KGU

Таърихи донишгоҳ

Таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ

Мояи ифтихор ва саодатмандии беинтиҳост, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.09.2014, 565 «Дар бораи ҷашни 70-солагии Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» Ҷашни 70-солагии Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 1 сентябри соли 2015 дар Донишгоҳи номбурда гузаронида мешавад. Мардуми шарифи Кӯлоб ва мардуми азизи Тоҷикистон дар паҳлуи ҳайати устодону омӯзгорон, донишҷӯён, хатмкардагони солҳои гуногун ва кормандони сохторҳои донишгоҳ 70-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо ифтихору сарбаландӣ ҷашн хоҳанд гирифт. Ба истиқболи ин санаи муҳими таърихӣ раёсати донишгоҳ кумитаи тадорукот таъсис дода, силсилаи чорабиниҳои ҷашниро таҳия ва тасдиқ намуд. Барои ҳамаи мо муҷиби ифтихору  сарфарозӣ ва ёддошти бузург аст, ки 12-уми октябри соли 1994 нахустин вохӯрии Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи маъракаи райъдиҳии умумихалқӣ оид ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барпо шуд. Ин падидаи рӯҳбахшу хотирмон ҳеҷ гоҳ аз ёд зудуда нахоҳад гардид, зеро суханони хирадмандона ва дурандешонаи арзандатарин номзад ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили роҳҳои асосии таъмини сулҳу амонӣ, аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ наҷот додани мамлакат ва ба даст овардани  истиқлоли комил ҳанӯз ҳам садо медиҳанд. Муроҷиатномаи интихобкунандагони ҳамоиш ба ҳамаи интихобкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд. Ва дар ёд аст, ки баъди эълони аввали ҳисоби райъдиҳӣ ва ғалабаи комил Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб омаданд ва ба эҳтироми халқ шарафёб шуданд; кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб моломоли одамони шоду фархунда буд!

Коллективи бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамаҷонибаву самимона ва дилпурона сиёсати хирадмандонаи дохилӣ ва хориҷии Сарвари давлатро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфтанд. Ибтикороти тоза ба тоза дар ҷодаи роҳбарӣ, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои ҳамарӯзаи Сарвари арзанда ва пазируфтаи халқ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар як муддати начандон тулонӣ кишвари аз вартаи ҳалокат ба соҳили  наҷот расид, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ пойдор ва тамоми соҳаҳои ҳоҷагии халқ рӯ ба пешравию рушд ниҳод.  Иншоотҳои бузург, нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, шоҳроҳҳои азим мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, корхонаҳои пуриқтидор батамом эҳё ва омодаи хидмати халқу Ватан гардиданд. Он муваффақиятҳои назаррас, ки то кунун ба муқтадиртарин арбобони давлат ва сиёсат муяссар нагашта буд, аз рӯзи ба сари қудрат омадани ин марди фархундапай ба даст омаданд. Фаъолияти пурсамар, дастовардҳо ва музаффариятҳои бузурги роҳнамоии Президенти кишвар дар суханрониҳои пурмуҳтавояшон ба ифтихори 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17-солагии Ваҳдати миллӣ, 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Паёмҳои ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор ёфта, барҳақ раҳнамои халқ гардиданд

 Идома...

Дигаргуниҳои азиме дар соҳаи мактабу маориф корбаст гардид. Кормандони илму маориф ва дар маҷмӯъ аҳли зиё, ғамхориҳои доимиву падарона ва дастгирии мардонаву олиҳиматонаи  Ҷаноби Олиро ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагӣ, беш аз пеш рушду камол ёфтани муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, бахусус Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамасола эҳсос менамоянд. Аз ҷумла дар соли таҳсили 2013-2014 маблағгузорӣ аз буҷети давлат бо мақсади инкишофи мактабу маориф, ки самти афзалиятноки сиёсати давлат маҳсуб мегардад,  нисбат ба солҳои 2000-ум беш аз 57 баробар афзудани ҳаҷми маблағ далели гуфтаҳои боло мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа, ки тарбиятгари насли ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошад, ва таъмини рушди соҳаи маориф дар ҳафт соли оянда аз буҷаи давлат 27 миллиард сомонӣ ҷудо карда хоҳад шуд.

Яке аз масъалаҳои басе муҳимми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки моҳиятан аз мазмуну мундариҷаи шоҳасарҳои таърихӣ ва суханрониву баромадҳои мутааддиди Роҳбари давлат аз минбарҳои баланд оид ба худогоҳӣ, худшиносӣ ва ифтихори  ватанхоҳиву миллӣ манша мегирад, ба омӯзиш ва бузургдошти дастовардҳои таърихии гузаштагони Ватани куҳанбунёдамон, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳам як гӯшаи хурди он ба шумор меравад, таҷлили 70-солагии таъсисёбӣ ва рушди он дар соли 2015 мебошад. Натиҷаи эҳтиром ва эътибори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари маърифатпарвари он мебошад, ки 1 сентябри соли 2015 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ботантана ва васеъ ҷашн гирифта мешавад. Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва хатмкардагони донишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки ин ҷашнро дар сатҳи баланди сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмӣ истиқбол гиранд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили 70-солагии таъсиси Донишгоҳ ба раванди таълиму тарбияи маънавии ҷавонон ва рифъати сатҳи маърифатии донишҷӯёну омӯзгорон такони ҷиддӣ хоҳад буд. Омодагиҳо ба 70-солагӣ моро водор месозад, ки бори дигар ба таърихи пурсаодати Донишгоҳ назар андохта, хулосаҳои тозае дар самти рушди  таълиму тарбияи мутахассисони баландпоя рӯи кор биоварем.

Хушбахтона, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди ҳайати бисёрҳазорнафараи моро ҷиҳати ташкил ва гузаронидани ҷашни фархундаи 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  хуш пазируфта, ризоияташонро аз 8-уми феврали соли 2014, зери рақами 233/25 иборз намуданд ва розӣ шуданд, ки дар бинои нави донишгоҳ “Дарси сулҳ” ва “Рӯзи  дониш”-ро  оғоз бахшанд.

Ифтихормандем ёдовар шавем, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷумлаи аввалин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат маҳсуб мешавад. Он дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси хоҷагии халқи ҷумҳурии азизамон нақши муассире дорад. Ва таъсиси он тақозои рӯзафзуни давру замон буд. Мусаллам аст, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба рушду нумӯи мактабу маориф таваҷҷӯҳи зиёд медод. Ва яке аз натиҷҳои он таъсиси Институти дусолаи муаллимтайёркунӣ дар шаҳри Кӯлоб буд. Ин чароғи хирасӯзи маърифат то соли 1991 ба як машъали фурӯзон табдил ёфт.  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (аз 23 январи соли 2015) бори дигар хотирнишон сохтанд, ки «дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустаҳкам дорад».

Бори дигар ба таърих рӯ меоварем. Қарори Шӯрои Комиссариати халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон  аз 23.06.1940, зери рақами 724  «Дар бораи  дар заминаи омӯзишгоҳи  омӯзгории ш.Кӯлоб таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунии дусола» ба табъ расид. Мутаассифона, бо сабаби таҳдиди ҷанги дуюми ҷаҳон ба Иттиҳоди Шӯравӣ, нарасидани маблағ ва ба низоми ҳарбӣ даровардани фаъолияти тамоми корхонаҳо имкон надоданд, ки ин қарор  амалӣ гардад.

Баробари ғалабаи музаффаронаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Германия ва оғози азнавбарқароркунӣ ва тараққиёти хоҷагии халқ Донишкадаи давлатии Кӯлоб бо номи Институти давлатии дусолаи муаллимтайёркунии Кӯлоб, тибқи қарори Вазорати маданияти  СССР  аз 15 августи соли 1945, таҳти рақами 1373 дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб, ки дар гузашта номҳои курси педагогӣ (1931-1934), техникуми педагогӣ (1934-1935), комбинати педагогӣ (1935-1938)-ро доштааст, таъсис ёфт ва баъдан бо Қарори Вазорати маорифи ИҶШС аз августи соли 1945 Донишкадаи муаллимтайёркунии дусола ба Донишкадаи давлатии омӯзгории чаҳорсола табдил дода шуд.  Институт дар ибтидо дорои факултаҳои таърих ва филология, физика-математика, табиатшиносӣ ва ҷуғрофия буд.

Соли аввали фаъолияти Институт дар факултаҳои мазкур ҳамагӣ 48 нафар абитуриентон қабул гардиданд, ки ба онҳо 9 нафар омӯзгорони таҳсилоти олидошта таълим медоданд. Нахустин директори он Раҳмон Каримов буда, тибқи фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 1945 ба ин вазифа таъйин мешавад.  Дар соли аввали таҳсил нақшаи қабули донишҷуён  80% таъмин карда шуд. Вале бо кӯмак ва дастгирии идораҳои марбутаи давлативу ҳизбии шаҳру вилояти Кӯлоб барои шогирдон ба миқдори зарурӣ синфхонаҳо, дафтарҳои корӣ, озмоишгоҳҳо ва хобгоҳ пайдо карда шаванд. Раванди таълиму тарбия ба низом даромад. Омӯзгорони беҳтарин аз дуру наздик ҷамъ оварда шуданд.

Вазъи қабули ҷавонписарону духтарон ба Институт дар соли таҳсили 1947-1948 беҳтар гардид, 90 нафар ҷавонон сазовори номи пуршарафи донишҷӯ шуданд. Соли 1947 аввалин хатмкунандагон соҳиби диплом шуданд: Хоркаш Қодиров, Худойдод Сангов, Шариф Ҳасанов, Шариф Зиёев, Ҳамрохон Файзиев, (аз факултаи физика-математика), Ғулом Бӯриев, Султон Бекматов, Қосим Исмоилов, Умаралӣ Комилов, Муъмин Мирзоев, Худойдод Мирзоев, Ғафур Муллоев, Сафаралӣ Наимов, Файзулло Пӯлодов, Талбак Раҳмонов, Сайдаҳмад Раҳимов, Зайнал Салимов, Шараф Шарифов (аз шуъбаи таърих), Шакар Сафаров, Баён Раҳимов ва дигарон (аз факултаи табиатшиносиву ҷуғрофия). Баъзе хатмкардагон ба корҳои комсомолӣ, партиявӣ ва роҳбарӣ дар ноҳияҳои вилояти Кӯлоб сафарбар карда шуданд: М. Аҳмадалиева, Санг Абдуллоев, Вазир Ҷалилов, Карим Қурбонов, Абдураҳмон Маҳмудов, Кӯган Наҷмиддинов, Ғиёс Набиев, Наим Назаров, Рашид Одинаев, Шакар Сафаров, Болта Раҳимов, Э. Зардиев, Аюб Файзиев, Ҷаббор Шарифов, Пирӣ Шукуров, Ҳайит Шерхонов ва дигарон.

Соли таҳсили 1947-1948 дар ин маркази илму маърифат кафедраҳои асосҳои марксизм-ленинизм (мудир Хоҷабобо Ортиқов), забону адабиёт (мудир Шаҳидӣ Каримов), физика-математика (мудир Аъзам Акбаров), табиатшиносиву ҷуғрофия (мудир, худи директор Раҳмон Каримов), педагогика ва психология (мудир Абдулло Раҳимов) фаъолият мекарданд.

Сохтори Институт сол то сол мукаммал мегардид, теъдоди факултаҳо, шумораи донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорон меафзуд. Акнун шумораи донишҷӯён дар соли таҳсили 1950-1955 ба 446 нафар расид. Миқдори омӯзгорон аз 9 то ба 39 нафар афзуд. Дар он солҳо  русҳо, украинҳо, ӯзбекҳо ба кор омаданд, ки миёни онҳо омӯзгорони ботаҷриба – И.В. Тарасов, В.С. Миснер, М.М.Шматко, Э.И. Радишева, А.Г.Лицитская, В.В.Жабан, В.М. Венахин, Р.Усмонов, С.Хоҷаев, М.Худойназаров буданд.

Ректор Муҳаммадӣ Исматуллоев бисёр олимону омӯзгорони  ҷавонро аз шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд ва Душанбе ба Кӯлоб даъват намуд. Солҳои ректории Худойназар Мамадназаров дигаргуниҳои чашмрас рӯи кор омада, нақшаи қабули абитуриентон ба Институт хеле меафзояд, кафедраву факултаҳои нав ташкил меёбанд, сифати таълиму тарбия беҳтар мегардад ва дар ҷобаҷогузории кадрҳо тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал меоянд. Чунончи, муаллими калон Ҳ.Б.Боғиров котиби бюрои партиявӣ, А.Сиддиқов раиси иттифоқи касаба ва Д.Г.Резник мудири шуъбаи таълими ғоибона таъйин карда шуданд. Ҷиддияти вазъиятро аз ин ҳам қиёс бояд кард, ки  мудири кафедраи асосҳои марксизм-ленинизм аз ҷониби бюрои Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон таъйин мегардид. Роҳбарии кафедраи мазкурро Б.Т. Абдураҳимов ба душ дошт ва дар он омӯзгорон Х.Мамадназаров, А.Сиддиқов, Ғ.Ятимов, М.Шукуров, Маллаев, Варханин кору фаъолият мекарданд.  Дар кафедраи таърихи халқҳои СССР бошад, омӯзгорон Ҳ.Б.Боғиров, Р.Усмонов, Минязов, Д.Г.Резник таъйин карда шуданд.

Яке аз омӯзгорони ҷавоне, ки он солҳо ба кор қабул гардид, Ниёз Сафаров буданд, ки дар рушду нумӯи минбаъдаи таълиму тарбия ва илм саҳми бузург гузоштаанд.

Институт  қадам ба қадам афзоиш меёбад ва таъминоти кафедраҳо бо омӯзгорон рӯ ба беҳбудӣ меоварад. Шумораи онҳо дар соли таҳсили 1952-1953 ба 576 нафар ва теъдоди олимону омӯзгорон ба 100 нафар расид,   мутахассисони лаёқатманд Салоҳиддин Атоев, Ё.А.Бобоев, М.Г.Кабина, Ҳ.Назаров, Моёншо Назаршоев, Мирзо Султонов, Парвиз Ирфон, Ҳомид Хоҷаев ва дигарон ба ҳайси омӯзгор  қабул карда шуданд.  Институти дусолаи муаллимтайёркунии Кӯлоб дар зарфи 8 соли фаъолияти худ (солҳои 1945-1953) дар тайёр кардани кадрҳои педагогӣ ва таъмин намудани мактабҳои ҷумҳурӣ бо муаллимони таҳсилоти олии нопурра нақши бориз дорад. Дар ин муддат дар шуъбаҳои таълими рӯзона ва ғоибонаи он беш аз 900 нафар донишҷӯён таҳсил намуда, беш аз 750 нафарашон соҳиби дипломи таҳсилоти олии нопурра гардиданд.

Дар баробари таълим устодон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул гашта бошанд ҳам, асосан ба омӯзиши маводи таълимии мавҷуда, аз рӯи онҳо ба тартиб даровардани нақшаи фанни таълимӣ ва таълими босифат иборат буд. 

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Институт на фақат ба сифати таълиму тарбияи донишҷӯён, инчунин ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии омӯзгорон низ пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд. Маҳз бо дастгирӣ ва кӯмаки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти муаллимии Кӯлоб  номзадҳои илм низ равон карда мешуданд ва ба ин сабаб  нерӯи илмии он мустаҳкам ва пурзӯр мегардид, ҷавонони толибилм рӯ ба пажӯҳиш ва дониш меоварданд.

Бо ҳамин марҳилаи аввали фаъолият ва рушди Институти  муаллимии Кӯлоб хотима ёфта, аз соли таҳсили 1953-1954  марҳилаи дуюми он шурӯъ мешавад. Бо вуҷуди натиҷаҳои чашмгир ошкор буд, ки Институт тақозои афзояндаи соҳаи маорифро қонеъ гардонида наметавонад. Роҳҳои нав бояд ҷуст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки заминаҳои моддӣ-таълимӣ дар зарфи 8 соли мавҷудияти Институт пайдо шуда буд. Қабл аз ҳама, ҳайати устодону омӯзгорони  ботаҷриба ҷиҳати пешбурди кори таълиму тарбия дар мактаби олӣ – Институти 4-солаи педагогӣ омода буд. Роҳбарияти Институт дар назди мақомоти шаҳру вилояти Кӯлоб ва Ҳукумати мамлакат доир ба  таъсис додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб батакрор дархостҳо пешниҳод мекард. Ниҳоят, ин хоҳишу дархостҳои садорати Институт аз тарафи Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шуд ва 7 августи соли 1953 фармони Вазорати маорифи СССР таҳти рақами 1373 «Дар бораи барҳам додани Институти дусолаи муаллимтайёркунии Кӯлоб ва дар заминаи он ташкил намудани Институти давлатии педагогии Кӯлоб дар соли таҳсили 1953-1954» ба тасвиб расид.

Дар асоси фармони мазкур Совети Вазирони РСС Тоҷикистон низ аз 15 августи соли 1953 «Дар бораи дар заминаи Институти муаллимпайёркунии шаҳри Кӯлоб кушодани Институти давлатии омӯзгории Кӯлоб» қарори махсус қабул намуд.

Акнун марҳилаи дуюми фаъолият ва рушди Институти давлатии педагогии Кӯлоб шурӯъ гардид. Директори Институт Худойназар Мамадназаров аз 10 августи соли 1953 бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуда, ба ҷои ӯ мудири кафедраи асосҳои марксизм-ленинизм Ашраф Сиддиқов муваққатан иҷрокунандаи ректори Институти давлатии педагогии Кӯлоб таъйин гардид.

Бо таъсисёбии Институти давлатии педагогии Кӯлоб дар сохтор, нақша ва барномаҳои таълимӣ, раванди таълиму тарбия ва роҳбарияти  он дигаргуниҳои бузург ба амал омаданд. Дар ду соли аввал теъдоди факултаҳои он: забону адабиёт, физика-математика, таърих, табиатшиносиву ҷуғрофия  зиёд нашуда бошад ҳам, шумораи донишҷӯён нисбатан зиёд гардида, ҳамон сол ба курси якум 179 нафар  абитуриентон дохил шуданд. Теъдоди донишҷӯён дар соли таҳсили 1953-1954  якҷо бо донишҷӯёни курси дуюми Институти  муаллимӣ 311 нафарро ташкил дод. Дар ҳамин соли таҳсил 34 нафар шуъбаи таълими рӯзона ва 58 нафар шуъбаи таълими ғоибонаро хатм намуданд.

Ҳамин тавр, дар соли таҳсили 1953-1954 миқдори донишҷӯёни шуъбаҳои таълими рӯзона ва ғоибонаи Институт ҳамагӣ 572 нафарро ташкил кард. Вобаста ба тавсеаи доираи ҳар як ихтисос афзоиши шумораи донишҷӯёну ҳайати омӯзгорон дар Институт, кафедраҳо, озмоишгоҳҳо ва дафтарҳои кории нав таъсис дода мешаванд. Дар китобхона миқдори адабиёти илмӣ, методӣ, бадеӣ ва адабиву техникӣ афзуда, масъалаи баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои баландихтисос низ ба миён гузошта шуд. 19 декабри соли 1953 номзади илмҳои таърих, дотсент Ҳ.К. Хоҷаев ректори Институти давлатии омӯзгории Кӯлоб таъйин карда шуд. Ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия, мустаҳкам гардидани заминаи моддиву техникӣ ва ривоҷу равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таъминоти моддию маишии омӯзгорон дар Институт корҳои шоиста ба анҷом мерасонад. Масалан, бо кӯмаку талошҳои ӯ биноҳои дуошёнаи рақамҳои 25, 27 воқеъ дар кӯчаи ба номи Карл Маркс (ҳоло С.Сафаров) ва бинои якошёнаи воқеъ дар кӯчаи ба номи С.Орҷонкидзе (ҳоло дар ҷои он бинои чорошёнаи шуъбаи таъминоти иҷтимоии шаҳрӣ қомат афрохтааст) аз ҷониби мақомоти шаҳр ба ихтиёри Институт дода шуд. Ҳайати устодону омӯзгорон бо истиқоматгоҳ таъмин карда мешаванд. Дар натиҷа тарк кардани донишгоҳ аз ҷониби кадрҳои омӯзгорӣ ҳаталимкон қатъ гардид, ҳайати асосии омӯзгорон нигоҳ дошта мешавад.

Институт дар марҳилаи дуюми рушди худ садҳо муаллимонро ба камол расонида, соҳиби таҳсилоти олии касбии пурра гардонид. Аз ҷумла,  Муаллими халқии СССР Идӣ Халифаев, Муаллимони хизматнишондодаи Тоҷикистон Сония Аккалаева,  Сарахон Турахонов, Карим Қодиров, Аҳмад Ҳаётов, Санг Самадов, Барот Мирзоев ва дигарон.

Дар соли таҳсили 1956-1957 Институт аз таҳсили 4-сола ба таҳсили 5-солаи ҳамгиро гузашт, зеро мамлакат ба муаллимони гуногунсоҳа эҳтиёҷ дошт. Дар факултаҳо ихтисосҳои ҳамгиро амал мекарданд. Масалан, дар факултаи таъриху филология муаллимони забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, адабиёт, таърих, дар факултаи физика-математика омӯзгорони фанҳои математика, физика, нақшакашӣ, астрономия ва ғайра тайёр карда мешуданд. Гузаштан ба таълими ҳамгиро роҳбарияти Институтро водор сохт, ки нақша ва барномаҳои таълимӣ, такмили корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ҳаҷму меъёри машғулиятҳои амалӣ ва лабораторӣ таҷдиди назар карда шаванд.

Соли 1957 барои Институт соли бобарор ва комёбиҳои бузург маҳсуб мешавад. Аз ҷумла, пояи моддӣ-техникии он пойдор ва устувор мегардад. Ду бинои таълимӣ ва толори варзишӣ ба кор даромаданд, ки дар натиҷа миқдори дарсхонаҳо афзуд, ба кори кабинету озмоишгоҳҳо самаранок гарид.

Шумораи донишҷӯёни Институт дар ҳамин давра ба 750 нафар расид. Онҳо дар се факулта – физика-математика, таъриху филология  (дар 30 гурӯҳи таълимӣ) таҳсил мекарданд. Чунин раванди босуръати тараққиёт дар бобати тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ тақозои замон буд. Соли 1957 Институтро беш аз 100 нафар хатм намуда, ба соҳаҳои гуногуни ҳоҷагии халқ, хосса, соҳаи маориф ва муассисаҳои давлатӣ фиристода шуданд. Миёни онҳо аз факултаи забон ва адабиёти тоҷик 41 нафар  (Каромат Муродов,  Машраб Муродов, Пӯлод Раҳматов, Бобо Эгамбердиев, Тӯрахон Шамсов, Сония Аккалаева, Ғазал Зардов, Барот Мирзоев), аз факултаҳои физика-математика 34 нафар (Аҳмад Ҳаётов, Идӣ Халифаев ва дигарон) буданд. Моҳи майи соли 1957 Х.К.Ҳоҷиев аз вазифаи ректори Институти давлатии педагогии Кӯлоб озод ва ба ҷои вай номзади илми таърих, дотсент Назришо Латифов таъйин карда шуд. Ин дигаргуниҳо натиҷаи мусбат дод.

Солҳои 1958-1959 Институти давлатии педагогии Кӯлоб дар таълиму тарбияи донишҷӯён ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар пешсафу пешқадам буд. Омӯзгорон ба ҷои зист таъмин карда шуданд. Институт бо кадрҳои баландихтисосу лаёқатманд аз ҳисоби хатмкардагони худ ва Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), Институти давлатии педагогии Сталинобод ба номи  Т.Г.Шевченко низ таъмин мегардид. Дар соли таҳсили 1958-1959 ба таълиму тарбияи шогирдон беҳтарин устодон Ф.Усмонов, А.Сиддиқов, И.И.Палчиков, М. Назаршоев, А.Муъминов, А.В.Килкинов, М.Г.Ярошевкий, Э.А.Загумёнова, Л.Г.Камолова, И.Тамлихоев, Ф.Қудратова,  М.Қурбонов,  Р.Юсупова,  Ҳ.Муҳибов, Б.Муродов, А.Суфиев, А.И.Аминов, П.А.Вайнкурт, М.Н.Чиликина, И.П.Конькова, М.Исмоилов, Р.Т.Токарева, Х.Қодиров, Ш.Раҳмонов, Ш.Умаров, А.Акбаров, К.П.Марсаков, Ҳ.Б.Боғиров, Н.Л.Латипов, С.Фузайлов, В.Д.Пчелников, М.В.Чижикова, М.И.Макаревич, В.С.Миснер, А.Л.Спектор, Г.Ашӯрмамедов, А.Асроров, В.А.Сивочуб, Е.Б.Амитин, Р.Ф.Иванова, Ш.Юсуфов, М.Ризоев, С.Холматов, О.Қурбонов, Ч.Мардонов, М. Султонов, С.Чалишев ва дигарон машғул буданд. Аз  ин 8 нафарашон дараҷа ва унвони илмӣ доштанд.

Марҳилаи севуми фаъолият ва рушди Институти давлатии педагогии Кӯлоб ба соли 1960 садаи 20-ум рост меояд, ки онро марҳилаи рӯ ба таназзул овардани Донишгоҳ меноманд. Ташкилотҳои партиявии мактабҳои олӣ низ нисбат ба такмили сифати таълиму тарбияи донишҷӯён бетараф набуданд. Намояндагони КМ партияи коммунистии Тоҷикистон зуд-зуд ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ташриф оварда, дар ҷаласаҳои партиявӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Шӯроҳои олимони онҳо ширкат варзида, зарурати омода намудани муаллимони соҳибмаълумотро барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пайваста таъкид месохтанд. Масалан, моҳи октябри соли 1959 котиби дувуми КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон П.С. Обносов, котиби якум ва нозири кумитаи партиявии шаҳри Кӯлоб З.М.Абдулин ва Раҳматов дар  маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии бюрои ташкилоти партиявии Институти давлатии педагогии Кӯлоб иштирок менамоянд.

Котиби бюрои ташкилоти партиявии Институт Моёншо Назаршоев (ҳамзамон мудири кафедраи марксизм-ленинизм ҳам ба шумор мерафт) дар ҷаласаи васеи партиявӣ бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад мекунад. Пас аз шунидани ҳисоботи солонаи котиби бюрои партиявӣ Моёншо Назаршоев чанде аз коммунистон, аз ҷумла ректор  дотсент Назришо  Латифов,  дотсент Қодир Собиров, номзади илмҳои таърих К.П.Марсаков, муаллими калон В.Д.Пчелников, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Анвер Аминов, муовини ректор оид ба  таълим, тарбия ва илм Ниёз Сафаров бо истифода аз фурсати муносиб ва иштироки котиби дувуми КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон Н.С.Обносов дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ба музокира баромада, дархостҳояшонро оид ба бартараф намудани вазъи ногувори иқтисодии шаҳру ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Коммунистон  қотеона талаб менамоянд, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳбуди шароити зист, ҷои истиқомат, хона ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва дониши донишҷӯён тадбирҳои оҷил андешанд. Инчунин муаллимони калон Раҳмон Усмонов, Шарқӣ Юсуфов, дотсент Қодир Собиров аз кафедраи асосҳои марксизм-ленинизм дар хусуси мустаҳкам намудани заминаи  моддиву таълимии Институт, сохтани биноҳои таълимӣ, хобгоҳи умумии донишҷӯён, толори варзишӣ, китобхона, қироатхона, ошхона ва озмоишгоҳҳои илмӣ-таълимиро оид ба фанҳои дақиқ ба миён гузошт. Ҳаллу фасли чунин дархосту пешниҳодот дар солҳои 50 ва 60-ум бегумон кори осон набуд. Котиби бюрои ташкилоти партиявӣ марди ҷасур Моёншо Назаршоев бо далелҳои раднопазир исбот намуд, ки  Ҳукумати ҷумҳурӣ ин дархосту пешниҳодоти ҳайати олимону омӯзгорони Институтро ба эътибор нагирад, онҳо донишкадаро тарк хоҳанд кард.

Чунин ранг гирифтани маҷлиси партиявӣ ва дархостҳои ҷиддиву нотарсонаи олимону омӯзгорони Институт ба табъи нозуки котиби КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон П.С. Обносов чандон нафорид ва бо як «ҳиллаи шаръӣ» соли 1960 Институт ҳамчун воҳиди мустақил барҳам дода шуда, филиали Институти давлатии педагогии Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) мегардад. Институт мустақилияти худро аз даст дод.

Тибқи қарори батасвибрасида донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюми ҳамаи факултаҳо ба Институти давлатии педагогии Сталинобод ба номи Т.Г.Шевченко гузаронида, донишҷӯёни курсҳои 4-5-ум дар филиали Кӯлобии Институти мазкур таҳсилро идома медиҳанд. Дар соли таҳсили 1960-1961 ба филиал нақшаи қабули абитуриентон муқаррар карда намешавад.

Соли таҳсили 1959-1960 дар Институт беш аз 750-800 нафар донишҷӯ таҳсил мекарда бошанд, дар соли таҳсили 1960-1961 320 нафар дар Институт боқӣ монда буданду бас.

Қатъи фаъолияти Институти педагогии Кӯлоб ба фарҳангу маънавиёти мардуми собиқ вилояти Кӯлоб хисороти ҷиддии маънавию фарҳангӣ ворид сохт; фонди китобхона хароб гашта, нусхаҳои нодиртарини он ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айни интиқол ёфт. Адабиёти зарурии илмӣ, бадеӣ, оммавӣ, сиёсӣ аз истифода соқит карда шуданд.

Инчунин, донишмандону омӯзгороне, ки аз тамоми гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои гуногун ба Институт омада буданд, ба дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ гузаштанд. Қисмате аз онҳо дотсентон М.Г. Ярошевкий, К.П. Марсаков, Қ.Собиров, дотсент Н.Латифов ва муаллимони калон М.Назаршоев, Н.Сафаров, А.Л. Спектор, Д.Г. Резник, А.Аминов, А.Асроров, А.Сатторӣ, Н.Кириленко ва дигар омӯзгорони ҷавон Институтро тарк намуданд.

Пас аз ба филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ табдил ёфтани Институт ҳайати он пароканда ва  шумораи омӯзгорони он аз 100 ба 23  нафар расид. Дар соли таҳсили 1961-1962 боз ба факултаҳои асосии филиал донишҷӯён қабул гардиданд.

Ҳаёт собит сохт, ки қарори муттаҳид намудани мактабҳои олии омӯзгорӣ бар зарари рушду нумӯи низоми мактабу маориф дар кишвари азизамон гардид.

Бо қарори КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 27 июли соли 1962 Институти давлатии педагогии Кӯлоб барқарор гардид. Ректори он номзади илмҳои таърих, дотсент Тоҳир Умаров таъйин карда шуд.

Бо ҳамин марҳилаи сеюми таърихи душвори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1960-1962) анҷом ёфта, марҳилаи нави таърихи Институти давлатии педагогии Кӯлоб  (1962-1991) шурӯъ мегардад.

Дар соли таҳсили 1962-1963 дар ду факулта: факултаҳои филология бо ду шуъба – тоҷикӣ ва рӯсӣ,  физика-математика 150 нафар  абитуриентон ба Институт қабул гашта, дар маҷмӯъ бо донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва чоруму панҷум 241 нафарро ташкил медод ва ҳамагӣ 19 нафар омӯзгорон ба таълиму тадрис машғул буданд. Дар назди ректор Т.Умаров дар эҳёи Институт мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ омаданд, ки ҳаллу фасли онҳо ҷасорат, коршиносӣ, ташкилотчигӣ тақозо мекард. Институт боз аз нарасидани дарсхонаҳо, хобгоҳ, адабиёти таълимӣ ва илмӣ, аз мутахассисони варзида танқисӣ мекашид.

Аз ин рӯ, бо талабу дархостҳои мукаррари ректор Т.Умаров роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко ҷиҳати мусоидат ба Институт тариқи равон кардани кормандони шинохтаи илмии мамлакат, аз қабили академикҳо  А.Мирзоев, Б.Ниёзмуҳаммадов, Р.Амонов, аъзоёни вобастаи АИ РСС Тоҷикистон, Н.Маъсумӣ,  С.Ш.Табаров, Ш.Рустамов, докторони илм, профессорон Ш.Ҳусейнзода, Р.Ғаффоров, Д.Тоҷиев, Б.Тилавов, Д.Карамшоев, А. Мирзоев, дотсентон А.Эшонҷонов, С.Мирзоев, Х.Ҳусейнов ба Институт ба таълиму тадриси фанҳои алоҳида, курсҳои махсус ва тарбияи мутахассисони илмӣ равон менамояд. Онҳо бо  ҳузурашон дар дарс ва суҳбатҳои ҷудогона ба донишҷӯёну омӯзгорон фазои илмӣ пайдо карданд. Хидмати ин олимони маъруф дар муайян кардани мавзӯъҳои рисолаҳои илмии омӯзгорон ва роҳбарӣ ба онҳо шоистаи таҳсин мебошад. Шогирдоне, ки аз суҳбат ва дарсҳои ин донишмандон баҳра бурдаанд, имрӯз  устодонашонро ба некӣ ёд менамоянд.

Дар соли таҳсили 1962-1963 шуъбаи  таълими ғоибона аз нав барқарор гардид. Қабули донишҷӯён ба Институт меафзояд. Шумораи умумии донишҷӯён дар соли таҳсили 1965-1966 анқариб ба 1500 (аз ин 570 нафарашон дар шуъбаи таълими ғоибона) мерасад.

Дар интиҳои солҳои 60-ум ва ибтидои 70-ум шумораи кафедраҳо зиёд гашт. Омӯзгорони ҷавони Институт рӯ ба илм ниҳоданд. Дар ибтидои солҳои 70-ум Қодир Рустамов, Бобоқул Қурбоналиев, Ислом Ғуломов, Соат Чалишев, Раҳим Саидов, Достӣ Шарифов, Барот Нозимов, Хушвахт Ғафуров, Кароматулло Қаландаров ва дигарон рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, ҳайати олимони Институтро афзун гардониданд.

Баъди ба кори дигар гузаштани Т.У. Умаров як муддати кутоҳ (аз соли 1971-1972) номзади илми фалсафа, дотсент Абдулло Раҳимов, ки чандин сол муовини ректор буд, ректори Институти таъйин гардид. Ҳиссаи ин олим ва инсони наҷиб дар танзими таълим ва илм дар Институт бузург мебошад. 

Аз соли 1973 ректори Институти давлатии педагогии Кӯлоб номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор И.Д. Хушвахтов таъйин мегардад. Соли таҳсили 1975-1976 дар Институт 198 нафар профессорону омӯзгорон, аз ҷумла 28 нафар номзадҳои илм, 13 дотсент, 162 омӯзгор, 7 ассистент фаъолият мекарданд. Шумораи кафедраҳои Институт дар ҳамин соли таҳсил ба 19 адад расид.Теъдоди олимону омӯзгорон дар давраи ректории дотсент Иқбол Давлатович Хушвахтов ба 227 нафар – 35 нафар номзадҳои илм ва дотсентон, 72 нафар муаллимони калон, 120 нафар омӯзгорону ассистентон расид.

Солҳои 70-ум ва 80-уми асри ХХ робитаи Институт бо марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қавӣ гардид. Солҳои 1980-1990 дотсентон С.К.Каримов, Х. Ғафуров, М. Маликов, К. Қодиров, М.О.Ибодов, И.Икромов, А.Маҳмадов, Қ.Б.Қодиров, Х. Афзалов, Р.Саидов, Ҷ.Шарифов, А.Кӯчаров, А.Паҳлавонов, Ҷ.Алимӣ  ва дигарон рисолаҳои докторӣ дифоъ намуданд.

Дар марҳилаи чоруми рушд (1962-1991) роҳбарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номзади илмҳои таърих, дотсент Тоҳир Умаров, (1962-1971), доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдулло Раҳимов (1971-1972), номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор Иқбол Давлатович Хушвахтов (1973-1980), номзади илмҳои фалсафа, дотсент Тағай Раҳмонов (1980-1990),  доктори илмҳои таърих Маҳмуд Ҳакимович Маликов (1991-1993) буданд.

Мавриди зикр аст, ки пас аз бозсозии солҳои 80-уми М.С.Горбачев ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва зуҳуроти давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрда, ба ҷумҳуриҳои мустақил ҷудо шуд. Дар натиҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълом дошт ва 9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав – Ҷумҳурии Тоҷикистон падид омад.

Аммо қувваҳои гуногуни сиёсӣ ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳи ғайриконститутсиониро пеш гирифта, мардумро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, ҷумҳуриро ба вартаи ҳалокат оварданд.

Хушбахтона, Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябри то 2-юми декабри соли 1992 дар қасри фарҳанги Арбоби ноҳияи Хуҷанд ҷамъ омад, Ҳукумати конститутсионӣ дар кишвар аз нав барқарор ва эҳё гардид. Бо кӯшишу талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар ҷонибдорони сулҳу ваҳдат ва бо миёнаравии сарони давлатҳои дӯст 27-уми июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Дар давраи бисёр ҳассосу душвори ҳаёти ҷамъиятии кишвар Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июли 1992 таҳти рақами 235 қарор «Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб табдил додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб» ба тасвиб расонд. Дар он рӯзҳои сангину ҳалокатбор Донишгоҳи ба истилоҳ «навташкил» таълиму тардрисро ягон рӯз ҳам қатъ накарда, раванди таълиму тарбияро  пеш мебурд.

Бо ибтикороти шахсан  академик С.К.Каримов ва Вазорати маориф аз соли таҳсили 1992-1993 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ факултаҳо, шуъбаҳо ва ихтисосҳои нав ташкил менамоянд. Ин аз аввалин самараи соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва заҳматҳои Президенти Ватани маҳбубу азизамон мебошад.

Дар баробари ташкил ёфтани факултаҳо шӯъбаҳои нав дар донишгоҳ факултаҳои пештараи он низ инкишоф ёфта, хеле мустаҳкам гардиданд. Шумораи донишҷӯёну омӯзгорон босуръат афзудан гирифт. Соли хониши 1992-1993 дар факултаи математика 373 нафар донишҷӯ, физика 312 нафар, забон ва адабиёти тоҷик 549 нафар, забон ва адабиёти рус 556 нафар дар факултаи методикаи таълими ибтидоӣ 388 нафар, шӯъбаи равоншиносӣ (психология) 167 нафар, биология 45 нафар, шӯъбаи муолиҷавӣ 127 нафар, табобати кӯдакон 77 нафар, таърих 37 нафар, шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерии хоҷагии кишоварзӣ 31 нафар, баҳисобгирии бухгалтерии саноатӣ 55 нафар, иқтисодиёти байналмилалӣ 30 нафар, иқтисодиёти иҷтимоию банақшагирӣ 35 нафар, шуъбаи англисӣ 28 нафар ва дар маҷмӯъ 2800 нафар донишҷӯён дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ таҳсил мекарданд.

Дар соли 1992 олимони донишгоҳ 35 дастури методӣ, 21 васоити таълимӣ, 11 китоби дарсӣ, 12 коркарди методӣ, 13 монография таълиф ва дастраси  донишҷӯён намуданд.

Моҳи сентябри соли 1993 ректори донишгоҳ М.Ҳ.Маликов бо хоҳиши худ аз вазифа даст кашид. Ба ҷои ӯ аз моҳи ноябри соли 1993 ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб академик, профессор, доктори илмҳои химия С.К.Каримов таъйин гардид. С.К. Каримов яке аз роҳбарони собиқадор ва устодони пуркор мебошад. Аз ин аст, ки ӯ тавонист  нуфузи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро дар байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва берун аз он  афзун гардонад. Акнун аксари довталабони ихтисосҳои иқтисодиёт, тиб, кимиё, биология, таърих, тарбияи ҷисмонӣ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб гардиданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу маориф соҳибихтиёриро комилан ба даст овард, ба сохтори соҳаи маориф ва илм, заминаи моддиву таълимии он, мазмуну мундариҷаи таҳсилот дар муассисаҳои  таълимии олии касбӣ ва марказҳои илмӣ тағйиротҳои куллӣ ворид намуд. Маҳз ба туфайли соҳибистиқлолӣ дар як худи вилояти Хатлон бисёр муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, минҷумла Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи энергетикии Қӯрғонтеппа ва коллеҷҳои гуногун таъсис ёфтанд. Дар Донишгоҳи давлатии Қӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ факултаҳо ва ихтисосҳои нави мухталиф кушода шуданд. Айни замон дар шуъбаҳои таълими рӯзона ва таълими ғоибонаи донишгоҳ 36 ихтисос: забон ва адабиёти тоҷик, рӯзноманигорӣ, забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ, забон ва адабиёти рус (дар мактабҳои миллӣ), забони англисӣ, таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти ибтидоӣ бо ихтисоси иловагӣ, таҳсилоти ибтидоӣ-санъати мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, дефектология, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, химия-биология, химия-экология, биология-экология, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат, география, хизматрасонии иҷтимоӣ-маданӣ ва туризм, таърих, таърих ва ҳуқуқ, муносибатҳои байналмилалӣ, физика-математика, технология (аз рӯи самтҳо), радиофизика,  математика, математикаи амалӣ (фаъолияти илмӣ-педагогӣ), информатика, менеҷменти иҷтимоӣ, маркетинг, иқтисодиёт ва идора дар корхона, фаъолияти бонкӣ, молия ва қарз, менеҷменти инвеститсионӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхонаи комплекси агросаноатӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассиаҳои буҷетӣ ва илмӣ  амал менамоянд.

Ҷои зикр аст, ки аз вақти ҷорӣ гардидани қабул ба донишгоҳҳои кишвар тибқи квотаи Президентӣ (соли 1997) аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб даҳҳо ҷавондухтарону ҷавонписарони деҳоти дурдасти қӯҳистон ба Донишгоҳ дохил шуда, онро бомуваффақият хатм карданд. Ҳоло дар донишгоҳ шумораи донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ ба 473 нафар (аз ҷумла 330 духтар) мерасад.

Феълан дар 34 кафедраи донишгоҳ (27 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ), 439 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 19 нафар докторони илму профессорон (10 нафар ҳамкор), 78 нафар номзадҳои илм ва дотсентон (18 нафар ҳамкор) барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҷалб гардидаанд, ки аз ин миқдор 391 нафар омӯзгорони доимӣ ва 48 омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ мебошанд.

Шумораи донишҷӯёни донишгоҳ дар соли таҳсили 2014-2015 8469 нафар, аз ҷумла дар таълими рӯзона  4687 ва дар таълими ғоибона 3782-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли таҳсили 2013-2014 717 нафар донишҷӯ зиёд мебошад. Теъдоди донишҷӯдухтарон 3614 нафар аст. Донишгоҳ дорои 9 факулта буда, дар 6 бинои таълимӣ ва дар ду баст таълим ва тадрис сурат мегирад.

Дар таълими рӯзона 213 гурӯҳи таълимӣ аз рӯи 36 ихтисос ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки 166 гурӯҳи он тибқи низоми кредитии таҳсилот таълим мегиранд. Инчунин дар шуъбаи ғоибона 3782  донишҷӯ ба тадрису таълим фаро гирифта шудаанд.

Айни ҳол дар донишгоҳ факултаҳои филологияи тоҷик ва журналистика, филологияи рус, филологияи хориҷӣ, таърих, хуқуқ ва муносибатҳоли байналмилалӣ, химия-биология ва география, физика-математика ва информатика, таҳислоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, иқтисод ва идора, молиявию иқтисодӣ ва 36  кафедра амал менамоянд, ки кафедраҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, педагогика, психология, забонҳои хориҷӣ, тарбияи ҷисмонӣ, забони  русӣ ба кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва дигар кафедраҳо марбути факултаҳо мебошанд.

Пояи моддӣ-техникии Донишгоҳ торафт пурқувват гашта, яке аз асосҳои баланд гардидани сатҳу сифати таълим маҳсуб меёбад. Донишгоҳ  ба шабакаи Интернет пайваст буда, омӯзгорону донишҷӯён пайваста аз он истифода мебаранд. Китобхонаҳо ва толорҳои хониши Донишгоҳ ҳамеша дар хизмати донишҷӯёну омӯзгорон буда, дорои беш аз 224535 адад  адабиёти илмӣ, таълимӣ, сиёсӣ, бадеӣ аст.

Бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии Донишгоҳ танҳо дар солҳои таҳсили 2013-2014 ва 2014-2015 воситаҳои техникӣ ва таълимӣ, аз ҷумла 15 адад тахтаи электронӣ,15 адад видеопроектор ва дигар таҷҳизоти муосири технологӣ харидорӣ ва насб карда шуда, ҳамаи 7 лабораторияи компютерӣ дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд. Ҳамзамон дар ин самт корҳои зиёди бунёду барқарорсозии иншооти таъйиноти гуногун: ба истифода додани толори фарҳангӣ; толори хурди маҷлисӣ дар шафати толори фарҳангӣ; таъмири дафтарҳои кории шуъбаҳо; таъмири пурраи толори варзишии клуби «Ҷасорат»; ба истифода дода шудани ошхонаи замонавии дуошёна; барқарорсозии боғи фароғатии «Дониш» ва бунёди фаввораҳо, таъвизи тирезаҳои биноҳои таълимӣ бо тирезаҳои нави ҳозиразамон, барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани майдончаи варзишии тобистона, таъмири пурраи толори шӯрои олимон, таъсиси Маркази омӯзиши забонҳо (англисӣ ва арабӣ) бо синфхонаи компютерӣ, ифтитоҳи 8 синфхона дар бинои таълимии №2, таъсиси синфхонаи нави комютерӣ дар факултаи филологияи хориҷӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани толори маҷлисӣ бо 120 ҷои нишаст дар факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ба фаъолият пардохтани осоишгоҳи табобатии донишгоҳ, баъд аз таваққуфи 20-сола таъмиру баркарор гардидан ва бунёди коттеҷҳои нав дар лагери истироҳатӣ-фароғатии «Истиқлол» воқеъ дар ноҳияи Муъминобод, ифтитоҳи коргоҳҳои дӯзандагӣ, харротӣ, коркарди чӯб, оҳан ва шағал дар «Парки технологӣ», таъмири хобгоҳи умумии донишҷӯён, таъмини хобгоҳ бо оби ошомиданӣ, таҷҳизоти муосири обу ташноб ва пайваст гардидани он бо хатти озоди барқ бо сифати баланд анҷом дода шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки ба раванди вусъати таъмини пояҳои моддӣ- техникӣ дар баробари истифода аз маблағхои донишгоҳ, инчунин соҳибкорон ҷалб гардида, таъмири синфхонаҳои факултаҳои филологияи рус ва физика-математика  аз ҷониби собиқ хатмкардагон сурат гирифт, ки ин иқдом дар оянда низ идома меёбад.

Дар соли сипаришуда 6 нафар омӯзгори донишгоҳ муваффақона рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд, инчунин 7 нафар олимон рисолаҳои докторӣ ва 15 нафар  рисолаҳои номзадиашонро барои ҳимоя омода намудаанд.

Соли 2014 ихтирои академик С.К.Каримов бо шогирдони ҳаммуаллифаш дотсент С.Ғаффоров, унвонҷӯён Н.Баротов  ва А.Шарипов “Датчики ҳарорат барои чен кардани ҳарорати замини киштгардон пеш аз кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ”,  соли 2015 ихтирои академик С.К.Каримов бо шогирдони ҳаммуаллифаш  С.Ғаффоров, унвонҷӯ  А.Шарипов “Печи дузонагӣ” барои синтез ва ҳосил кардани  пайвастагиҳои монокристаллии нимноқилӣ бо усули “Реаксияҳои химиявии гизотранспортӣ” соҳиби патент гардиданд.

То имрӯз 13 лоиҳаи инноватсионии донишҷӯён муаррифӣ ва ба озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти  илмию техникӣ -2014” пешниҳод  гардид. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2014 конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки рӯзҳои 29-30 апрели соли 2014 гузаронида шуда, 667 маърӯза пешниҳод гардида, 291 маърӯзаи омӯзгорон ва 325 маърӯзаи донишҷӯён  шунида шуданд.

Дар донишгоҳ шуъбаи аспирантура амал менамояд. Алъон 33 нафар аспирант ба корҳои  илмӣ машғул ҳастанд. Бо мақсади тайёр кардани кадрҳои илмӣ раёсати донишгоҳ стипендияи аспирантонро зиёд намуд. Ҳамзамон ба нафароне, ки дар аспирантураи мактабҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, илова ба стипендия ҳар моҳ 400 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.  Раёсати донишгоҳ ба ин нафарон шартнома имзо намудааст, то ки пас аз хатми аспирантура ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бармегарданд.

Соли 2014 дар донишгоҳ озмунҳои «Кафедраи беҳтарин», «Муаллими сол», «Корманди беҳтарин», «Шуъбаи беҳтарин», «Донишҷӯи сол», «Варзишгари сол»  гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои молиявӣ қадршиносӣ гардиданд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23.01.2015) таъкид шудааст, минбаъд муассисаҳои таҳлисоти олии касбиро лозим аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонида, то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилотро таъмин намоянд.

Қобили қайд аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳ мунтазам аз корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, маърӯзаҳои илмӣ дар конфронсҳои умумидонишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷмуҳуриявӣ, рисолаҳои хатм, дипломӣ ва магистрӣ пешниҳоди корҳои илмии донишҷӯён аз фанҳои ҷамиятӣ-гуманитарӣ дар давраи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ» сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд. Ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати  ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ мебошад.

Дар донишгоҳ озмоишгоҳҳо аз фанҳои оптика, радиотехника, химияи органикӣ ва ғайриорганикӣ, физикаи ҷисмҳои сахт, механика, электроника, физикаи молекулавӣ, барқ, физикаи атом, микроэлектроника, таҳлилкунии техникӣ ва моделсозӣ, назарияи лапиш ва протсесҳои мавҷӣ, дастгоҳҳои радиошунавонӣ ва ТВ, физикаи мактабӣ, методикаи таълими физика, дастгоҳҳои харротӣ, нақлиёт, саноати қаннодӣ фаъолият намуда, ба қадри зарурӣ таҷҳизонида шудаанд. Китобхонаи электронии донишгоҳ дорои беш аз 87000 феҳрасти адабиёти илмӣ ва таълимӣ бо 11 ҷои нишаст таъмин мебошад. Барои баланд бардоштани  дараҷаи тахассусии омӯзгорон аксари онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузашта, маҳорати касбии худро сайқал медиҳанд.

Рӯзномаи “Анвори Дониш” (аз соли 1994)  ва  маҷаллаи илмии  “Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” (аз соли 2009) интишор мешаванд, ки дар баробари инъикоси кору фаъолияти раёсати донишгоҳ ва дигар сохторҳои он мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавии омӯзгорону донишҷӯён ва чакидаҳои хомаи шоирону навқаламон пайваста нашр мегарданд.

Дар таълими фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ воситаҳои нави техникӣ васеъ истифода мешаванд. Озмоишгоҳҳои оптика ва раидоэлектроника, биология, химия, лингофонӣ, кабинети воситаҳои техникӣ, маркази омӯзиш, 4 синфхонаи компютерӣ фаъолият намуда, ба қадри зарурӣ таҷҳизонида шуданд. Донишгоҳ ба шабакаи  интернет пайваст мебошад. Китобхонаи электронӣ дорои беш аз 87000 нусха адабиёти илмӣ, илмӣ-методӣ, таълимӣ ва китобҳои бадеӣ мебошад.

Парки технологии Донишгоҳ аз соли 2013 инҷониб фаъолият намуда, дорои сехҳои коркарди оҳан,  коркарди регу шағал, коркарди чӯбу тахта,  таъмири радиотехникӣ, дӯзандагӣ, ошхона, сартарошхона ва лагери истироҳатӣ-фароғатии “Истиқлол” мебошад. Таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва саҳроии донишҷӯён дар ҳамин лагер сурат гирифта, тайи чанд соли охир дар давраи таътили тобистона дар ду баст зиёда аз 130 нафар фарзандони кормандону омӯзгорони Донишгоҳ ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Осоишгоҳи табобатии донишгоҳ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуда, ба кормандони Донишгоҳ ва мизоҷон хизмати тиббӣ мерасонад. Дар давоми солҳои 2010-2014 донишгоҳ ба 7 лоиҳаи байналмилалӣ шомил гашт, ки дар доираи онҳо беш аз 100 нафар устодон ва донишҷӯён ба кишварҳои хориҷи дуру наздик барои ширкат дар барномаҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати омӯзишӣ равон карда шудаанд. Соли 2013 аввалин маротиба дар  таърихи донишгоҳ як нафар устод ва ду нафар донишҷӯ соҳиби бурсҳои донишгоҳҳои кишварҳои Испания ва Италия барои таҳсил дар докторантура, магистратура ва бакалаврият гардиданд. Айни ҳол донишгоҳ дар  5 барномаи ТЕМПУС ва ЭРАСМУС МУНДУС ва 1 барномаи Институти Ҷамъияти Кушода (Фонди Сорос) аъзо буда, бо муваффақият кор карда истодааст. Ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ-таълимии мамлакатҳои хориҷӣ имкон дод, ки наздики 2 млн. сомонӣ маблағҳои ғайрибуҷавӣ ҷалб карда шаванд. Алъон донишгоҳ бо зиёда аз 200 муассисаи илмӣ-таълимии кишварҳои хориҷӣ алоқаҳои ҳамкорӣ дошта, дар доираи ин ҳамкориҳо 10 нафар устодон ва донишҷӯён дар донишгоҳҳои бонуфузи аврупоӣ таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ карда истодаанд. 

Дар доираи ин барномаҳо 9 нафар устодони донишгоҳ дар ҳамоишу вохӯриҳо, семинару конфронсҳо дар хориҷи кишвар, аз ҷумла ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Италия, Испания, Шоҳигарии Нидерландия, Олмон ва беш аз 40 нафар омӯзгорон дар семинару конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзидаанд.

Тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ мебошад, зеро тақдири фардои ҷомеаи мо дар дасти ҷавонони имрӯза аст. Аз ин рӯ, донишгоҳ на танҳо мутахассисони хуб, балки шахсиятҳои дорои ахлоқи ҳамида ва фарҳанги шоистаро низ ба воя мерасонад. Фаъолияти тарбиявии донишгоҳ баробар бо фаъолияти таълимӣ самти муҳим ба ҳисоб меравад.

Тибқи нақшаи комплексии корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва тандурустӣ, ходимони фарҳанг, шахсиятҳои номдори диёр, собиқадорони ҷангу меҳнат ба ҳукми анъана даромадааст, пайваста чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва варзишӣ гузаронида мешаванд. Донишҷӯёну омӯзгорон дар чорабиниҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ иштирок менамоянд.

Дастаи варзишгарони донишгоҳ дар мусобиқаҳои варзишӣ ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баромад намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд. Рушди маориф ва ба самти меъёрҳои байналмилалӣ баробар намудани низоми таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 23.01.2015, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро муваззаф намудаанд, ки бо сабаби ба низоми кредитӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар меъёрҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшударо пурра дар амал татбиқ намоянд ва доир ба  масъалаи омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ ворид намудани таҷҳизоти ҳозиразамон ва ба ин восита самаранок гардонидани сифати таълим тадбирҳои ҷиддӣ андешида, ба забономӯзии донишҷӯён ва ба ҷои кор ҳозир шудани хатмкунандагон диққати махсус диҳанд.

Бо итминони комил метавон қайд намуд, ки донишгоҳ дар самти тарбияи мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар оянда саҳми чашмгире хоҳад гирифт. Дар муддати 70 соли фаъолияти хеш ин боргоҳи илму маърифат тавонист, ки  теъдоди донишҷӯёнро аз 48 то ба 9 ҳазор нафар, шумораи устодону муаллимонро аз 9 ба 439 нафар, миқдори кадрҳои дараҷа ва унвони илмидорро аз 5 номзади илм ба 130 нафар ва докторони илму профессоронро аз сифр ба 29 расонад.

Донишгоҳ на танҳо ҳамчун маркази асосии тарбияи мутахассисони соҳаи маориф ва риштаҳои дигари хоҷагии халқ маъруф гардид, балки як зумра дастпарварони он ҳамчун арбобони намоёни давлату сиёсат, олимону донишмандони маъруф, ҳунармандону адибон ва журналистони варзида симои ҳақиқии донишгоҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дар беҳтарин вазъ муаррифӣ намоянд. Донишгоҳ бо номи академик С.К.Каримов, узви вобастаи АИ ҶТ Маъруф Раҷабӣ, докторони илм, профессорон Абдулло Раҳимов, Иноят Арабов, Каримҷон Қодиров, Қ.Б.Қодиров, Рустам Назаров, Абдураҳмон Маҳмадов, Раҳмат Акбаров, Абдулло Ҳабибулло,Ҷумъа Шарифов, Абдулҳамид Паҳлавонов, Раҳим Саидов, Искандар Икромов, Саидқул Сабзаев, Тағайбобо Шукуров, Маҳмуд Абдуллоев, Абдулҳамид Нозимов, Махфират Хидирова, Нуралӣ Солеҳов, Рустам Салимов, Носир Назаров, Абдураҳмон Қурбонов, Аламхон Кучаров, Абдукарим Ҳалимов, Гулчеҳра Ҳоҷиматова  ва дигарон ифтихор дорад. Боиси сарфарозии бузург аст, ки шоирону нависандагони машҳури кишвар Ашӯр Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Саид Раҳмон, Сафар Амирхон, Карим Давлат, Хосият Вализода ва бисёри дигарон номи донишгоҳи азизи хешро ба қуллаҳои баланди шуҳрат бардоштаанд. Ҳунарманди мардумӣ Одина Ҳошим ва Ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Бобоҷон Азизов, Адолат Комилова, Ҷумъахон Сафаров ва Одилҷон Умурзоқов, ки фаъолияташон таҷассуми санъати асили гузашта ва имрӯзаи мардуми тоҷик аст, дар оғӯши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ парвариш ёфта, аз ҳамин даргоҳи муқаддас то ба ҷодаи камолоти ҳунар гомҳои устувор бардоштаанд. 

Аз байни хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат бо ифтихор номҳои ходимони намоёни давлативу сиёсӣ Нусратулло Абдулҳақов, Султон Мирзошоев, Лақай Қармишев, Исмоил Қурбонов, генералҳо Абдураҳмон Азимов, Саймумин Ятимов, Нуралӣ Назаров, Давлат Бобоев, Шариф Салимов, Аҳтамшоҳ Саидшарифов, хизматчиёни давлатӣ Қиматгул Рустамова, Саид Салимов, Исроил Маҳмудов, Ҳабибулло Раҳимов, Латофат Насриддинова, Султон Валиев ва дигаронро метавон ёд кард.

Феълан дар миёни хатмкардагони донишгоҳ як зумра олимони хушсалиқа, аълочиёни маорифи Тоҷикистон, амсоли Маҳмуд Холов, Абдукарим Ҳалимов, Кӯган Иззатуллоев, Давлатмурод Расулов, Ғоиб Мирзоев, Нуралӣ Расулов, Муродалӣ Набиев, Саттор Абдулвоҳидов, Гурез Иброҳимов, Додарбек Сайдалиев, Қаюм Сангов,  Муҳаббат Иззатова, Эмомназар Пирназаров, Нодира Ашӯрова, Кенҷамо Маҷидова, Ниёзбӣ Давлатова, Савронбӣ Раҳимова, Ҷамила Юлдошева, Зайналбӣ Холиқова, Фирӯза Файзуллоева, Одинамо Шарифова, Комила Асоева ва дигарон кору фаъолият менамоянд.

Ҳамчунин дар солҳои гуногун дастпарварони дигар мактабҳои олии ҷумҳурӣ Самариддин Каримов, Ислом Ғуломов, Маҳмадулло Ибодов, Саидхӯҷа Азизов, Хушвахт Ғафуров, Тағай Раҳмонов, Маҳмуд Маликов, Ҳайдар Сафиев Ҷумъахон Сафаров, Зариф Шарифов, Қурбон Расулов, Рустам Назаров, Абдураҳмон Қурбонов, Каримҷон Қодиров, Хайрулло Авзалов, Аламхон Кӯчаров, Ҷумъахон Алимӣ, Хаёл Бобоев ва дигарон бо роҳхат ва дастури Вазорати маориф ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба кор омада, маҳз дар ҳамин ҷо камол ёфта, ба дараҷаи доктори илм ва унвони профессор ноил гардидаанд.

Донишгоҳи мо на фақат ба донишгоҳҳо ва Академияи илмҳои ҶТ, инчунин бо мактабҳои олӣ ва институтҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои хориҷи дуру наздик – Федератсияи Россия, Белорус, Украина, Молдова, Озорбойҷон, Эстония, Қазоқистон, Қирғизистон, ИМА, Олмон, Англия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Италия ва ғайра равобити мустаҳками илмӣ дорад.

Имрӯзҳо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чун дигар донишгоҳҳои кишвар дар марҳилаи низоми кредитии таҳсилот қарор дошта, бо дастгирӣ ва маблағгузориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳ бо технологияи навтарин ҷиҳозонида шуда, раванди муосиркунонии омӯзиш ва парвариш босуръат вусъат меёбад.

Роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки баҳри сазовор таҷлил намудани 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  18-солагии Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо истифода  аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои моддӣ-техникӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим меҳнат карда, ба халқу Ватани азиз соҳибкасбони лоиқи давру замонро ба хидмат фиристад.

Дар муддати 70 соли ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 18 нафар шахсиятҳои бузург, олимони маъруф ва мутахассисони варзидаи соҳаи илму маориф роҳбарӣ кардаанд. Ҳар кадоми онҳо дар ташаккул ва ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия, дарёфт ва ҷобаҷогузории устодону омӯзгорони соҳибмаълумот, гирд овардани китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхона, беҳдошт ва сифати таълиму тарбия, давомоти донишҷӯён ва интизоми  меҳнат, ба таҳсил ҷалб намудани ҷавонписарону духтарони лаёқатманд ба донишгоҳ, ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгорону донишҷӯён, сохтмони биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои умумии донишҷӯён, таъсис додани шуъбаҳо, кафедраҳо ва факултаҳои нав, ба донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷи кишвар фиристодани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос, коромӯзӣ, аспирантура ва докторантура, афзун гардонидани сафи донишҷӯён, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва ҳифзи молу амволи донишгоҳ дар давраи мушкилоти сиёсӣ ва нооромиҳои кишвар, дар назди донишгоҳ кушодани аспирантура, ташкил намудани рӯзномаи «Анвори дониш», маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», аз академияи илмҳо ва донишгоҳҳои маркази ҷумҳурӣ даъват намудани як зумра академикҳо, докторони илм, профессорон ва мутахассисони шинохта барои хондани лексияҳо аз фанҳои таълимӣ ва курсҳои махсус аз фанҳои филология, фалсафа, физика, математика, компютеркунонии кабинетҳои таълимӣ, бо тахтаҳои электронӣ таъмин намудани дарсхонаҳои лексионӣ, аз тариқи аспирантура ва докторантура тайёр намудани номзадҳо ва докторони илм, сохтани майдончаҳои варзишӣ ва тарғибу ташвиқи варзиш миёни омӯзгорону донишҷӯён, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, дафтарҳои кории деканони факултаҳо, мудирони кафедраҳо, шуъбаҳо, таъмиру тармими толорҳо, қироатхонаҳо, созмон додани озмоишгоҳҳо, маркази илмӣ-истеҳсолӣ ва инноватсионӣ, парки технологӣ, маркази ихтироъкорони ҷавон, маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии низоми кредитии таҳсилот, маркази тестӣ-имтиҳонотӣ, бунёди шаҳраки донишҷӯён, осоишгоҳи табобатӣ барои омӯзгорону донишҷӯён, меҳмонхона, ба гулистон табдил додани атрофу акнофи донишгоҳ ва хуллас, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи кишвар, бавижа, соҳаи маориф нақши муайяну муассир доранд.

Дар тӯли 70 соли пурфайз инҳо ба вазифаи бошарафи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъйин ва интихоб гардидаанд: Раҳмон Каримов  (авг.1945 - фев.1948), Бозор Шарифзода (фев.1948 - дек.1948), Муҳаммадӣ Исматуллоев (сен.1948 -ноя.1950), Худойназар Мамадназаров (янв.1951 - авг.1953), Ашраф Сиддиқов (авг.1953 - дек.1953), Ҳамид Қосимович Хоҷаев (дек.1953 -авг.1957), Назришо Латипов (авг.1957 - авг.1960),  Ниёз Сафаров (авг.1960 -июл.1962), Тоҳир Умаров (июл 1962 – июл 1971), Абдулло Раҳимов (июл.1971 – март  1972), Иқбол Давлатович Хушвахтов (март 1973 - май 1980), Тағай Раҳмонов (май 1980 – май 1990), Маҳмуд Ҳакимович Маликов (май 1990 – сен.1993), Самариддин Каримович Каримов (сен.1993 – дек.2004), Хурсанд Саидович Аъзамов (дек.2004 – окт. 2008), Каримҷон Қодиров (окт.2008 – сен.2010), Нуралӣ Назарович Солеҳов (сент.2010 – авг. 2012), Абдулло Ҳабибулло (авг. соли 2012-2019), Мирализода Абдусалом Мустафо (аз январи соли 2019 то июни 2022), Раҳмон Дилшод Сафарбек (аз 10-уми июни соли 2022)


.....Пӯшидан