KGU

КАФЕДРАИ ФАЛСАФА

Дар бораи кафедра    Умуми.png
Таърихи кафедра
Низомномаи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра


Дар бораи кафедра 

     Кафедраи фалсафаи умуидонишгоҳӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ  мемонад. Устодони кафедра дар факултетҳои мухталиф аз фанҳои фалсафа, мантиқ, фарҳангшиносӣ, сотсиология ва этика ва эстетика дарс мегӯянд. Ҳоло дар кафедра мудири кафера н.и.сиёсӣ,дотсент Абдуллоев Н.С. 2 доктор, профессор, 3-нафар номзади илм,3-нафар дотсент, 3-нафар муаллими калон, 20 –нафар ассистентон, мудири кабинет ва лаборант кор ва фаъолият доранд.

Таърихи кафедра

Ташаккул ва рушди фалсафаи  муосири тоҷик   асосан аз солҳои баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз гардида буд.  Дар солҳои баъди ҷангӣ таъсисёбии донишкадаҳо, филиалҳо, омӯзишгоҳҳо,кафедраҳои гуногуни илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ сурат гирифта буд. Аз ҷумла, 15- уми августи соли 1945 Ҳукумати Тоҷикистон Қарори махсусро «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи омӯзишгоҳи  омӯзгории шаҳри Кӯлоб» қабул намуд, ки айни  замон  70- солагии онро моҳи августи соли ҷорӣ 2015 бо тантана ҷашн хоҳем гирифт.

Кафедраи фалафа таърихан дар солҳои 1947–1948 бо номи «Асосҳои марксизм – ленинизм» таъсис  ёфта ва то соли 1966 арзи вуҷуд  дошт. Дар ин давра ба он олимони шинохтаи ҷумҳурӣ  Т. Ортиқов, А. Абдураҳимов, Х. Сиддиқов, Б. Маҳмадназаров, М. Собиров, Б.  Назаршоев роҳбари намуда буданд. Саҳми онҳо дар мустаҳкам намудани  заминаи илмӣ таълимӣ, методии кафедра боиси дастгирӣ мебошад. Онҳо асосгузори аввалин маҷаллаи илмии донишгоҳ буданд, ки дар он мақолаҳои устодону омӯзгорон ва донишҷӯён рӯи нашр бароварда шуда буданд. Ба омӯзгорони ҷавони кафедра дар ҷодаи омодагӣ ба дарсҳо, аз худ намудани маводҳои таълимӣ, тарзу усулҳои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ёрии ҳамаҷониба мерасониданд. Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи чунин заҳмат ва ғамхориҳои ҳамарӯзаи онҳо буд, ки дар кафедра омузгорони ҷавони умедбахш дар соҳаи фалсафа ва дигар фанҳои ҷомеашиносӣ ба камол расиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар тули 70-соли рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ   шахсони зерин роҳбарии кафедраро ба ӯҳда доштанд:

Баъд аз профессор  М. Ибодов, роҳбарии кафедраи фалсафаро профессор К. Қодиров (солҳои 1994 – 1995), А. Қурбонов (солҳои 1995 – 1998), Х. Азамов (солҳои 1998 – 2002), А. Абдулвоҳидов (солҳои 2002 – 2003),  М. Садулоев (солҳои 2003 – 2004), Б. Файзиев (2004 – 2005), П. Назаров (солҳои 2005 -  2009), А. Абдулвоҳидов (солҳои 2009 – 2012) ва  Н. Абдуллоев (аз соли  2012 то имрӯз) ба уҳда дорад. Саҳми мудирони номбурда дар пешрафти корҳои илмию тадқиқотӣ ва таълмии кафедра ва дар  маҷмӯъ дар донишгоҳ, тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон сазовори таҳсин аст.        

Кафедраи фалсафа дар тайёр намудани  мутахассисони сифатан ҷавобгӯй ба талаботи имрӯзи донишгоҳ ва кишвар корҳои назаррасро анҷом додаст.   

Кафедраи фалсафаи умуидонишгоҳӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ  мемонад. Устодони кафедра дар факултетҳои мухталиф аз фанҳои фалсафа, мантиқ, фарҳангшиносӣ, сотсиология ва этика ва эстетика дарс мегӯянд. Дар кафедра 1- профессор  Ибодов Маҳмадулло Орифович, дотсентон Сайдалиев Додарбек Мадалиевич, Назаров Пиралӣ ва номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоев Насрулло Сайфуддинович, муаллими калон Амиров Файзуллохӯҷа  Азизович,  Унвонҷу  Зайналов Қурбон Мирзоевич ,  Мирзоев С., Раҷабов А., Аспиранти рӯзона Ҳасанов М., аспиранти ғоибона Амиров Ф., докторантон Камолов Ш., Қудратова М.дарс мегӯянд.

Низомномаи кафедра

Бо Қарори Шурои олимони донишгоҳ
аз "____" ________ 201__с. тасдиқ карда шудааст

         Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори мушовара аз 13.04.2006, таҳти №8/4) ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.
1.    Кафедраи фалсафа ҷузъи таркибии сохтори Донишгоҳ буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба  роҳ мемонад.

ВАЗИФАҲОИ ХИЗМАТИИ КАФЕДРА

Ба зиммаи кафедраи фалсафа вазифаҳои зерин гузошта шудааст.

1. Омӯзгорон ва кормандони кафедра бояд ҳар 5 сол 1 маротиба аз коромӯзӣ ва курси такмили ихтисос гузаранд:
2. Ишғоли вазифа аз ҷониби ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони илмии кафедра дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи озмун, талаботи Низомномаи мазкур ва дар асоси шартномаи тарафайн тибқӣ қонунгузории ҷорӣ ба амал бароварда мешавад:
3. Фаъолияти ҳамасолаи мудири кафедра бо роҳи анкетагузорӣ дар байни донишҷӯён ва кормандони он аз тарафи раёсати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад:
4. Интихоби мудири кафедра дар асоси озмун гузаронида мешавад.         муфассалтар...

Ҳайати кафедра

1.png


Абдуллоев Насрулло Сайфуддинович
           Мудири кафедра
      номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент




Ибодов.png



Ибодов Маҳмадулло Орифович
    Доктори илмҳои фалсафа  
            профессор



Сайдалиев.png



Сайдалиев Додарбек Мадалиевич 
       номзади илмҳои сиёсӣ






2.png

Зайналов Қурбон Мирзоевич

Муаллими калон    





Юсуфова.png


Юсупова Фазиламо Аброровна

Мудири кабинет




Хасанов.png


Ҳасанов Маҳмадсаид Маҳмадюсупович                                                         

   ассистент




Бойматов.png



Бойматов Дилшод Маҷитович

Ассистент




3.png


Амиров Файзуллохуҷа Азизович

Муаллими калон




Рачабов.png


Раҷабов Аминҷон

Ассистент




4.png


Камолов Шодмонҷон Валихонович

Ассистент




7.png


Шерова Мавлонбӣ Самадовна

лаборанти кафедра



Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедра маҳфили "Файласуфони ҷавон" амал мекунад ва тайи чанд сол шогирдони хуб тайёр карда, дар олимпиадаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд.  Роҳбари маҳфил ба зиммаи ассистенти кафедра  Раҷабов А. гузошта шудааст. ки аъзоёни он 35 нафар мебошанд. Ҳамасола аъзоёни фаъоли маҳфил дар конференсияи илмӣ- назариявии апрели кафедра бо маърӯзаҳои худ баромад мекунанд ва пайваста дар чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангии донишгоҳ ва шаҳр фаъолона ширкат меварзанд.

Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра

Дар кафедраи фалсафа 1 аспиранти  рӯзона, 1 аспиранти ғоибона, се  унвонҷӯ  ва ду докторант фаъолият доранд.

1.     Зайналов   Қурбон, унвонҷӯ
2.     Мирзоев Сӯҳроб, унвонҷӯ
3.     Раҷабов Аминҷон, унвонҷӯ
4.     Ҳасанов М. аспиранти рӯзона
5.     Амиров  Ф. аспиранти ғоибона
6.     Камолов Ш., докторант
7.     Қудратова М., докторант
1.     Зайналов Қ. – унвонҷӯ Мавзуъ: «Принсипи антропӣ дар фалсафаи илми муосир» зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов М.О.
2.     Мирзоев С. унвонҷӯ Мавзуъ: «Ақидаҳои фалсафии Абурайҳони Берунӣ» зери роҳбарии доктори илми фалсафа, профессор, Шамолов Абдулвоҳид Абдуллоевич.
3.     Раҷабов А. Мавзӯъ: «Таносуби илм ва дин»  зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов М.О.
4.     Ҳасанов М. – аспиранти рӯзона Мавзӯъ: «Ташаккулёбии истиқлолияти давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ (глобализатсия): таҳлили иҷтимоӣ- фалсафӣ» ва роҳбари илмии ӯ номзади илмҳои фалсафа, дотсент Маҳмадиев Н.Д.
5.     Амиров Ф.- аспиранти ғоибона. Мавзуъ: « Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф» ва роҳбари илмии ӯ доктори илмҳои фалсафа, профессор Қ. Абдураҳмонов
6.     Камолов Ш. Мавзӯъ: «Таҳлил фалсафии мафҳуми иттилоот ва нақши он дар ҳаёт ва рушди ҷомеа» зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов М.О. 

Дастовардҳои кафедра

ДАСТОВАРД


Экстремизм ва терроризм яке аз масъалаҳои актуалии ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд. Олами мавҷуда чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз дар ҳар як зинаи тараққиёт дучори ҳазорон падидаҳои ғайримуқаррарӣ га рдидааст. Баъзеи ин падидаҳо худ бавуҷудорандаи зинаи нави рушди олам гардидаанд.





ДАСТОВАРД2

Китоби "Асрори муваффақият" - Додарбек Сайдалиев 






ДАСТОВАРД3

Дастури илмӣ-методии мазкур шарҳи мухтасари истилоҳоти фалсафӣ, инчунин, таърихи пайдоиши мафҳумҳои калидии фалсафиро фаро гирифта, баҳри рушди тафаккури зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии шавқмандон басо созгор мебошад. Дастури мазкур ба омӯзгорону аспирантон, магистрантон, донишҷӯён ва доираи васеи муҳаққиқон пешниҳод мегардад

Мафҳумҳои фалсафие, ки дар дастури мазкур ҷамъ оварда шудааст, метавонанд дар ташаккули  дониши аспирантон. Докторантон, унвонҷӯён, магистрантон, донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон саҳми арзанда дошта бошад. Аз ин рӯ, муқаррар намудем, то қадри имкон калидвожаҳо ва ибораҳои фалсафиро,ки баҳри сомон додани корҳои илмӣ ва мақолаву маърӯзаҳои илмӣ, ки аҳамияти бузурги илмӣ доранд мухтасар ҷамъоварӣ намуда шарҳ диҳем.


Дастовард1.png

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Абдуллоев Насрулло





Дастовард2.png


Ибодов М.О. Дастури таълимӣ Хусусиятҳои навин дар инкишофи фалсафаи илм









Дастовард3.png

Абдуллоев Насрулло, Ғаюров Лоиқ - Баъзе мафҳумҳои калидӣ дар фалсафа









Дастовард4.png

Ибодов М.О. Фаҳмиши манзараи илмии олам дар фалсафа ва илми муосир






Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №1, ошёнаи 2-юм
Телефони корӣ: (+992) 900-10-37-74
E-mail: k-falsafa@kgu.tj