KGU

ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТ

Факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамсоли донишгоҳ буда, фаъолияти худро аз 1945-1946 дар назди факултети Забон ва адабиёт оғоз намуда буд. Дар охири соли 1947 шуъбаи таърих ба факултети таърих табдил дода шуд, ки дар се гурӯҳи таълимӣ, ду гурӯҳ бо забони тоҷикӣ ва русӣ, як гурӯҳ дар шуъбаи ғоибона донишҷӯ қабул намуданд, ки дар он нахустин омӯзгорон Бозор Шарифзода, Ҳ.Б. Багиров, Ашраф Сиддиқов дарс мегуфтанд. Соли 1947 нахустин шуда, ба 15 нафар шогирдони худ дипломи олии нопурраро дар соҳаи илми таърих ҳадя кард. Факултет бо таҳсили рӯзона ва ғоибона то моҳи ноябри соли 1953 арзи вуҷуд кард. Аз моҳи майи соли 1960 то 27-уми июли соли 1962 ДДОК ба филиали ДДО Душанбе табдил ёфт, ки шуъбаи таърих бо теъдоди 60 нафар хатм карда, фаъолияти ин шуъба қатъ гардид. Ҳангоми таъсиси давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон соли таҳсили 1992-1993 аз нав дар заминаи факултети таърих ва филологияи тоҷик ҳамчун шуъбаи таърих таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро номзади илми филологӣ, дотсент Сайҷафаров Шоҳвалӣ ба уҳда дошт. Дар соли аввали таъсисёбӣ, яъне солҳои таҳсили 1992-1993 ба шуъбаи таърих 32 нафар соли 1993-1995 114 нафар донишҷӯён дохил шуданд.

Соли 1995 дар назди факултет шуъбаи ғоибона кушода шуд, ки худи ҳамон сол 28 нафар довталабон дохил гардиданд. Соли 1997 аввалин маротиба донишҷӯёни таълими рӯзонаи шуъбаи таърих, бо теъдоди 22 нафар ин ихтисосро бо муваффақият хатм намуданд.

Аз соли 1993 то соли 2000-ум дар назди факултети забон ва адабиёти тоҷик амал карда, 20 уми моҳи январи соли 2001 шуъбаи таърих аз ихтисоси филологияи тоҷик ҷудо шуд, ба факултети мустақил бо номи Таърих ва ҳуқуқ ташкил ёфт. Соли 2014 факултет номи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалиро гирифт.               

Дар таҳкиму тадриси факултет устодони варзида, ки солҳо роҳбари кардаанд, дотсент Дости Шарифов, дотсент Юнусов С.С., профессор Абдуллоев М.Х., дотсент Азамов Х.С., н.и.т. Боқиев Р.У. н.и.сиёсӣ Пирназаров Э.А., муаллими калон Сафаров Х.Х., н.и.п., дотсент Лоиқов П., н.и.ф., дотсент Зулфиев Г., н.и.с., дотсент Муродова Г.

Ҳамзамон дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва тайёр намудани мутахасисон бо роҳбарии шахси ҳалиму кордон декани факултет н.и.с., дотсент Ҳусайнзода А.Б., д.и.с., дотсент Назаров П.С., н.и.ҳ., муаллими калон Мазарифов М., саромӯзгор Сафаров Х.Х., Суфиев С., Назаров Б., Сайдалиев Р.А., Сангов А., Комилов Н. Каримзода И., Некрӯзи М., Исуфов Ш. ва дигар омӯзгорон саҳми босазои худро гузошта истодаанд.

Дар баробари корҳои таълиму тарбиявӣ ва ҷамъиятӣ дар таълиф ва эҷоди мақолаҳо ва асарҳои илмӣ-методӣ саҳми олимону омӯзгорон Абдуллоев М.Х., Юнусов С.С., Азамов Х.С., Ҳусайнзода А.Б., Муродова Г. Назарзода П.С., Муродов Т., Назаров Б.Ҳ. ва дигар омӯзгорону кормандон назарас аст.