Пас аз ғалабаи халқи Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) нақшу нуфузи ташкилоти ҷавонон дар мактабҳои олии Тоҷикистон афзуда, яке аз ташкилотҳои мустақили интернатсионалӣ маҳсуб мегардид. Бисёр масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ бо кумакӯ дастгирии ин ташкилоти сиёсӣ ҳалли худро меёфт. Соли хониши 1945 – 1946 дар Донишкадаи Кӯлоб 48 нафар ҷавонон- комсомолон ба курси якум қабул гардида буд: Сироҷ Одинаев. Азиз Исмоилв . Шариф Содиқов, Қосим Тураев, Мирхон Мирзоев, Х. Ятимов, Бобо Самадов, Абдураҳмон Раҳимов, Бозор Қурбонов, Сулаймон Ҳалимов, Раҷаб Довудов ва дигарон. Шахсони фавқуззикр пешоҳанги ҷавонони донишкада буданд. Ташкилоти комсомолӣ ё худ ҷавонон ҳамчун ташкилоти мустақили ҷавонон дар асоси нишондиҳандаҳои барнома ва оинномаи худ фаъолият намуда, тамоми ҷидду ҷаҳди худро барои мустаҳкам намудани интизом ва ахлоқи ҳамида дар байни ҷавонон, баланд бардоштани фаъолияти меҳнатию таълимии онҳо, ҳисси масъулиятшиносӣ дар байни ҷавонон. Ҳифзи моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсӣ, бедор намудани шуури ҷамъятӣ,ривоҷ додани тарғибот дар байни оммаи мардум оид ба амалӣ кардани сиёсати давлат ва мустаҳкам намудани сохти нави ҷамъиятӣ равон мекард.
Дар тӯли 70 соли мавҷудияти Кумитаи комсомолии донишкада ё худ созмони ҷавонони донишгоҳи мо нақши роҳбарони он: Фотеҳ Самадов, Назрулло Шарифов, Абдулло Раҳимов, Султон Мрзошоев, Абдулло Курбонов, Саид Салимов, Назриддин Зиёвуддинов, Одина Шариф ва даҳо нафари дигар бағоят калон аст. Онҳо дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагии донишҷуён пешсаф буданд.
Аз соли 1992 ин ҷониб дар ин созмони ҷавонон С. Мирзоев, К.Ғуломалив. М. Шарифов, З. Холиқова, И. Умаров, Х. Ҷалилов, Зафар Одинев, Сафархон Рафиев, Муҳаммаднаим Мирсаидов, Гадомад Зулфиев, Шоҳзод Раҳимов, ва Самандар Абдуллоев роҳбари намуддаанд. Аз моҳи январи соли 2000-ум дар донишгоҳ шуъбаи кор бо ҷавонон ташкил карда шуд, ки дар он мудир ва мутахассиси шуъба кор мебаранд.
Аз 22-юми январи соли 2014 роҳбарии шуъбаро Муҳаммадҷони Абдувоҳид ва вазифаи мутахассиси шуъбаро Абдуллоев Абдулазиз ба уҳда доранд. Алҳол шуъбаи кор бо ҷонони донишгоҳ дар сафҳои худ беш аз 7422 нафар ҷавононро дар бар мегирад. Дар 9 факултети донишгоҳ созмони ҷавонон низ фаъолият доранд.
Шуъби кор бо ҷавонон фаъолияти худро мувофиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, қарору фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаву барномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ, ва Нақшаи муштараки кории созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ ба роҳ мондааст.
Мақсад ва ҳадафи таъсис намудани шуъба кор бо ҷавонон аз ин иборат аст: иштирок дар амали гардонидани сиёсати ягонаи давлати оид ба татбиқи қонуни ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ягонаи давлатии ҷавонон». Саҳмгузорӣ дар кор карда баромадан ва амалӣ намудани санадҳои меъёрии донишгоҳ оид ба масъалаҳои донищҷуён. Амали гардидани иқтидори эҷодии донишҷуён. Инкишофи ҳамкорӣ, мустаҳкам кардани дӯстӣ ва ягонагии ҷавонон, донишҷуён. Муҳофизати ҳуқуқи донишҷуён навобаста аз нажот миллат, дин, вазъи иҷтимои, ва сатҳи даромад барои таёрии касбии меҳнат ва маориф. Ҷалб кардани ҷавонону донишҷуён ба идора ва роҳбарии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷавонон. Ташкил кардани иттиҳодияҳо, созмонҳои донишҷуён. Ҳамкори кардан бо ташкилотҳои байналхалқӣ оиди масъалаҳои ҷавонони эҷодкор ва донишҷуён. Тамоми фаъолияти созмони ҷавонони донишгоҳ ба ҳалли масъалаҳои мазкур нигаронида шудааст.