KGU

Омӯзгорӣ

Факултаи Омӯзгорӣ

omuzgori.JPGФАКУЛТАИ-ОМУЗГОРИ.png

МАЪЛУМОТИ  УМУМӢ

Факултаи  омӯзгорӣ соли 1968 бо шуъбаҳои методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ, педагогика ва психологияро дар бар мегирифт, таъсис дода шуда, дар тайёр намудани омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳми босазои худро гузошта истодааст. Айни замон факулта аз рӯи таълими рӯзона ва ғоибона ихтисосмандҳои зеринро тайёр мекунад:
103030201- Дефектология
1230111- Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ.
1030301- Логопедия
1030304- Олигофренопедагогика.
1030302- Сурдопедагогика
1010201- Таҳсилоти ибтидоӣ
1010202- Таҳсилоти ибтидоӣ. Ихтисоси иловагӣ.
101020203- Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ.
1010101- Таҳсилоти томактабӣ.
1-010102-06- Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ.
1-030403 Равоншиносии амалӣ
Садорати факултаи омӯзгорӣ фаъолияти худро дар асоси Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаорору фармонҳои раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, нақшаи кории факулта ба роҳ монда  истодааст. Дар таълими рӯзона донишҷӯён пурра аз рӯи низоми кредитии таҳсилот таҳсил намуда истодаан. Дар шуъбаи ғоибона то курси чорум аз рӯи низоми кредитӣ ва дар курсҳои панҷум аз рӯи низоми таҳсилоти анъанавӣ таҳсил намуда истодаанд. Инчунин дар факулта донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ дар бахши магистратура докторантураи (РhD)  аз рӯи ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ таҳсил намуда истодаанд.

Дар факулта 2 кафедра амал менамояд:

1. Кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ
Кафедра таҳсилоти ибтидоӣ аз соли 1969 фаъолият намуда истодааст. Айни вазифаи мудирир кафедраро номзади илмҳои филологӣ Шералиева Садбарг ба уҳда дорад.

2. Кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ
Кафедра таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ аз соли 1973 арзи вуҷуд дорад. Вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои педагогӣ Бозоров Хушвахт ба уҳда дорад.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16,
Телефони корӣ: (+992)
E-mail: omuzgori@kgu.tj,