фанни педагогика дар озмунҳои ҷуиҳуриявӣ, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар нақша буд, иштирок ва фаъолияти шогирдон дар чунин чорабиниҳои илмӣ хеле назаррас буд, ки бевосита нақши маҳфили фанни педагогика дар тайёр кардани донишҷӯёни болаёқат чашмрас буд ва мебошад. Аз ҳама муҳим нақши маҳфили мазкур дар тайёр намудани нерӯи зеҳнию кадрии донишгоҳ зиёд аст.

 Аъзоёни маҳфилро донишҷӯён аз ҳама факултаҳо ташкил медиҳанд, ки айни замон 46-нафар аъзо дорад. Дар маҳфил мавзӯҳои гуногун баррасӣ ва муҳокима мешаванд. Аз ҷуила ; «Тарбияи ахлоқии ҷавонон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон»,  «Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон» (ҳама сола),   «Донишҷӯй ва техникаи комуникатсионӣ», «Ҷавонон ва илми муосир», «Ҷавонон ва интихоби касб», «Моҳияти варзиш дар тарбияи ҷавонон»  ва ғайраҳо. Баромадҳо собит менамоянд, ки донишҷӯён мақсад, мазмун ва соҳаҳои фанни педагогикаро хеле  хуб дарк менамоянд.

Хулоса,  маҳфили фанни педагогика дар тайёр намудани донишҷӯёни болаёқат оид ин ва дигар фанҳои таълимӣ кӯмакрасон мебошад.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №1, ошёнаи 2-юм
Тел: (+992) 918285155
E-mail: