KGU

Таърих ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ

Факултаи таърих, ҳукук ва муносибатҳои байнамиллалӣ

Асоси.pngТАЪРИХ ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ.jpg








МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

      Факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамсоли донишгоҳ буда, фаъолияти худро аз 1945-1946 дар назди факултаи Забон ва адабиёт оғоз намуда буд. Шуру аз соли 2014 факулта номи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалиро гирифт. Вобаста ба тақозои замон стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ дар факултет такмил дода шуданд ва зина ба зина гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ ва низоми сезинагии таҳсилот (бакалавриатура, магистратура ва докторантура) ҷараён гирифта истодааст. Стандартҳои нави давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба ихтисосҳои марбути факулта соли 2011 ва нақшаҳои нави таълимӣ соли 2014 аз ҷониби Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав карда шуда, тасдиқ гардиданд. Айни замон факулта аз рӯи таълими рӯзона ва ғоибона ихтисосмандҳои зеринро тайёр мекунад: 

1. «Таърих: 1-02 01 01»;
2. «Таърих ва ҳуқуқ: 1-02 01 02»;
3. «Муносибатҳои байналмилалӣ:1-2301 01»;

Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар шуъбаи таълими рӯзона аз рӯи низоми кредитӣ ва дар шуъбаи таълими ғоибона аз рӯи низоми кредитӣ ва анъанавӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар факулта 2 кафедра амал менамояд:  

1. Таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ
Кафедраи таърих,ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ имруз имрӯз вазифаи мудири кафедраро муаллими калон Муродова Гулчеҳра ба душ дорад.

2. Таърихи умуми ва МТТ
Кафедраи таърихи умумӣ ва МТТ имрӯз вазифаи мудири кафедраро муаллими калон Боқиев Рузибек ба душ дорад.


Суроға: ш. Кӯлоб, ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Телефони корӣ: (+992 83322) 2-36-54
E-mail: tarikh.huquq@kgu.tj