KGU

Низомномаҳо

Низомномаҳо

НИЗОМНОМАИ КОДЕКСИ
АХЛОҚИИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Кодекси ахлоқ самтҳои маънавии қоидаҳои рафтору кирдори донишҷӯёни донишгоҳро муайян мекунад, ки бо меъёрҳои ба таври умум қабулшудаи одобу ахлоқ, эҳтиром ба давлат, ҷамъият ва ҳамсабақони худ асоснок шудаанд.

1.2. Кодекси ахлоқ ба донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо ва шаклҳои дигари таълимии донишгоҳ амал мекунад;
Кодекси ахлоқ мувофиқи рафтори донишҷӯён ҳангоми дар ҳудуди донишгоҳ, базаҳои клиникӣ ва кафедраҳои он будан, истифода бурда мешавад. Кодекси ахлоқ, ҳамчунин ба он амали донишҷӯён дар ҳудуди донишгоҳ равона шудааст, ки ба шаъну шарафи ӯ таъсир мерасонад. муфассал...



НИЗОМНОМАИ
КУРАТОРИ ГУРӮҲИ АКАДЕМИИ
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ
 

1. Вазифаҳои (уҳдадориҳои) куратор:

Вазифаи куратори гурӯҳи академӣ иборат аст, дар гузаронидани чорабиниҳои муҳим бо донишҷӯёни фаъол, кумакрасонии мустаҳкам ва худидоракунии донишҷӯён, мутаҳид ва наздик шудан ба равишҳои таълиму тарбия, ташкил ва дӯстии коллективи донишҷӯён.

Иҷроиши худи ташкилӣ - тарбиявӣ ва назорати вазифаҳо, куратор вазифадор аст:
   1. Гузаронидани пурсишҳои гурӯҳӣ бо роҳи фардӣ, тадқиқотҳои сотсиологӣ ё дигар намуди кор, ҳаёт ва ҳавасмандии таълимии ҳар як донишҷӯи гурӯҳи академӣ, дар ҳолати зарурӣ бо волидон, наздикони донишҷӯ робита (алоқа) намудан. муфассал...