Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз воҳидҳои таркибии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳисоб рафта фаъолияти худро дар асоси Паёму супоришҳо ва cуханрониҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат cарвари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонун «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», Фармоишу қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баъзе масъалаҳои ба танзим даровардани раванди таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ», Қарорҳои Шӯрои Олимони донишгоҳу ректорат ва дигар санаду меъёрҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, корҳои зиёди тарбиявиро ба сомон расонида истодааст. Шуъба ҳамасола нақшаи муштаракро дар якҷоягӣ бо созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ тартиб дода аз рӯи он корҳоро давра ба давра ба иҷро мерасон. Намояндагони шуъба дар 10 факултаи донишгоҳ буда ба ҳайси раиси созмони ҷавонони факулта фаъолият менамоянд.