Аввалин бор соли 2014 42 нафар магистрантон донишгоҳро хатм намуданд, ки аз онҳо 14 нафарашон соҳиби дипломи аъло ва 28 нафарашон соҳиби дипломи муқаррарӣ гардиданд. Соли 2015 67 нафар, соли 2016 20 нафар, соли 2017 97 нафар соли 2018 110 нафар. Айни замон (соли таҳсили 2018-2019) дар шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ 243 нафар магистрантон дар курсҳои якум ва дуюм таҳсил менамоянд (73 нафар духтарон ва 170 нафар писарон, шартномавӣ 62 нафар ва буҷавӣ 141) аз рӯи 24 ихтисос таҳсил намуда истодаанд, ки аз онҳо 135 нафарашон магистрантони курси якум ва 108 нафарашон магистрантони курси 2-юм мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки таҳсил дар бахши магистратураи донишгоҳ тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ ба роҳ монда шудааст. Хатмкардагони зинаи бакалавриат дар он сурат тариқи буҷавӣ қабул мегарданд, ки соҳиби дипломи аъло гардидаанд ва аз сӯҳбат бо муваффақият мегузаранд.
Таҳсил дар магистратура тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳиссаи магистратура дар тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сол то сол меафзояд.
ҚАБУЛ БА МАГИСТРАТУРА
Қабул ба магистратураи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар шуъбаи рӯзона аз рӯи ихтисосҳои зерин роҳандозӣ шудааст:
Рамзи ихтисос Ихтисос
Мӯҳлати таҳсил дар магистратура (тибқи низоми кредитӣ): дар шуъбаи рӯзона – 2 сол
ТАЛАБОТҲОИ ҚАБУЛ БА МАГИСТРАТУРА
1. Ба магистратура шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё худ мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталаб аз рӯи тахассуси интихоб намудааш кори хаттӣ (реферат) пешниҳод намуда, ба тариқи сӯҳбат аз озмун мегузарад. Барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратура имтиҳонҳои ҳатмӣ аз фанҳои тахасссусӣ муқаррар карда мешавад.
2. Агар дохилшавии довталаб ба магистратура, баъд аз ҳамон соли мактаби олиро хатм кардани ӯ мувофиқ ояд, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии хатми муассисаи олии таълимӣ аз рӯи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз баҳои «хуб» паст набошад).
3. Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталаб имтиҳон месупорад.
4. Аз рӯи натиҷаи сӯҳбат ва супоридани имтиҳони дохилшавӣ оиди қабул ба магистратура қарори мусбат ё манфӣ қабул карда мешавад.
5. Холи миёна аз рӯи замимаи дипломи таҳсилоти олӣ муқаррар карда мешавад.
6. Барои қабул ба магистратура довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- аризаи шахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура ва ихтисоси он;
- дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва замимаи он;
- тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои дохилшавӣ ба магистратура;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038/у);
- 6 адад акс (андозаи 3х4);
- шиноснома (нусха);
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
- тавсифнома (аз донишгоҳ ё ҷои кор);