KGU

Навид

Роскомнадзор внес «Азия плюс» в реестр запрещенных сайтов
  • 02.08.2019

Роскомнадзор внес «Азия плюс» в реестр запрещенных сайтов

Роскомнадзор внес новостной портал «Азия плюс» (news.tj) в реестр запрещенных на территории России сайтов. В редакции портала надеются, что доступ к сайту скоро будет возобновлен.

Роғун" дар 6 моҳ 210,5 млн киловат-соат барқ истеҳсол кардааст
  • 01.08.2019

Роғун" дар 6 моҳ 210,5 млн киловат-соат барқ истеҳсол кардааст

Чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" дар шаш моҳи аввали соли равон 210,5 миллион киловат соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст. Чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" ҳудуди як моҳ хомӯш шуда буд.

НАВИШТАИ “АХБОР.КОМ” БА МАНФИАТИ ТЕРРОРИЗМ АСТ
  • 30.07.2019

НАВИШТАИ “АХБОР.КОМ” БА МАНФИАТИ ТЕРРОРИЗМ АСТ

Дар солгарди қатли чор сайёҳи хориҷии дучархасавор дар ноҳияи Данғара сомонаи “Ахборком”  матлабе нашр кардааст, ки дуруғу фитнаангез аст. Муаллиф тамоми далелҳои дастрасро сарфи назар карда, гуноҳи ин амали террористиро танҳо ба души ДИИШ вогузор кардааст ва гунаҳкори асосӣ - ТТЭ ҲНИ-ро ба забон наовардааст.

СВОБОДА СЛОВА ПОРОДИЛА ФЕЙКМЕДИА
  • 29.07.2019

СВОБОДА СЛОВА ПОРОДИЛА ФЕЙКМЕДИА

Комитет ООН по правам человека направил свои Заключительные рекомендации Таджикистану о выполнении страной Международного Пакта о гражданских и политических правах. В этом контексте, одним из приоритетных вопросов, отмеченных членами Комитета ООН, названа свобода слова.

КУМИТАИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ СММ АЗ КАДОМ МАҲДУДИЯТ МЕГӮЯД
  • 29.07.2019

КУМИТАИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ СММ АЗ КАДОМ МАҲДУДИЯТ МЕГӮЯД

Дар ҷумҳурӣ мувозинати риояи ҳуқуқи инсон дар сатҳи муътадил қарор дорад. Вале аз чи сабаб бошад, ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ин самти авлавиятҳои муҳими кишварро хеле камранг ва бесамар нишон медиҳад.

Задухӯрди милисаҳои қирғиз бо сокинони кишварашон дар марз бо Тоҷикистон
  • 24.07.2019

Задухӯрди милисаҳои қирғиз бо сокинони кишварашон дар марз бо Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, маъмурини милисаи ин кишвар ҳадафи ҳамла ва сангзании шаҳрвандони худашон дар марз бо Тоҷикистон қарор гирифтаанд

Горбатого могила исправит
  • 24.07.2019

Горбатого могила исправит

Состояние обеспокоенности жителей г. Исфара Таджикистана по отношению к озверевшим кыргызским гражданам кишлака Ак-Сай, которые за первое полугодие 2019 года убили троих жителей Таджикистана, неслучайно. Исфаринцы должны отбросить сомнения, мобилизоваться вокруг своих лидеров и дать понять преступникам из Баткента,

Муроҷиати видеоии Ғайрат Воҳидов, шавҳари марҳум Файзиниссо Воҳидова ба Илҳом Ёқубов
  • 18.07.2019

Муроҷиати видеоии Ғайрат Воҳидов, шавҳари марҳум Файзиниссо Воҳидова ба Илҳом Ёқубов

Як ду рӯзи охир сомонаҳои интернетии аз қабили “Паём нет”, “Ахбор.ком” ва ғайра, ки зери як бом, яъне Ҳизби наҳзати ислом қарор дошта худро мухолифини тоҷик ном ниҳодаанд, пайваста барои ноором сохтани вазъи имрӯза дар Тоҷикистон талош намуда аз ҳар воқеву ҳодисаҳои дар Тоҷикистон рӯх дода, росту дурӯғ “аз пашша фил” месозанд.

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»
  • 17.07.2019

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»

Хонандагони азиз, суҳбате доштем бо рӯзноманигор ва нависандаи маъруф Саломиддин Мирзораҳматов, ки инак манзури шумо мегардонем:

- Устод, хуш омадед ба идораи мо. Сараввал каме дар бораи худ нақл мекардед.

  • 12.07.2019

Неши ақраб на аз раҳи кин аст...

Тӯли  ду  рўзи охир  дар  бархе  аз  расонаҳо  ва  алалхусус дар фазои  маҷозӣ   баъзе  афрод ва  гурӯҳҳои сиёсие, ки бо ТЭТ ҲНИ иртибот доранд,  пиромуни  қазияи марги 14 нафар зиндониёни масмумшуда  ҳангома  барпо кардан  мехоҳанд. Бидуни ҳеҷ шакку шубҳа  ин  иғвобарангезӣ  бо мақсади  гумроҳ  кардани  мардум ва коҳиш додани ҳусни таваҷҷуҳи онҳо нисбат ба ниҳодҳои давлатии мо  ҳадафмандона анҷом дода мешавад.
Айни замон аъзои ТЭТ ҲНИ  ва дигар бадхоҳону душманони кишварамон аз қазияи марги маҳбусон ба қавле истифодаи  абзорӣ карда, бидуни доштани ҳеҷ гуна далеле сабаби марги  ин зиндониёнро мустақиман ба ниҳодҳои  давлатии Тоҷикистон иртибот додан мехоҳанд.  
Чунонки медонед, дар таърихи  7-уми июли соли 2019 аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи корӣ  128 нафар зиндониён, ки аз онҳо 120 нафар мард ва 8 нафар зан буданд, аз Муассисаҳои  ислоҳотии  №№ 3/3 ва 3/5-и  шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи ислоҳотии  № 9/2-и  шаҳри Истаравшани вилояти Суғд  ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ интиқол дода мешуданд. Ин маҳбусон дар 3 автомашинаи махсус  бо роҳбаладии дастаи посбонон  аз шаҳри Хуҷанд ҳаракат карда, соати 18:20 дақиқа ба шаҳри Душанбе расида буданд.
Тибқи иттилои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи  Майхӯраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад нон (хлеб)-еро, ки бо худ ҳамчун дастовез  оварда будаст, бо 16 нафар маҳбусони ҳамсафи худ тақсим карда додааст. Бо гузашти тақрибан ним соат  вазъи саломатии 13 нафар аз маҳбусоне, ки аз ин нон  истифодаи карда будаанд, ба тадриҷ тағйир ёфта, дар онҳо ҳолати далбеҳузурӣ, сарчархзанӣ ва қайкунӣ мушоҳида шудааст. Соати 18:20 дақиқа,  ҳангоме ки қатораи мошинҳо вориди муассисаи тафтишотии СРИҶҶ Вазорати адлия гардида  будааст,  вазъи маҳбусоне, ки аз нони заҳролуд истифода карда будаанд, ба шиддат бад мешавад. Аксари онҳо аз ҳуш рафта будаанд.  Соати 18:25 дақиқа бригадаҳои махсуси ёрии таъҷилӣ барои кӯмак  меоянд. Аммо новобаста ба чораҷӯиҳои тиббӣ табибон фақат 2 нафар маҳбусро метавонанд наҷот диҳанд. 14 нафар аз маҳбусони масмумшуда фавтиданд.
Заҳролуд кардан ва ба қатл расондани маҳбусон албатта кори дасти душманон аст, ки мехоҳанд Ҳукуматро бадном кунанд ва мардумро ба шур оранд. Барои онҳо фарқ надорад, ки киро мекушанд. Муҳимаш ба мақсадҳои ифлоси худ расанд. Амали онҳо баёнгари разолату палидии онҳост. Инҳо мисли ҳамон ақрабанд, ки муқтазои табиаташон неш задан аст.
    Мутобиқи гузориши мазкур қазияи заҳролудшавии маҳбусон ва талаф ёфтани 14 нафар маҳбус  феълан аз ҷониби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор дорад. Доир ба таҳқиқи ин масъала гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шудааст. Мутмаинем, ки дар фурсати кутоҳтарин гунаҳкорон, онҳое ки маҳбусонро бо додани нони заҳролуд ба қатл расондаанд, пайдо мегарданд ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Айни замон сабабҳои ин қазия ва омилҳои ин ҷиноят дақиқан ошкор нашудаанд, аммо тааҷҷуббарангез аст, ки бо вуҷуди  ҳанӯз норӯшан будани масъала баъзе аъзои ТЭТ ҲНИ ва мухолифини гурезаи хиёнаткор тарзе мавқеъгирӣ мекунанд, ки гӯё маҳбусони мазкур ҳадафмандона аз тарафи ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бо зарби мушту лагад кушта шуда бошанд.  Бо мушоҳидаи ин гуна тавзеҳ додани қазияи ҳанӯз нокушода ва рафтори муғризонаи пайравони ТЭТ ҲНИ  метавон  ба чунин хулоса омад, ки онҳо аз мусибати  имрӯзи ҷомеаи  мо аслан ба нафъи худ ҳангома сохтан мехоҳанд. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки сомонаҳои  интернетие чун “Ахборком”, “Паёмнет”, “Озодӣ” ва ашхосе чун Амруллои Низом  аз марги ин маҳбусон на фақат ғамгин нестанд, балки ин қазияро хурсандона ҳамчун фурсати муносибе, ки интизораш буданд, бар алайҳи рақибони худ истифода бурдан мехоҳанд.
Чунин ба назар мерасад, ки онҳо тӯдае манфиатҷӯ ва фурсатталаб ҳастанд, ки аз ҳама чӣ ва ҳама лаҳза ба нафъи худ мехоҳанд фоида бибаранд. Ин қабил ашхос бо вуҷуди иддаоҳои ҳамешагиашон дар бораи арзишҳои исломӣ наметавонанд ба ягон арзиши воло ва муқаддасоте сидқан эътиқодманд бошанд. Онҳо фақат дар паи манфиатҷӯӣ ва ҷоҳу ҷалоли хешанд.
Бубинед, ки ин фурсатталабон мехоҳанд ҳатто аз марги маҳбусон ва мусибати хонаводагии онҳо ба нафъи худ истифода кунанд. Ба ин хотир ҳатто омодаанд, ки бидуни доштани ҳеҷ далеле як қазияи фоҷиавиро ҳамчун  саҳнаи тарроҳишуда тасвир карда, аз ин фоҷеаи зиндониён  саҳнаи  сиёсӣ созанд ва ба ин васила номи Ватани худро  дар арсаи байналмиллалӣ сиёҳ намоянд. Аз рӯи инсоф бигӯед, ки оё одами боимон чунин коре метавонад анҷом диҳад?
Имрӯз баъзе аз ин ашхоси фурсатталаб бо ҳангомасозиҳои  сиёсии худ ин маҳбусони фавтидаро  ҳатто дар гўр ҳам ором гузоштан намехоҳанд.
Дар хитоб ба ин наҳзатиҳои  ҳангомаҷӯ  гуфтанӣ ҳастем, ки монед ин бечорагонро  дар гӯрашон  ором бихобанд.  Аз мусибати онҳо манфиат наҷӯед!  Аз ҷанозаи мардум  барои худ василаи худнамоӣ насозед!  
Хусрави  Шерзод
08.07.2019