KGU

Аспирантура

Фаъолияти аспирантура

       Аспирантура яке аз шаклҳои асосии тайёр намудани кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогии  тахассуси олӣ аст. Он барои баланд бардоштани тахассуси илмӣ-педагогӣ ва илмии шаҳрвандон, гирифтани дараҷаи номзади илм шароити бефосилаи омӯзишро фароҳам меорад.

       Шурӯъ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то инҷониб  55 нафар зинаи аспирантон донишгоҳро хатм намуданд. 

ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН ТАРИҚИ БУҶАВӢ ВА ШАРТНОМАВӢ ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД:

o   физикаи ҷисмҳои сахт- 01.04.00;
o   фалсафаи илм ва техника- 09.00.05;
o   забони тоҷикӣ-эронӣ-10.02.08;
o   педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот-13.00.01;
o   назария ва  методикаи таълими фанҳои махсус -13.00.02;

       Айни ҳол дар донишгоҳ 21 нафар аспирантон (9 нафар дар таълими рӯзона ва 12 нафар дар таълими ғоибона) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии  аспирантон 10 нафар зан ва 11 нафарро  писарон ташкил  медиҳад.