KGU

Филологияи рус

Факултети Филологияи рус

ФИЛОЛОГИЯИ РУС.pngФакултаи филологияи рус.jpg

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Факултети забон ва адабиёти рус ҳанӯз соли 1950 дар давраи вуҷуддории Донишкадаи дусолаи муаллимтайёркунӣ таъсис дода шудааст. Дар аввал дар факултет шуъбаи Забон ва адабиёти рус ташкил дода шуда буд, ки ҳоло ҳам арзи ҳастӣ дорад. Дар солҳои хониши 1950-1951 дар факултет донишҷӯёни зерин таҳсил кардаанд: Волкова, Верешагина, Гольтер, Подколзина, Прокудина, Тамбовцева, Фетисова, Яворская ва дигарон. Дар соли 1953 шӯъбаи забон ва адабиёти русро 12- нафар донишҷӯён хатм карданд.
Ҳало бошад вазифаи декани факултети мазкурро н.и.п. Шарипова Одинамо Пирназаровна ба ӯҳда дорад.  
Айни замон дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассис омода менамоянд:

· Забон ва адабиёти рус,

        Донишҷӯёне, ки бо ихтисоси забон ва адабиёти рус донишгоҳро хатм менамоянд   аз фанни забон ва адабиёти рус дар мактабҳои милли   дарс мегӯянд. Таҳсили ин ихтисос 4 солро дар бар мегирад.

· Забон ва адабиёти рус. Забон ва адабиёти тоҷик

         Соли 2015-2016 дар факултет   ихтисоси   забон ва адабиёти рус. Забон ва адабиёти тоҷик таъсис дода шуд. Дар ҳар курс аз рӯи ин ихтисос як гурӯҳ амал мекунад. Баъди хатми ихтисоси мазкур донишҷӯён дар мактабҳои таҳсилоти миёна ҳуқуқи ҳам аз фанни забони русӣ ва ҳам аз фанни забони тоҷикӣ дарс гуфтанро доранд ва таҳсили ин ихтисос 5 солро дар бар мегирад. Шартномаи таҳсили донишҷӯёни таълими рӯзона 2200 сомониро ташкил медиҳад.   

Инчунин дар факултет донишҷӯёни таълими ғоибона низ таҳсил менамоянд ва дар ҳар курс як гурӯҳ таҳсил менамоянд, ки шартномаи таҳсили онҳо низ 2200 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳоло бошад, дар назди факултет 3 кафедра амал мекунанд:  

1. Кафедраи забони руси умумидонишгоҳӣ

Аввалин маротиба кафедраи забони русӣ соли 1952 кушода шуда буд. Вазифаи мудири кафедраро инҳо ба ӯҳда доштанд: дотсент Тахохов А., муал.кал. Рябова Л.В., н.и.ф. Ковальская Л.Б., муал.кал. Кабина М.Г., муал.кал. Азимов Э., муал.кал. Ниязов А.М., муал.кал.Шарипов С.Р., муал.кал.Гафурова М.Х., муал.кал.Асоева К.А., муал. Камолова М.Р., н.и.п. Шарипова О.П. Ҳоло бошад Файзуллоева Ф.М. ба ӯҳда дорад.

2. Кафедраи забони ҳозираи рус

Мудирии кафедраи мазкурро н.и.ф. Асоева К.А.ба ӯҳда дорад.

Аввалин маротиба кафедраи забони русӣ соли 1952 кушода шуда буд. Вазифаи мудири  кафедраро  инҳо   ба ӯҳда доштанд: дотсент Тахохов Б.А., муал.кал. Рябова Л.В., н.и.ф. Ковальская Л.Б., муал.кал. Кабина М.Г., муал.кал. Азимов Э.А., муал. кал. Ниязов А.М., муал.кал. Шарипов С.Р., муал.кал. Гафурова М.Х., муал.кал. Асоева К.А., муал. Камолова М.Р., н.и.п. Шарипова О.П., айни замон н.и.п., и.в. дотсент  Раҳимова С.Р. вазифаи мудири кафедраро ба уҳда дорад.

Муаллимони аввалини кафедра инҳо буданд: муал. кал. Михайличенко Л.М., муал. кал. Смирнова Л.М., муал. кал. Бондаренко П.А., муал. кал. Молчанов П.С., муал. кал. Резник Д.Г., муал. кал. Пчельников В.Д. муал. кал. Никалайчук В.М., дотсент Тахохов Б.А., муал. кал. Казеева В.Д., муал. калон. Индюков С.И., муал. кал. Файзуллоев Б.Ф., муал. кал. Каверина Е.В., муал.кал. Халяпина Л.И., муал. Собко Н.М., муал. Васильчикова И.М, муал. кал. Кабина М.Г. дертар Гафурова М.Х., Федюнина Н.М., муал. кал. Кадруллоев А.К., н.и.ф. Ниёзов А.М., н.и.с., муал. калон. Каримов М.А., Камолова М.Р. ва  ғайраҳо.

3. Кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус

Кафедраи адабиёти   хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус аз рӯзҳои аввали ташкилёбии факултети забон ва адабиёти рус вуҷуд дорад. Вай ҳамчун кафедраи санҷишӣ ташкил карда шуда буд. Фармон дар бораи ташкил кардани вай  дар  соли 1952 бароварда шуда буд. Ҳангоми ташкил кардани ин кафедра ба сифати мудири кафедра  номзадҳои  илмҳои филологӣ, дотсентон даъват карда шуда буданд. Ба сифати мудири кафедра профессор Лавров С.Г., н.и.ф., дотсент  Звагелский, н.и.ф.  Бжассо, н.и.ф. Комилов Ш.К., Х.Ш. Точиева, Л.В. Попырина,  Сон Л.М., А.А. Нозимов, Н.Н. Салихов, С.Р. Раҳимова, Асоева К. кор ва фаъолият доштанд. Айни замон мудирии кафедраи мазкуро Бобоқулов Ҷумъахон ба уҳда дорад.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №4, ошёнаи 3-юм
Телефони корӣ: (+992 3322) 2-29-83
E-mail: fil.rus@kgu.tj