KGU

Шӯрои занон ва духтарон

ШӮРОИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН

Рузиева Б.jpg

    Рузиева Барно
    раиси Шӯрои занон ва духтарон






Шурои занон ва духтарони сохтори бахши тарбияи донишгоҳ, аз соли аввали таъсиси донишгоҳ фаъолият дорад. Солҳои аввал ҳамчун бахши иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ амал мекард. Шурои занону бонувони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар асоси «Низомномаи Шурои занону духтарони донишгоҳ, ки дар Шурои олимони донишгоҳ аз санаи 08.11.2012, қарори №3 тасдиқ гардидааст” фаъолият дорад. Шуро дар асоси фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии «Мақоми зан дар ҷомеа», «Барномаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №269 «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», қарори раисони Вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб «Оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан», қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия карда, фаъолияти худро ба роҳ мондааст ва инчунин дар 10 факултети Донишгоҳ раисони занон ва духтарон интихоб карда шудаанд, ки онҳо низ нақшаҳои кории худро доранд ва аз рӯи он амал менамоянд.

Фаъолияти Шурои занон дар асоси Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Низомномаи Шурои занони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Шурои бонувон бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи кор бо занони Ҳукумати шаҳри Кӯлоб, Шуроҳои занони мактабҳои олии ҶТ, мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аз он ҷо духтарон тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, ҳамкорӣ дорад.

Тоҷикистон ҳам конвенсияи байналхалқиро «Дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои зуроварӣ нисбат ба зан», «Оид ба ҳуқуқи сиёсии занон», «Ҳуқуқҳои кӯдак» ба тасвиб расондааст. Дар ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баҳри дар амал татбиқ сохтани қонунҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Бисёр занон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият кардаанд. Чунончи, Г.Н.Тараносова, собиқ муовини ректор оид ба таълим, Ш.З.Худойдодова – муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, М.И. Иззатова-собиқ декани факултаи таҳсилоти ибтидоӣ, Д.Л.Сайдаҳмадова – собиқ декани факултаи химия ва биология, ноиби ректор оид ба тарбия, З.К.Холиқова - мудири кафедраи адабиёти тоҷик, Г.Муродова - мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, Д.Исоева - мудири кафедраи психология, С.Шарифхоҷаева – собиқ мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ, Дар донишгоҳ 286 нафар занон фаъолият доранд (2014). Аз 158 нафар профессорону омӯзгорон 15 нафар занҳо мебошанд. Шурои занон дар самтҳои таълим, тарбия, фарҳанг, умумӣ, ҳуқуқӣ, байналмилалӣ фаъолият менамоянд. Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯдухтарон дар ҳар факулта шурои занон ва духтарон амал мекунад. Вазифаи раиси Шурои духтарони донишгоҳро ҳоло (2015) Мавзуна Давлатова ба уҳда дошт. Дар cолҳои гуногун вазифаи Шурои занони донишгоҳро Ганзия Яркаева, М.З.Шокирова, М.Ҳалимова ба уҳда доштанд. Аз соли 2008 раиси Шурои занон номзади имлмҳои педагогӣ, дотсент Савронбӣ Раҳимова буданд. Аз моҳи сентябри соли 2021 то сентябри соли 2022 вазифаи Раиси Шурои занону бонувони донишгоҳро Ҷумаева Дилором ба ӯҳда дошд.

Аз сентябри соли 2022 вазифаи Раиси Шурои занон ва духтарони донишгоҳро Рузиева Барно ба уҳда дорад. Бисёр занони донишгоҳ бо унвону мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (М.И.Иззатова, Г.Ш.Яркаева, Т.В.Тараносова, С.Раҳимова, Ш.З.Худойдодова, Д.Л.Сайдаҳмадова, З.Табарова, К.А.Маҷидова, Ф.М.Файзуллоева, Р.Бобохонова, Самариддинова З.Н., Т.Саймуминова, Д.Исоева, Ф.Шарифова, З.Арабова, Х.Холматова, О.Шарифова, Ф. Шарифова, Ф.Юсуфова, К.Асоева, Н.Давлатова, Г.Муродова, Д.Ғафурова ва дигарон) сарфароз гардидаанд.

Хурсандибахш аст, ки таи солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавқею нуфузи зан дар ҷомеа диққати зиёд дода истодааст. Ҳамчунон Сарвари давлатамон дар мавриди нақши занон дар ҷомеа ва ояндаи ҷамъият занонро қувваи бузург номида фармудаанд: “Занону модарони мо ҳамчун қувваи бузурги иҷтимоӣ дар иҷрои нақшаҳои ба ояндаи нек нигаронидашуда саҳми арзандаи худро мегузоранд”.

Шурои занон ва духтарон дар кори таълиму тарбия ва ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз ҳиссаи муносиби худро мегузоранд ва хурсандиовар аст, ки имрӯз теъдоди зиёди олимон, омӯзгорзанон паҳлӯ ба паҳлӯи мардон истода, дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос саҳми босазо мегузоранд.

Баҳри амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа” дар донишгоҳ навигариҳои зиёде ба чашм мерасад.

Занон дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигоҳдорандаи фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд, вазифаи сулҳпарварӣ ва ваҳдатофариниро иҷро карда, ҳамчун ходими фаъоли ҷамъиятию давлатӣ дар баробари мардон саҳм доранд.

Шурои бонувон дар ҳафт самт фаъолият менамояд (таълим, тарбия, фарҳанг, тандурустӣ, умумӣ, хуқуқӣ, байналмилалӣ). Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯдухтарон дар ҳар факулта раиси Шурои духтарон интихоб карда мешавад.

Оид ба баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва дониши касбии занҳо ва донишҷӯдухтарон аз рӯи нақша-чорабиниҳои муовинати тарбия, фарҳанг ва Шурои занону духтарони донишгоҳ бо кормандон ва донишҷӯён дар сатҳи факулта, марказҳо ва хобгоҳҳои донишгоҳ сӯҳбату вохӯриҳо, озмунҳои фарҳангӣ, мизи мудаввар, ҷаласа, ҳамоишҳо оид ба риояи “Дастурамали либоси тавсиявии донишҷӯён” ва либоси расмии кормандон, “Сарфакорӣ-кафили устувории оила”, “Оила-сарчашмаи муҳаббат”, баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқиву худшиносии ҷавонон ҷиҳати боз ҳам қавитар гардондани масъулияти ҷавонон дар пойдории оила ва рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оиладорӣ, саломатии репродуктивӣ, оқибатҳои никоҳи барвақт ва хешу таборӣ, баргузор карда мешаванд.