KGU

Иқтисод ва идора

Факултети иқтисод ва идора

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Факултети Иқтисод ва идора як ҷузъи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳисоб рафта, дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос  барои соҳаҳои иқтисодии кишвар ҳиссаи арзанда дорад.

Факултаи иқтисод ва идора 6-уми апрели соли 2014 бо фармони ректори Донишгоҳ  таҳти №57 таъсис дода шуда, яке аз факултаҳои калонтарини  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба ҳисоб меравад.

Факултаи иқтисод ва идора дар заминаи факултаи иқтисодӣ таъсис дода шуда, чун воҳиди мустақил фаъолияти худро аз моҳи августи соли 1992 оғоз намудааст. Асоси факултаро кафедраи назарияи иқтисодӣ ташкил медод, ки он замон аз ҳайати 8 нафар профессорону омӯзгорон иборат буд. 

Аз 6.04. 2014,  таҳти рақами № 57 бо фармони ректори донишгоҳ факултети мазкур ба ба ду факултети алоҳида Иқтисод ва идора ва Молиявию иқтисодӣ таҷдид карда шуд.

Аз 16.01.2018, таҳти рақами № 13 бо фармоиши ректори донишгоҳ дар бораи ворид намудани  тағйирот ба сохтори донишгоҳ факултетҳои Иқтисод ва идора ва Молиявию иқтисодӣ муттаҳид гардида, факултети  Молиявию иқтисодӣ номгузорӣ карда шуд.

Аз 21.09.2019, таҳти рақами № 146   бо фармоиши ректори донишгоҳ дар бораи ворид намудани  тағйирот ба сохтори донишгоҳ  тба сохтори факултети Молиявию иқтисодӣ тағйирот ворид карда шуда, факултети Молиявию иқтисодӣ ба факултетҳои «Иқтисод ва идора» ва «Молиявию иқтисодӣ» номгузорӣ карда шуд.

Дар марҳилаҳои гуногуни таърихи факултет  омӯзгорони зерин ба ҳайси декани факултет кору фаъолият намудаанд:

1. Шарипов З.С. – солҳои 1992 -1998;
2. Қурбоналиев Б.Ҳ. – солҳои 1998 – 2003;
3. Конькова А.А. - солҳои 2003 – 2006;
4. Расулов Н.С.- солҳои 2006 – 2009, 2011 - 2013;
5. Юнусов С.С. - солҳои 2009 – 2010;
6. Назаров П.С. - солҳои 2010 – 2011;
7. Куганов Н.К - солҳои 2013 – 2014;
8. Ҳакимов А. С.- солҳои 2014 – 2015;
9. Сафаров М.В. - солҳои 2015 – 2016;
10. Фархидинов Ю. - солҳои 2016 – 2017;
11. Расулова Л.Н. - солҳои 2017 – 2018;
12. Мирсаидов М.Н. - солҳои 2017 – 2018 (таҷдиди факулта бо   факултаи Молиявию иқтисодӣ);
13. Каҷкулоев А.Ф. - солҳои 2018 – 2019;
14. Шарипова Ф.Д. – сентябри соли 2019  то инҷониб;

Дар  факултет айни замон  36 нафар омӯзгорон ва кормандони техникӣ, аз ҷумла профессорон, докторони илм, дотсентон, номзадони илм, муаллимони калон ва ассистентон кору фаъолият мекунанд. Аз онҳо,  2- нафар доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор (ҳамкори беруна), 2- нафар н.и.и., дотсент, 2- нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, 4- нафар муаллими калон  23 - нафар ассистент, 1- нафар мудири кабинет, 1- нафар лаборанти калон ва 1 – нафар коргузори факулта.

Шумораи  умуми донишҷӯён дар  факулта – 858 нафар буда, аз ин миқдор:

- 563  нафар донишҷӯ дар таълими рӯзона;
- 209 нафар донишҷӯ дар таълими фосилавӣ ва  ғоибона;  
- 66 нафар дар зинаи магистратура;
- 20 нафар дар зинаи  докторантураи PhD таҳсил намуда истодаанд.

          Аз соли 2000 сар карда қабули довталабон ба факулта аз рӯи ихтисосҳои ояндадору замонавӣ менеҷмент ва маркетинг оғоз гардид.

Айни замон факултаи иқтисод ва идора дорои 2 кафедра мебошад:

Кафедраи Менеҷмент ва маркетинг, мудири кафедра саромӯзгор Сафарова М.Б.

Кафедра аз рӯи ихтисосҳои «Менеҷменти иҷтимоӣ» –  1-26 02 02 06 ва «Маркетинг» –1-26 02 03,  мутахасис тайёр мекунад. Дар соли 2020 қабули донишҷӯён аз рӯи ихтисоси «Менеҷменти инноватсионӣ» дар назар аст.

Кафедраи Иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, мудири кафедра н.и.и., Расулова Л.Н. 

Кафедра аз рӯи ихтисосҳои «Иқтисодиёт ва идора дар корхона» –1-25 01 07  ва Идоракунии мақомоти маҳаллӣ – 1-26 01 01 01 мутахасис тайёр мекунад.

Дар факултет аз рӯйи ихтисосҳои зерин донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд:

1.     «Менеҷменти иҷтимоӣ» –  1-26 02 02 06, касб:менеҷер-иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил – 3600 сомонӣ;

2.     «Маркетинг» –1-26 02 03, касб:маркетолог-иқтисодчӣ, шартномаи таҳсил – 3600 сомонӣ;

3.     «Иқтисодиёт ва идора дар корхона» –1-25 01 07 , касб: иқтисодчӣ- менеҷер, шартномаи таҳсил – 3800 сомонӣ;

4.     Идоракунии мақомоти маҳаллӣ – 1-26 01 01 01,касб: иқтисодчӣ- менеҷер, шартномаи таҳсил – 3900 сомонӣ;

Ҳайати олимону омузгорон ва созмонҳои ҷамъиятии факултаи Иқтисод ва идора дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, стратегия, барнома ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушавари  Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, қарорҳои Шӯрои олимон ва ректоратро сармашқи кори зхуд қарор дода, дар тайёр намудани мутахассисони касбӣ ҳиссаи арзанди худро гузошта истодааст.

Дар факултет синфхонаҳои  муҷаҳаз бо технологияҳои инноватсионии муосир мавҷуд аст, аз ҷумла 4 - адад синфхонаи  бо тахтаи электронӣ ва проектор ҷиҳозонидашуда, 1 –  синфхонаи компютерӣ бо –20 адад компютер ва  синфхонаҳои фаннӣ.  Омӯзгорони факулта машғулиятҳои назариявӣ ва амалии худро бо истифода аз технологияҳои муосир ва воситаҳои аёнӣ дар ин синфхонаҳо ба роҳ монда, бо истифода аз шабакаи Интернет маълумотҳои заруриро вобаста ба фанҳои таълимӣ ва бо истифода аз усулҳои фаъолгардонии таълим  ба донишҷӯён пешниҳод менамоянд. Инчунин дар кафедраҳои факулта адабиётҳои илмӣ, дастурҳои илмӣ – методӣ, дастур ва воситаҳои таълимӣ, маҷаллаҳои илмӣ ва дигар маводҳои илмӣ мавҷуданд, ки омӯзгорон аз онҳо барои таҳияи бонки лексияҳо, таълифи мақолаҳо ва маърӯзаҳои илмӣ ва донишҷӯён барои омода намудани КМД ва КМРУ истифода менамоянд. Ҳамзамон барои донишҷӯён ва омӯзгорон  дар  донишгоҳ китобхона бо 4-  толори хониш  ва 300580 нусха теъдоди китобҳои илмию бадеӣ, китобхонаи электронӣ ва маркази компютерӣ пайваст ба  шабакаи Интернет мавҷуд буда, омӯзгорон ва донишҷӯён аз онҳо истифода мебаранд.

Дар самти таълиму тарбия  ва илм факултаи  Иқтисод ва идора  робитаҳои судманди илмӣ ва робитаро бо дигар донишгоҳу донишкадаҳои  ҷумҳурӣ ва берун аз он  ба роҳ монда,  бо мақсади рушди касбӣ ва донишу  малакаи донишҷӯён  ҳамкориҳои муфидро бо шӯъбаҳои иқтисодии муассисаю корхонаҳо ва ташкилотҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ месозад.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №3
Телефони корӣ: (+992) 918756820
E-mail: