KGU

Молиявию иқтисодӣ

Факултети молиявию иқтисодӣ

МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ.jpg

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 06.04.2014, №57 дар заминаи собиқ факултети иқтисодии донишгоҳ таъсис дода шудааст. Факултети ҳамчун маҳзани илму дониш дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос вобаста ба самтҳои гуногуни иқтисоди миллӣ нақши босазо дорад.

Дар факултети молиявию иқтисодӣ дар соли таҳсили 2020-2021 – 55 нафар (кафедраи назарияи иқтисодӣ 31 нафар, кафедраи молия ва қарз 22 нафар, 1 нафар декани факултет, 1 нафар танзимгар) омӯзгорону кормандон фаъолият менамоянд, ки 10 нафари онҳоро омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ташкил медиҳад, аз ин шумора 3 нафар доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор (ҳамкори беруна), 4 нафар номзадони илм, дотсент (ҳамкори беруна), 3 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент (корманди асосӣ), 11 нафар муаллими калон, 34 нафар ассистент, ки аз ин шумора 5 нафар баҳайси ҳамкор фаъолият доранд ва 3 нафар кормандони техникӣ ташкил медиҳанд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 тариқи озмун 17 нафар ба ҳайси аасистентони кафедраҳои факултет ба кор қабул гардида, ҳайати кадрии факултетро пурра намуданд.

Таълим. Факултет аз рӯи ду зинаи таҳсилот: бакалавриат (рӯзона, ғоибона-фосилавӣ) ва магистратура мутахассисони соҳаи иқтисодиро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

-     1-250103 - иқтисодиёти ҷаҳонӣ, касб: иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил - 4100 сомонӣ, (рӯзона);
-     1-250104 - молия ва қарз, касб: молия-иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил - 3750 сомонӣ, (рӯзона);
-     1-25010402 - кори бонкӣ, касб: иқтисодчӣ-бонкдор, шартномаи таҳсил - 3750 сомонӣ, (рӯзона);
-     1-25010403 - андоз ва андозбандӣ, касб: иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил - 4100 сомонӣ, (рӯзона);
-     1-25010803 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ, касб: иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил - 4000 сомонӣ, (рӯзона ва фосилавӣ, шартномаи таҳсили фосилавӣ 3100);

Мавриди зикр аст, ки робитаҳои ҳамкории факултет бо факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ва диагр МТОК-и ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар самтҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ самаранок ба роҳ монда шудааст.

Факултет механизми беҳтарсозии фазои ҳамкориҳоро баҳри рушди малакаи касбии донишҷӯён бо шуъбаҳои бухгалтерии ташкилотҳо, муассисаҳои бонкӣ ва молиявии минтақавию ҷумҳуриявӣ ба роҳ мондааст.

Соли 2020 - 203 нафар факултети молиявию иқтисодиро аз рӯи 5 ихтисос дар таълими рӯзона, ғоибона ва магистратура хатм намуданд. Айни ҳол теъдоди умуми таҳсилкунандагон дар факултет дар соли таҳсили 2020-2021 – дар ду зинаи таҳсилот 1170 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 845 нафар ба таълими рӯзона, 271 нафар ба таълими ғоибона (фосилавӣ) ва 54 нафар ба зинаи магистратура рост меояд. Аз ин шумора зиёда аз 310 нафарашон хатмкунанда мебошанд.

Роҳбарият. Аз оғози таъсисёбӣ (соли 1992) то ҳол омӯзгорони зерин ба ҳайси декани факултет фаъолият намудаанд:

1. Шарипов З.С. - д.и.и., дотсент (солҳои 1992-1996);
2. Қурбоналиев Б.Ҳ. - н.и.и., дотсент (солҳои 1996-2003);
3. Конкова А.А. - н.и.и., дотсент (солҳои 2003-2006);
4. Расулов Н.С. - н.и.ф-м, дотсент (солҳои 2006-2009, 2011-2013);
5. Юнусов С.С. - н.и.п., дотсент (солҳои 2009-2010);
6.Назаров П.С. - н.и.с., дотсент (солҳои 2010-2011);
7.Куганов Н.К. – н.и.и, дотсент (солҳои 2013-2014, 09.2019-01.2020);
8.Мирсаидов М.Н. – н.и.и., дотсент (солҳои 2014-2016, 2017-2018);
9. Амиров Ф., Шафиев Б. - (соли 2016);

Айни ҳол аз моҳи ноябри соли 2018 вазифаи декании факултетро н.и.и., дотсент Каҷкулоев Абдухолиқ Фатҳулоевич ба ӯҳда дорад.

Дар вазифаҳои ҷонишинони декан: Давлатов Гулаҳмад - оид ба таълими рӯзона; Тешаев Мирзошариф - оид ба таълими ғоибона ва  Холматов Баҳром оид ба тарбия кору фаъолият доранд.

Раиси иттифоқи касабаи омӯзгорон – Сафаров Амиралӣ, муаллими калон; Раиси Шӯрои занон ва духтарони факултет – Вазирзода Дилором, муаллими калон.

Дар факултет ду кафедра аз рӯи 5 ихтисос фаъолият мекунанд.

КАФЕДРАИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ

Кафедраи назарияи иқтисодӣ аз соли 1992 таъсис дода шудааст. Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра 31 нафарро ташкил медиҳад. Вазифаи мудири кафедраро н.и.и, дотсент Куганов Неъматулло бар дӯш дорад. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои 1-250103 - иқтисодиёти ҷаҳонӣ (касб: иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил - 4100 сомонӣ) ва 1-25010803 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ (касб: иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил - 4000 сомонӣ) кадрҳои соҳаи иқтисодиро дар ду зинаи таҳсилот (бакалавриат (рӯзона/фосилавӣ) ва магистратура) таёр мекунад.

КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Кафедраи молия ва қарз соли 2014 дар заминаи факултети навтаъсиси молиявию иқтисодӣ таъсис ёфтааст. Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра 22 нафарро ташкил медиҳад. Вазифаи мудири кафедраро н.и.и., дотсент Комилов Низомиддин бар дӯш дорад. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои 1-250104 - молия ва қарз (касб: молия-иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил - 3750 сомонӣ), 1-25010402 - кори бонкӣ (касб: иқтисодчӣ-бонкдор, шартномаи таҳсил - 3750 сомонӣ) ва 1-25010403 - андоз ва андозбандӣ (касб: иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил - 4100 сомонӣ) кадр таёр мекунад.

Дар факултети молиявию иқтисодӣ 7 синфхона (1 толор) – и дорои тахтаҳои электронӣ ва 1 синфхонаи компютерӣ бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мавҷуд буда, барои баланд бардоштани сифати таълим ва таъмини самаранокии раванди таълиму тарбия дар факултет воситаи муҳим арзёбӣ мегарданд. 


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №5
Телефони корӣ: (+992 83322) 2-36-64
E-mail: moliyavi.iqtisodi@kgu.tj