KGU

Психология

КАФЕДРАИ психология

Дар бораи кафедра    Умуми.png
Таърихи кафедра
Низомномаи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра


Дар бораи кафедра 

Кафедраи психологияи умумидонишгоҳӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултетҳои мухталиф аз фанҳои психологияи умумӣ, психологияи синнусолӣ , омӯзгорӣ, психологияи иҷтимоӣ ва равоншиноси мактаб машғулияти назариявию амалӣ мебаранд.  

Таърихи кафедра

Кафедраи психологияи умумидонишгоҳӣ аз  10 02.1992 бо фармони №7 ва карори шӯрои илмии  донишгоҳ аз 6.01.1992  арзи вуҷуд дорад. Солҳои аввали мавҷудияти донишкада  муаллимони кафедраи психология дар  ҳайати  кафедраи педагогика шомил буданд. Аз 6.01.1992 кафедраи психология таъсис дода шуд, ки ба ҳайти он Р.Амиршоев номзади илми педагогӣ, иҷрокунандаи мудири кафедра, Т. Мустафоқулов номзади илми психология, муаллимони калон Яркаева Г.Ш., Нарзуллоева М., ассистентон Исоева Д.С., Сабко Л.Н., Ашуров Н, Абдураҳимов А., Давлатова Р. дохил буданд. Кафедраи психология мустақилона муддати дер фаъолият накард ва бо фармони №68 аз 15.09.1997 барҳам дода шуда, ҳайати он ба сохтори кафедраи педагогика шомил гардиданд.
Бо қарори шӯрои илмии донишгоҳ аз 30.12.2005 тахти №5 бо фармони №6 аз 25.01.2006 кафедраи умумидонишгоҳии психология аз сохтори кафедраи педагогика дар ҳайати  зерин ба ду кафедра ҷудо карда шуд. Ҳайати кафедраи психология аз як номзади илми психологӣ (Т.Мустафоқулов, мудири кафедра), ду номзади илми педагогӣ (Р.Амиршоев, К.Маҷидова), ду муаллими калон (Д.Исоева, М.Бараимова) иборат буд. Баъдтар аз соли 2007 то соли 2010 як зумра ҷавонони боистеъдод ба монанди М.Набиева, М.Давлатов, М.Қурбонов, М.Абдуллоева, М.Ҳайдаров, А.Шарипов, М.Ҷумаев ба кор қабул карда шуд.
Аз 29.12.2012 бо фармони №163  аз 28.12.2012 Исоева Д.С. иҷрокунандаи мудири кафедраи психология таъин карда шуд. Ҳоло дар кафедра 3 номзади илм (Исоева Д., Шарипов А. ва К.Маҷидова) , 6 муаллими калогн,  2 ассистент ва як лаборант  фаъолият менамояд.


Ҳайати кафедра

ИСОЕВА-ДИЛОРОМ.png


Исоева Дилором Сайдаҳмадовна
             Мудири кафедра
     номзади илмҳои педагогӣ




Курбонов-Махмади.png



Қурбонов Маҳмадӣ Сатторович
       Муаллими калон




Абдуллоева-Мехриниссо.png



Абдуллоева Меҳринисо Менгуловна
       Муаллими калон



Давлатов-Мирали.png



Давлатов Миралӣ Абдусамадович
 Муаллими калон




Шарипов-А.png



   Шарипов Анвар Абдурасулович 
   номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
   E-mail: ansorianvar@mail.ru

 

  

Давлатова

Давлатова Малоҳат Ҳабибуллоевна

  Муаллими калон 



 № Ному насаб  Вазифа 
1.  Набиева Муқаддас  Муаллими калон 
2.  Ҷумаев Муҳиддин  Ассистент 
3. Ҳайдаров Муслим  Ассистент
4.  Ҷалолова Лайлӣ Лаборант   

Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедра махфили «Равоншиноси ҷавон» амал мекунад. Маҳфил бо истифода аз усулҳои фаъоли  таълим  аз қабили интернет, проектор ва тахтаи электронӣ гузаронда мешавад. Азбаски дар кафедра омӯзгорон пайваста кору фаъолияташонро бо донишҷӯён мегузаронанд, маҳфил боз ҷолибтар мегузарад.

Мақсади умумии маҳфил:

-Омодагии касбии донишҷӯён ба силсилафанҳои психологӣ;
-Муайян намудани нақши таълим дар тараққиёти психикии хонандагон;
- Барои  донишҷӯ  қобилияти зеҳнӣ ва шавқу рағбати зиёд нисбати силсилафанҳои психологӣ  дошта бошад маҳфил ба ӯ имконияти беҳтар аз намудани равандҳои психологиро меомӯзонад;
-Мақсади умумии маҳфил на танҳо моҳият ва мазмуни психологиро фаҳмонидан мебошад, балки қобилиятҳои синнусолии бачагонро дар зинаҳои гуногун нишон медиҳад. 

Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра

Омӯзгорони кафедра мунтазам дар конфронсҳо ва машваратҳои илмӣ иштирок мекунанд: Омӯзгорон дар маҷмуъ якчанд маводи нашрӣ доранд дар маҷаллаҳои мухталифи илмӣ, аз он ҷумла:
1. Исоева Д.С. Роль трудового воспитания в системе подготовки учащихся на уроках технологии Маводи конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 75солагии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ
2. Исоева Д.С. Илм занонро зевар аст. Маводи конференсияи илмӣ-назариявии вилоятӣ «Занон ва рушди илми муосир» 9.02.2020. саҳ 57-58.
3. Давлатова М.Ҳ. Занон ва рушди илми муосир Маводи конференсияи илмӣ-назариявии вилоятӣ «Занон ва рушди илми муосир» 9.02.2020. Саҳ 126-127.
4. Қурбонов М.С. Мазмун ва вазифаҳои таҳқиқоти педагогӣ доир ба татбиқи нерӯи педагогии муҳити бисёрфарҳангаи таҳсилотӣ дар ғанигардонии таҷрибаи маънавии донишҷӯён. Паёми ПРМ №2(30)., 2020.,с.82-91.
5. Қурбонов М.С. Оид ба масъалаҳои назариявии ғанигардонии таҷрибаи маънавӣ-ахлоқии донишҷӯён дар муҳити бисёрфарҳангии таҳсилотии мактаби олӣ. Паёми АТТ №2 (35).,2020, с.44-51.
6. Қурбонов М.С.Самаранокии истифодаи нерӯи муҳити бисёрфарҳангии таҳсилотӣ дар ғанигардонии таҷрибаи маънавӣ-ахлоқии донишҷӯён. Паёми АТТ №1(34).,2020, с.15-24.
7. Қурбонов М.С. Хусусиятҳои махсуси ташаккули таҷрибаи маънавӣ-ахлоқии донишҷӯён дар муҳити бисёрфарҳангии таҳсилотии донишгоҳӣ. Паёми ДДК №1(24)., 2020, с.325-330.
8. Давлатова М. Омӯзиши ҳаёт ва ақидаҳои педагогии Баҳовуддини Омӯлӣ ва моҳияти он дар замони муосир Паёми ДМТ №2., саҳ 273-277.
9. Давлатова М. Осори мондагори мутаффакири асри 16-17 Шайх Баҳоӣ. Паёми ДДОТ №2(81)., Саҳ 308-314.
10. Давлатова М. Фикрҳои безаволи ахлоқӣ-педагогӣ дар асари «Нон ва ҳавол»-и Шайх Баҳоӣ ва мувофиқати он ба масъалаҳои муосири таълиму тарбия. Паёми ДДБ ба номи Носири Хисрав №2., Саҳ 89-96.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №1, ошёнаи 2-юм
Телефони корӣ: (+992) 985-03-25-10
E-mail: k-ravonshinosi@kgu.tj