KGU

Барномаҳо

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ
ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017

1.    Муқаррароти умумӣ

     1. Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 дар асоси Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи нишондодҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 баён гардидаанд, бо мақсади такмили низоми тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии соҳаи таълиму тарбияи насли наврас, муҳайё намудани шароит барои беҳтар намудани шаклу усул ва воситаҳои тарбия, таъмини робитаи доимӣ миёни падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа дар тарбияи насли наврас мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳия гардидааст.  муфассал...


 

БАРНОМА - дастури
баргузории дарсҳои тарбиявии 
Шуъбаи тарбияи
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯбдуллоҳи Рӯдакӣ

Муқаддима

     Мо  ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорем. Маълум аст, ки рушди минбаъдаи он ба тарбияи шахсиятҳои дорои сатҳи баланди ахлоқӣ, ватандӯсту худогоҳ, рӯҳану ҷисман солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дошта,  вобаста аст. муфассал...