KGU

Дастурамалҳо

Дастурамалҳо

ДАСТУРАМАЛИ
ЛИБОСҲОИ ТАВСИЯВИИ ХОНАНДАГОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ
МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ, МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ

Бо қарори мушовараи
Вазорати маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 30 июли соли
2007 № 14/2 тасдиқ шудааст. 

Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ

1. Муқаддима

     Зарурати омода намудани либосҳои тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар банди 4 «Қоидаҳои донишҷӯӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҶумҳурииТоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маорифи ҶумҳурииТоҷикистон аз 27 октябри соли 2006 № 32/3) таъкид гардидааст.

     Либоси донишҷӯӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ,маънавӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён нақши бузург мебозад. Либосҳои намунавии донишҷӯӣ дар замири донишҷӯён ҳисси зебопа­растӣ, озодагӣ ва хулқу атвори ҳамидаро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва боинтизом бошанд. муфассал...