KGU

Хобгоҳ

ХОБГОҲ

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дорои як хобгоҳи донишҷӯён буда аз 67 ҳуҷраи истиқоматӣ ва 360 ҷойи хоб иборат мебошад.
Донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд аз 9 факултет:

  1. Филологияи тоҷик ва журналистика;
  2. Филологияи рус;
  3. Филологияи хориҷӣ;
  4. Омӯзгори ва фарҳанг;
  5. Физика ва математика;
  6. Химия ва биология;
  7. Таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалли;
  8. Молиявию иқтисодӣ иборат мебошанд;
  9. Иқтисод ва идора.

Бо мақсади ба танзим даровардани тартибу интизом, пешгирӣ намудани ҳаргуна амалҳои номатлуб ва ношоиста дар бинои хобгоҳи донишҷӯён аз ҳисоби Раёсати тарбия як намоянда, муррабии хобгоҳ кору фаъолият менамояд, ки мунтазам аз ҳолу аҳволи донишҷӯён бохабар мебошанд.

Аз рӯи Нақшаи шуъба вобаста ба фаъолияти хобгоҳ дар давоми соли таҳсили 2022-2023 дар байни истиқоматкунандагон озмунҳои гуногун, ба монанди: «Ошёнаи беҳтарин», «Хонаи беҳтарин» ташкил ва гузаронида мешавад.

Мувофиқи нақшаи кории тасдиқгардида аз ҷониби Созмони ҷавонони донишгоҳ дар хобгоҳ Шурои донишҷӯён таъсис дода шудааст. Дар хобгоҳ моҳе як маротиба маҳфилҳои илмӣ – назариявӣ гузаронида мешаванд.Инчунин мизи мудаввар дар мавзуъҳои “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат”, “Зан ва мавқеи он дар ҷомеа”, “Телефони мобилӣ ва таъсири он ба ҷавонон”, инчунини шоми саволу ҷавоб зери унвони “Маҳфили Ҳамадон” гузаронида мешавад, ки иштирокчиёни фаъоли  маҳфилҳо ва ғолибони озмунҳо аз тарафи Иттифоқи касабаи донишҷӯён қадрдони карда мешаванд.

Бо назардошти муфид гузаронидани лаҳзаҳои фароғатӣ ва донишандозӣ, инчунин ташкили тарзи ҳаёти солими донишҷӯёни хобгоҳ дар ошёнаи якуми хобгоҳ китобхонае бо 12-адад компютер гузошта шудааст, ки донишҷӯён аз соати 1800 то соати 2100 дарсҳояшонро омода менамоянд.

Хобгоҳ бо шабакаи интернети пайваст мебошад, ки донишҷӯён сари вақт маводҳои илмию-таълимӣ худро дастрас менамоянд. Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ ва ба танзим даровардани тартибу интизом ва пешгири намудани ҳаргуна зуҳуротҳои номатлуб дар хобгоҳ аз оғози соли таҳсил аз тарафи кормандони Раёсати тарбия ва намояндагони садорати факултетҳо мунтазам санҷишҳо гузаронида мешавад.

Дар ҳар як ошёнаи хобгоҳ аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол сардорони ошёна интихоб гардидааст, ки ҳар шабона пеш аз соати оромӣ донишҷӯёнро ҳозирғоиб менамоянд, тозагӣ ва оромиро дар ошёнаҳо таҳти назорат мегиранд.