KGU

Забони русӣ

КАФЕДРАИ ЗАБОНИ РУСӢ

Дар бораи кафедра    УМУМИ
Таърихи кафедра
Низомномаи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра



Дар бораи кафедра 

Кафедраи умумидонишгоҳии забони русии  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Омӯзгорони кафедра дар факултетҳои ғайриихтисос  аз фанни забони русӣ дарс мегӯянд. Кафедраи забони русӣ дар тӯли наонқадар вақти зиёд бо дастовардҳои назарраз ноил шудааст. Аъзоёни кафедра Худойдодова Ш.З., Файзуллоева Ф.М., Асоева К.А. , Ҷумаева Д. Ҷ. унвонҷӯёни ҳамин кафедра буданд, ки рисолаи номзадӣ дифо намуданд.

Таърихи кафедра

            Дар баробари ташкил ёфтани Донишкадаи дусолаи муаллим тайёркунии шаҳри Кӯлоб гуруҳҳои забони русӣ низ таъсис дода шуда буданд. Донишҷӯён дар гурӯҳи хосаи русӣ таҳсил менамуданд. 
            Дар рӯзҳои аввал вазифаи факултет ва кафедра аз ташкил намудани омӯзиши забони русӣ дар ҳамаи факултетҳои донишкада, инчунин таълими адабиёти рус ва хориҷӣ дар факултетҳои забону адабиёти тоҷик, таърих, ҷуғрофия, табиатшиносӣ, физика ва математика иборат буд.
            Дар соли хониши 1954-1955 дар донишкада забони русӣ аз тарафи  Г. Резник, инчунин забони русӣ дар курсҳои якуми факултети физика, математика ва факултети таърих аз тарафи А.Ф.Устименко тадрис мешуданд.
Дар соли таҳсили 1971 кафедраи забони русии байнифакултавӣ таъсис дода шуд, ки дар ҳайати он В.В.Собенина, Р. Джураев, С.И.Индюков, А.Кадруллоев, В.П. Сукманова, Р. Бобохонова, С.Роговин, Р.Д. Хостикова фаъолият менамуданд. Дар давоми соли таҳсили 1970-1971 аъзоёни кафедра аз 789 то 898 соатӣ дарсҳои назариявию амалӣ ва семинарӣ мебурданд.
Дарсҳои назариявии онҳо фарогири масъалаҳои диалектология, таърихи грамматика, забони адабии ҳозираи рус ва забони русӣ буданд.
            Дар соли хониши 1979 -1980 дар кафедраи забони русии байни факултетии  Донишкада  9- нафар муаллимон машғули кор буданд. Дар кафедра муаллимон: Ҷураев Р., Ғ.М. Мирзоев, Т.В. Гриценко, В.А. Сумакова, Р.Б. Бобохонова, А.А. Ҷобирова, Т.П. Дурнева, Л.Е. Смоленкова, Ю.А. Ким, О.С. Цидаев, кор мекарданд. Аъзоёни кафедра аллакай дар донишкада таҷрибаи 5 – 10 солаи корӣ доштанд. Оид ба методикаи таълими забони русӣ дар мактаби олӣ ба хуби огоҳ буданд. 
Дар солҳои 1980 -1989 дар кафедраи забони русии байни факултетии  донишкада  муаллимон Дурнева Т.П., Бобохонова Р.Б., Носиршоев И.,Ходжиматова Г.М., Джобирова Л.А.  машғули кор буданд.
            Соли 1989 кафедраи байнифакултети забони русӣ барҳам дода шуд ва аъзоёни вай ба кафедраи инкишофи нутқи шифои ва хаттӣ гузаронида шуданд. Сарварии кафедраро аввал Л.В.Рябова ва баъд Р.Д.Салимов ба зима дошт.
            26 марти соли 2010 дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷуҳурии Тоҷикистон аз 13.04.2010 кафедраи забони русӣ ба ду кафедра ҷудо карда шуда, онҳо кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ва кафедраи забони ҳозираи рус номгузорӣ карда шуданд. Асоева К.А.- и. в. мудири собиқ кафедраи забони русӣ аз 01.04.2010 ба и. в. мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ гузаронида шуд. Ба ҳайати кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ омӯзгорон ва кормандони зерин шомил буданд: Файзуллоева Ф.М., Носиршоев И., Бобохонова Р.Б., Шарипов С.Р., Каримов М., Қурбонов З., Қадруллоев А.Қ. , Муродов Р.Н. , Асоева К.А., Ҷабборов Б.О., Нурматов Ё.Э., Нозимова М., Толибова О.О., Мусоева Ҷ.
Аз соли 2011 то соли 2013 сарварии кафедраро номзади илмҳои филологӣ  Ш.З.Худойдодова ба зима  гирифт.
Аз моҳи декабри соли 2013 то ин ҷониб ба кафедра номзади илмҳои педагогӣ  Ф.М.Файзуллоева сарварӣ мекунад. Омӯзгорони ин кафедра: Файзуллоева Ф.М., Носиршоев И., Ҷаборов Б.О, Курбонова С. А., Эргашева Ш.К., Назарова  Р.Т., Муродов Р.Н., Нурматов Ё.Э, Нурматова З.Ш., Ҷумаева Д.Ҷ., Толибова О. О., Нурова Н.Н., Тоиров С. М., Шамолов Н.А.
Аз моҳи январи соли 2018 кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ба сохтори факултети филологияи рус ҳамроҳ карда шуд.
Аз 24декабри соли 2019 бо қарори Шурои олимони ДДК ба номи А. Рӯдакӣ №5 кафедраи забони русӣ аз сохтори факултети филологияи рус бароварда ба кафедраи забони русии умумидонишгоҳии табдил дода шуд.

Низомномаи кафедра

 Низомномаи кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (минбаъд-низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

Кафедра  ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (факултет) буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад. 

Кафедра дар сурати мавҷуд будани на камтар аз 5 воҳиди корӣ барои кормандони илмию педагогӣ пешниҳодшуда, ки аз ин миқдор на камтар аз 2 нафарашонномзад ва доктори илмӣ бошанд, ташкил карда мешавад.Кафедра бо пешниҳоди Шӯрои олимони факултет, тибқи қарори Шӯрои олимони муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ таъсис ва барҳам дода мешавад. Кафедраҳои тахассусии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар истеҳсолот  филиалҳои худро дошта метавонанд. 

Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати 4-сол интихоб карда мешавад. 

     Ба таври истисно мудири кафедра аз зумраи номзадҳои илм, ассистентон ба муддати 4-сол ва на зиёда аз ду мӯҳлат паи ҳам, ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии  касбӣ интихоб карда мешавад. Мудирони кафедраҳое, ки то вақти амалӣ шудани низомномаҳои мазкур ду мӯҳлат паи ҳам адои вазифа кардаанд (аз зумраи номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд.

Ҳайати кафедра

Файзуллоева-Ф.png


Файзуллоева Фирӯзамо Мадохировна 
мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ
E-mail: fayzulloeva65@mail.ru





Носиров-И.png


Носиршоев Исломшоҳ 
ассистент




Нурматов-Ё.png



Нурматов Ёқуб Эргашевич 
ассистент




Эргашева-Ш.png



Эргашева Шаҳноза Кугановна 

ассистент
Е-mail: ddkes@mail.ru



Нурматова-З.png



Нурматова Заррина Шерматовна
  
ассистент




Курбонова-С.png


Курбонова Сафармо  Асадуллоевна 
ассистент
E-mail: ddksa@mail.ru



Муродов-Р.png



Муродов Равшан Назриевич 

ассистент




Тоиров-С.png


Тоиров Сафармуҳаммад Муҳаммадзокирович 
ассистент
E-mail: ddkts@mail.ru




Шамолов-Н.png


Шамолов Нусрат Абдуллоевич   
ассистент





Ҷумаева
Джумаева Дилором Джумаевна

ассистент



Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

 Дар кафедра маҳфили  «Русское слово» амал мекунад. Маҳфил 22 нафар аъзо дорад, роҳбарии онро муаллима Назарова Р. Т. ба зима  дорад. Аз ҷониби аъзои маҳфил дар конференсияиҳо маърӯзаҳо пешниҳод мегардад.  Аъзои маҳфил асосан донишҷӯёни курсхои 1-уми факултетҳои гайриихтисос мебошанд, ки дар курсҳои болои таҳсилро аз фанни забони русӣ идома намедиҳанд. Соли равон кафедра тасмим дорад, ки аъзои маҳфилро аз ҳисоби курсҳои болои низ пурра созад.

Дар кафедра семинарии илмӣ – методӣ амал мекунад, ки моҳе як маротиба ҷаласаи худро мегузаронад. Роҳбарии семинарро Эргашева Ш. К. ба зима дорад. Дар ҷаласаҳои семинар мавзӯъи кори илмии омӯзгорон, дарсҳои кушоди омӯзгорон, мақолаҳои омӯзгорон дар конференсияҳо муҳокима карда мешавад.

Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра

Кафедра  аз рӯи  равияи «Функционирование русского языка в Средней Азии», проблемаи «Проблемы обучения русскому языку в таджикских группах» ва  мавзӯи  «Совершенствование методов обучения русскому языку в национальных группах вузов и школ» фаъолияти илмии  худро ба роҳ мондааст.

Дастурҳои методӣ-таълимӣ

1.    Учебное пособие по русскому языку для студентов-историков. Куляб  2013, 112с.
2.    «Сборник текстов по русскому языку для студентов первого курса национальных групп» Душанбе «Андалеб» 2016.,103с.
3.    Лингводидактические основы развития русской монологической речи студентов национальных групп неязыковых вузов  Васоити методӣ Душанбе 2017.
4   .Краткий русско-таджикский биологический словарь(для студентов биологических факультетов) Носиршоев И., Файзуллоева Ф.М. Душанбе 2018, 55с.
5.   Сборник диктантов по русскому языку Файзуллоева Ф.М., Назарова Р. Т., Муродов Р. Н. Душанбе 2019, 145с
6.   Сборник тестов по русскому языку для студентов первого курса национальных групп Файзуллоева Ф.М., Нурматов Ё.Э. Қурбонова С.А.Душанбе 2020., 154 с.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №3, ошёнаи 2-юм, утоқи №206
Телефони корӣ: (+992) 918267409
E-mail: k-zaboni.rusi@kgu.tj