KGU

Маркази таҳсилоти фосилавӣ

МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

Маълумоти умумӣ

логотип-22.png   Маркази таҳсилоти фосилавӣ яке аз сохторҳои донишгоҳ ба ҳисоб рафта, раванди низоми фосилавиро, гурӯҳҳои фосилавии донишгоҳро идора мекунад. Маркази таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди ғоибонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст ва фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми муҳими маводҳои таълимӣ, муносибат байни омӯзгор ва донишҷӯён (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, семинарҳо дар режими оnline ва оfline) ба воситаи интернет азхуд мешаванд.

     Раванди таълим тариқи низоми фосилавӣ бо воситаи портали омӯзишӣ fosilavi.kgu.tj ба роҳ монда шудааст. Портали мазкур ба талаботи ягонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад. Портал ҳам тариқи шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ва ҳам тариқи шабакаи дохилии донишгоҳ 24 соат дар 1 шабонарӯз фаъолият мекунад. 

Маркази таҳсилоти фосилавӣ тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофаи дур бе иштироки шахсии омӯзгор ва дони

шҷӯён имконпазир мегардонад. Омӯзгорон  имкон доранд бо донишҷӯ тавассути системаи таҳсилоти фосилавӣ форум (рузҳои қабули оnline ва оfline) ташкил намоянд. Кори система шаффоф буда, тамоми маводҳои таълимиро ба донишҷӯён дастрас мебошанд. Донишҷӯён дар давоми як нимсола ду маротиба имконияти супоридани рейтингро тариқи оnline ва оfline доранд. Дар вақти  ворид шудан ба системаи таҳсилоти фосилавӣ донишҷӯ ба саҳифаи хеш ворид гардида, имкон дорад, ки маводҳои дарсиро аз худ намуда барои ҷавоб гардонидан ба супоришҳо омодагӣ пайдо мекунад.

Маркази таҳсилоти фосилавӣ ба донишҷӯён имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад:

    1. алоқаи доимӣ бо устод, имконияти машварати фаврӣ дар хусуси саволҳои пайдошуда бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ (почтаи электронии дохила, skype ва ғайра)
    2. имконияти ташкили мубоҳиса, форумҳо, корҳои якҷоя бо гурӯҳ дар вакти омӯзиши курс ҳар лаҳза
    3. дастрасии маводҳои назариявӣ ва амалӣ дар шакли электронӣ (слайдҳо, презентатсияҳои овознок, видеофрагментҳои дарс)
    4. Истифода бурдани китобхонаи электронӣ
    5. Шинос шудан бо нақшаи шахсии таҳсил
    6. Муайян намудани бал аз рӯи фанҳо барои семестри ҳозира ва гузашта
    7. Системаи тестии таълимӣ
    8. Иваз намудани профили худ (ба монанди парол, расм ва баъзан маълумотҳои иловагӣ)
    9. Ҷадвали дарсӣ


Ҳайати кормандон

Уроков.pngСардори марказ: Уроқов Мирзомурод Давлатмуродович  

Маълумот: Олӣ 

Тел: (83322) 25974; (+992) 987.90.90.08 

E-mail: umd83@mail.ru



ХАФИЗОВ.png

Мутахассиси марказ: Ҳафизов Алишер Мадазимович   

Маълумот: Олӣ

Тел: (+992) 985-73-74-82

E-mail: alisher.ddk@gmail.com 



Суфиев.png

Мутахассиси марказ: Суфиев Хайриддин Латифович  

Маълумот: Олӣ 

Тел: (+992) 985.45.16.13 

E-mail: khayriddin_sufie@mail.ru



УМЕДАИ-Т.png

Мутахассиси марказ: Умедаи Талаб   

Маълумот: Олӣ 

Тел: (+992) 

E-mail: umeda@kgu.tj


Рӯйхати ихтисосхо

         Дар таҳсилоти ғоибона аз рӯи 18-ихтисос донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки ҳангоми ворид шудан  ба система тавассути интихоби логин ва пароли шахсӣ донишҷӯён ба саҳифаи хеш дохил мегардад ва имкони шиносоиро бо маълумоти зарурӣ пайдо мекунад.

1- 25 01 08 03 - Баҳисобгирии муҳосибӣ,таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷавӣ - илмӣ
1- 25 01 07 - Иқтисодиёт ва идора дар корхона
1- 26020206 - Менеҷменти иҷтимоӣ
1-02 05 01 - Математика
1-02 05 05 - Информатика
1 - 03 02 02 00 -Тарбияи ҷисмонӣ бо ихтисоси иловагии омодагии дифои ҳарбӣ
1-030201 –Тарбияи ҷисмонӣ
1-01 02 02 00- Таҳсилоти ибтидоӣ. Забон ва адабиёти рус
1-01 02 01 – Таҳсилоти  ибтидоӣ
1-01 01 02 – Таҳсилоти томактабӣ
1-23 01 11 -03 – Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ
1-02 01 02 – Таърих. Ҳуқуқ
1-02 01 01 –Таърих
1-020406-01 – Химия - биология
1-02 04 06 -Химия - экология
1-31 02 01 02 03 - Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат
1 – 02 03 02-Забон ва адабиёти рус
1-02 03 01 -Забон ва адабиёти тоҷик


 

Бо қарори Шӯрои олимони 
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи 
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 28 ноябри соли 2017 
таҳти №4/4-5, тасдиқ шудааст.
Раиси Шӯро:                Абдулло Ҳабибулло

НИЗОМНОМАИ
МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи мазкур мақсад, тарзи корбарӣ, вазифа ва тартиби низоми таҳсилоти фосилавиро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ муайян мекунад.

2. Амалӣ гардонидани низоми таҳсилоти фосилавӣ қонеъ намудани талабот ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсилот мебошад. Аз ҳисоби ташкили васоити зудамали таълимӣ ва имконияти новобаста аз макони воқеъ будани донишҷӯ ва омӯзгор, тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ташкил намудани раванди омӯзиш, бо нигоҳдории сифати он, сатҳи нави дастрас будани таълимро таъмин менамояд.

3. Низоми таҳсилоти фосилавӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.          Муфассалтар:

    

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №1, ошёнаи 1-юм
Телефони корӣ: (+992) 987909008 
E-mail: fosilavi@kgu.tj