KGU

Филологияи хориҷӣ

Факултети Филологияи хориҷӣ

Асосӣ.png Филологияи хориҷӣ








МАЪЛУМОТИ  УМУМӢ

Факултети  филологияи хориҷӣ ҳамчун як қисми махсуси ҷудошуда аз собиқ факултети забон ва адабиёти рус аз моҳи августи соли 2001 кори худро бо кафедраҳои аз нав ташкилшуда ва ихтисосу гурӯҳҳои таълимии ба тобеияташон воридгардида оғоз намуд. Вобаста ба тақозои замон стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ дар факултет такмил дода шуданд ва зина ба зина гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ ва низоми сезинагии таҳсилот (бакалавриатура, магистратура ва докторантура) ҷараён гирифта истода аст. Стандартҳои нави давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба ихтисосҳои марбути факултет соли 2011 ва нақшаҳои нави таълимӣ соли 2014 аз ҷониби Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав карда шуда, тасдиқ гардиданд. Айни замон факултет аз рӯи таълими рӯзона ихтисосмандҳои зеринро тайёр мекунад: 

· «Забони англисӣ: 1-020306»;

Ихтисоси «Забони англисӣ» дар факултет дар таълими рӯзона донишҷӯёни ба таълим фаро гирифта шуданнд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳҳо, ҳамчун тарҷумон низ кору фаъолият карда метавонанд. Айни замон дар ихтисоси мазкур дар таълими рӯзона аз рӯи ҳамин ихтисос донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд. Баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси забони англисӣ соҳиби дипломи дараҷаи бакалаврият мегарданд. Шартномаи таҳсил дар ихтисоси мазкур дар як сол 2700 сомониро ташкил медиҳад.

· «Забони англисӣ-олмонӣ: 1-02030601»;

Ихтисосӣ забони «англисӣ – олмонӣ»  дар факултет дар таълими рӯзона донишҷӯёни ба таълим фаро гирифта шуданнд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни забони англисӣ - олмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳҳо, ҳамчун тарҷумон низ кору фаъолият карда метавонанд. Айни замон дар ихтисоси мазкур дар таълими рӯзона аз рӯи ҳамин ихтисос донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд. Донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ду ихтисос яъне забони англисӣ ва олмонӣ соҳиби дипломи дараҷаи бакалаврият мегарданд. Шартномаи таҳсил дар ихтисоси мазкур дар як сол 2700 сомониро ташкил медиҳад.

· «Забони англисӣ-хитоӣ: 1-020307».

Ихтисосӣ забони «англисӣ - хитоӣ»  дар факултет дар таълими рӯзона донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шуданнд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳҳо, ҳамчун тарҷумон низ кору фаъолият карда метавонанд. Айни замон дар ихтисоси мазкур дар таълими рӯзона аз рӯи ҳамин ихтисос донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд. Баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси забони англисӣ – хитоӣ  соҳиби дипломи дараҷаи бакалаврият мегарданд. Баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ду ихтисос яъне забони англисӣ – хитоӣ  соҳиби дипломи дараҷаи бакалаврият мегарданд. Шартномаи таҳсил дар ихтисоси мазкур дар як сол 2700 сомониро ташкил медиҳад.

         Ихтисосҳои факултет ихтисосҳои замонавӣ буда, вобаста ба тақозои бозори меҳнати минтақа ва ҷумҳурӣ ташкил шудаанд. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар шуъбаи таълими рӯзона аз рӯи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Теъдоди донишҷӯёни факултети филологияи хориҷӣ дар соли таҳсили 2018-2019 ба 389 нафар мерасад.

         Дар факултет 2 кафедра кору фаъолият менамояд: «кафедраи забонҳи хориҷӣ ва методикаи таълими он» ва кафедраи «Забонҳои хориҷӣ».

Кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он

         Кафедра аз соли 1993 дар Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шуда то январи соли 2018 бо номи кафедраи забони англисӣ амал мекард. Баъд аз мутаҳидшавии кафедраҳо  кафедра номи худро иваз кард, яъне бо номи «Кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он» гирифт. Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраро муаллими калон Ҷурақулов Б.Р. ба душ дорад.

       Дар кафедра ҳамагӣ 36 нафар омӯзгорон фаъолият доранд. Аз ҷумла  5-нафар  муаллимони калон, 21- нафар ассистентон, 4-нафар ҳамкорӣ дохила, 6- нафари дигар ҳамкорони беруна мебошанд. Кафедраи мазкур аз рӯи 3- ихтисос: яъне «Ихтисоси забони англисӣ», «Ихтисоси забони англисӣ- олмонӣ», «Ихтисоси забони англисӣ-хитоӣ»  ба донишҷӯён таълим медиҳанд. Дар кафедра аз рӯи 30 фанни таълимӣ дар ихтисосҳои зикргардида омӯзгорон таълим медиҳанд. Ҳамаи фанҳои таълимии кафедра бо барномаҳои таълими фан, силлабус ва бонки лексия таъмин мебошанд.

        Тибқи нақшаи пешгирифтаи шӯъбаи илм ва инноватсияи донишгоҳ ҳар ҳафта семинари илмӣ- методӣ аз тарафи омӯзгорони кафедра дар мавзӯҳои гуногуни илмӣ дар факултет гузаронида мешавад. Роҳбарии семинари илмӣ- методии кафедраро муаллимаи калон Сайдамирова М ба уҳда дорад. Ин чунин дар назди кафедра маҳфили забони англисӣ бо номи “I like English” бо роҳбарии муаллими калони кафедра Сангимадов Ф. амал менамояд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе донишҷӯёни фаъол бо маърӯзаҳо бо забони англисӣ дар мавзӯҳои гуногун баромад мекунанд. Инчунин дар назди кафедра нақшаи баргузор гардидани дасҳои кушоди омӯзгорон ба роҳ монда шудааст, ки аз рӯи нақша дар як моҳ як маротиба дарси кушод мегузаранд.

Кафедраи забонҳои хориҷӣ

        Кафедраи забонҳои хориҷӣ аз соли 1993 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  ҳамчун кафедра забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ фаъолият менамуд. Аз январи соли 2018 кафедра дар назди факултети филологияи хориҷӣ бо номи «Кафедраи забонҳои хориҷӣ» номгузорӣ шуда кору фаъолият дорад. Вазифаи мудирии кафедраро муаллими калон Гуламадшоев Ш.Ш. ба ӯҳда дорад. Дар кафедра 27 нафар омӯзгорон кору фаъолият доранд.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 6-8-ум
Телефони корӣ: (+992 3322) 2-25-96
E-mail: fil.khoriji@kgu.tj