KGU

Озмуни умумидонишгоҳии "Бикуш то доно шавӣ"

Озмуни умумидонишгоҳии "Бикуш то доно шавӣ" 22.02.2019

Озмуни умумидонишгоҳии "Бикуш то доно шавӣ"

                Санаи 19.02.19 дар бинои асосӣ, ошиёнаи 2-юм, утоқи 201 даври 2-юми озмуни бикуш «Бикуш то шавӣ» баргузор гардид. Дар озмуни навбатӣ факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва факултети физика ва математика иштирок намуданд. Дар натиҷа факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ бо гирифтани 35-хол ба даври сеюми озмун роҳ ёфтанд. Мақсади асосии озмун муайян намудани беҳтарин даста дар байни факултетҳо, ҳарчи бештар ба китобхонию илмомӯзӣ ҷалб намудани таваҷҷӯҳи донишҷӯён ва дарёфти чеҳраҳои нав мебошад. Хоҳишмандон метавонанд, ки дар озмуни навбатии факултетҳои омӯзгорӣ ва филологияи тоҷик ва журналистика санаи 01.03.2019, соати 1400 дар бинои асосӣ, ошиёнаи 2-юм, утоқи 201 ҳозир шаванд.


Back to the list