KGU

Шуъбаи тарбия

ШУЪБАИ ТАРБИЯ

     Шуъбаи тарбия сохтори таркибии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, дар асоси Оинномаи Донишгоҳ ва Низомномаи шурои олимони донишгоҳ амал намуда, дар тамоми масъалаҳое, ки ба тарбия алоқамандӣ дорад, дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ гирифта, сохтори асосии танзимкунандаи муносибатҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад. 

     Кормандони шуъбаи тарбия барои дар амал татбиқ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консесияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар тар таълиму тарбияи фарзанд », Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон », «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», қарорҳои Шӯрои олимон, фармоишҳои ректори Донишгоҳ ва супоришҳои раёсати Донишгоҳ вазифадоранд. Бо мақсади ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ шуъбаи тарбия нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро дар тамоми зерсохторҳои қисми тарбияи Донишгоҳ зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.

 Инчунин, шуъбаи тарбия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, дар дарсҳои тарбиявии гурӯҳҳои академикӣ омӯзиши пайвастаи онро ба роҳ монда, ҷараёни баргузории дарсҳои тарбиявиро мувофиқи нақшаи тасдиқшуда назорат мебарад. Солҳои охир дар мактабҳои олии касбии мамлакат баробари корҳои таълимиву илмӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ низ диққат ва аҳамияти бештар дода мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш мавқеъ ва мароми аҳли зиёро дар созандагиву бунёдкорӣ ва ташаббускории аҳли ҷомеа таҳлил намуда, таъкид карданд, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо диққати ҷиддӣ ба ғайр аз тадрису таълим, ба корҳои тарбиявӣ низ равона карда шавад. Аз ин рӯ, Раёсати донишгоҳ ва шуъбаи тарбия сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар фаъолияти гуногунҷабҳаи худ дастуру супориш ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Қарорҳои Шӯрои олимонро сармашқи кори худ қарор дода, дар амалӣ гардонидани онҳо тамоми кӯшиш ва қувваю ғайрати худро равона намуда, дар пиёда гардидани сиёсати давлатро дар соҳаи маориф, оид ба болоравии сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ фаъолияти худро равона намудааст.

ҲАЙАТИ КОРМАНДОН

Гулов-Рустам.png

Сардори шуъба: Гулов Рустам Ботурхонович.

Маълумот: Олӣ

Тел: (+992) 902300111, (+992) 985264404

E-mail: tarbiya@kgu.tj



Шамолов-Н.png

Мутахассис: Шамолов Нусрат Абдуллоевич

Маълумот: Олӣ

Тел: (+992) 987651141




Шарипова.pngМутахассис: Шарипова Бунафша Назруллоевна

Маълумот: Олӣ





СОХТОРИ ШУЪБА

Сохтор.png


ВАЗИФАҲОИ ШУЪБА

1. Ташкил намудани сохторҳои ибтидоии тарбиявӣ, мусоидат ба фаъолияти судманди онҳо;
2. Муайян сохтани самтҳои асосии фаъолияти тарбиявӣ дар донишгоҳ;
3. Назорати иҷрои ҳуҷҷату асноди меъёрӣ ҳуқуқии самти тарбия ва фарҳангро дар сохторҳои донишгоҳ;
4. Назорати татбиқ ва амалишавии унсурҳои Консепсияи миллии тарбияи ҶТ дар донишгоҳ, ба танзим даровардани мазмун ва мундариҷаи корҳои тарбиявӣ дар кафедраҳо ва факултетҳои донишгоҳ;
5. Назорати иҷрои қарорҳои Шӯрои олимон, ки ба масоили тарбия вобастагӣ доранд;
6. Назорат ва саҳмгузорӣ дар таҳия ва амалисозии нақшаву барномаҳои тарбиявӣ-фарҳангии донишгоҳ ва зерсохторҳои он;
7. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ, сиёсию маърифатӣ, фарҳангию фароғатӣ ва ғайра, ки дар рушди ҳисси худшиносию ифтихори миллии донишҷӯён мусоидат менамоянд.
8. Таҳияи лоиҳаҳои фармоишҳои ректор ва қарорҳои Шӯрои олимон, ки ба фаъолияти тарбиявӣ алоқаманд мебошанд;
9. Таҳти назорат қарор додани фаъолияти кории муовинони деканҳо дар самти тарбия;
10. Назорат ва натиҷагирии иҷрои реҷаи соатҳои тарбиявӣ ва манзур намудани маълумот ба муовини ректор оид ба корҳои тарбия;
11. Ба роҳ мемондани тарғиби фаъолияти донишгоҳ тавассути ВАО;
12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”.
13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”.
14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Консепсияи милли тарбия”.

НИЗОМНОМАҲОИ ШУЪБА

1. Низомномаи кори тарбия

2. Низомномаи хобгоҳи донишҷӯён