Сураёи Файзимад донишҷӯи курси 3 ихтисоси таърих ва ҳуқуқ барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, таҳсили намунавӣ, муаррифии донишгоҳ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ – ишғоли ҷойи 2 дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаи 22.11.2022 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардида буд, сарфароз гардонида шуд.
СИПОСНОМА – ба дастаи факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ барои ишғоли ҷойи якум дар мусобиқаи варзишии навъи «Волейбол» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
ИФТИХОРНОМА – ба дастаи факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ барои ишғоли ҷойи якум дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди «Футболи хурд» байни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти «Ҷоми ректори донишгоҳ» (11 – 14 марти соли 2022) мукофотонида шудааст.
Неъматов Садриддин донишҷӯи курси 5-уми факултаи таърих, ҳуқуқ ва МБ, ихтисоси таърих, ҳуқуқ бо Дипломи дараҷаи сеюм дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ”(2018) сазовор гардидааст.
ИФТИХОРНОМА - ба ҳайати профессорну омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаи таърих, ҳуқуқ ва мууносибатҳои байналмилалӣ барои иштироки фаъолона дар конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон сарфароз гардонида шудааст.
ИФТИХОРНОМА - ба факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ барои ишғоли ҷойи 2-юм дар озмуни “Мақолаи беҳтарин” ва саҳми арзанда гузоштан дар таҳияи рӯзномаи “Анвори дониш” ва нигоштани мақолаҳои беҳтарин мукофонида шудааст
СИПОСНОМА - ба дастаи “Орёно”-и факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ барои иштироки фаъолона дар озмуни умумидонишгоҳии “Маҳфили зарифон-2017” бахшида ба “Соли ҷавонон” сарфароз гардонида шудааст.
ИФТИХОРНОМА - ба факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ барои иштироки фаъолона ва ишғоли ҷойи 2-юм дар озмуни умумидонишгоҳии “Ҳунар ганҷи бебаҳо”, бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва таҷлили ҷашни байналмилалии “Наврӯз” сарфароз гардонида шудааст.
ИФТИХОРНОМА - ба факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ барои иштироки фаъолона ва ишғоли ҷойи 3-юм дар озмунинамоиши ҳунарҳои мардумӣ, бахшида ба таҷлили ҷашни “Наврӯзи байналмилалӣ” ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, сарфароз гардонида шудааст.